Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, масъулини Донишкадаи ҳарбӣ, устодон, афсарону кормандон ва сарбозону курсантони донишкада иштирок намуданд.

Нахуст, зимни суханронии масъулини донишкада зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди устувори кишварро муайян намуда, дар он ба масъалаи ҷавонон, таълиму тарбия, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар баромади худ ба нуктаҳои муҳими Паём вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва тарбияи насли солим, ватандӯст ва худогоҳ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ҳифзи амнияти миллӣ саҳми арзанда гузоранд.

Зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ҳамчун роҳнамо хизмат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илм, касбомӯзӣ, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва фаъолона иштирок намудан, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ҳидоят мекунад.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён бо сипосномаи роҳбарияти Донишкадаи ҳарбӣ сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон як қатор афсарону курсантон барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо туҳфаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанб ҳавасманд гардиданд. Чорабинӣ дар фазои озоду созанда баргузор гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии ҷавонон мусоидат намуд.

Шоҳин ШАРИФЗОДА,
лейтенанти хурд





