Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.10.2026
in Хабар
0
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
0
SHARES
21
VIEWS
Share on Facebook
Бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи табиати кишвар ва боло бурдани фарҳанги экологии мардум гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун рамзи маънавии тоҷикон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гулҳои миллӣ эълон карда шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сиёсати ҳувиятсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои милливу фарҳангии миллати тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар ҳаёти маънавии ҷомеаи мо умри дубора пайдо намуданд, балки ба сатҳи байналмилалӣ баромада, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд.
Дар ин радиф эълони гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш чун гулҳои миллӣ, ки дар адабиёту фарҳанги гузаштаву имрӯзаи мо ҷойгоҳи хосса дошта, ифодагари завқи зебоишиносии миллати сарбаланди тоҷик мебошанд, иқдоми дигари Пешвои миллат дар самти густариши суннатҳои волои куҳан дар замони муосир ба шумор меравад.
Ин гулҳо ба ҷузъи ҷудонопазири тамаддуни тоҷикон табдил ёфта, махсусан бо ҷашни ориёии Наврӯз ва фасли зебоманзари баҳор пайванди ногусастанӣ доранд. Агар гули Сиёҳгӯш нахустин муждарасони баҳори нав, рамзи ҳофизаи таърихиву асотирӣ ва пирӯзии покиву адолат бошад, пас гули Лола рамзи рӯйсурхии мардуми сарбаланди мо, таҷассуми ҳусну латофат ва шукуфоии табиати кишвар аст.
Бо гули Сиёҳгӯш чун аввалин пайки баҳорӣ, мардуми мо омад-омади фасли хуррами баҳору соли нави аҷдодиро бо рӯҳбаландӣ истиқбол менамуданд ва дар рӯзҳои минбаъдаи наврӯзӣ бо суруру шодмонӣ ба сайри гули Лола мебаромаданд, ки онро сайри гули сурх низ мегуфтанд.
Анъанаи сайри гули Лола дар замони муосир бо ҳамин унвони таърихӣ, вале мазмунҳои наву тоза ҳамасола моҳи апрел дар саросари кишвар бо шодию сурур таҷлил гардида, шаҳру деҳоти кишварро ба гулистон мубаддал месозад.
Ин анъанаҳои бостонӣ иртиботи ногустастании мардуми ориётаборро бо табиати дилрабову нотакрори хеш, махсусан бо гулҳо баръало нишон медиҳад. Аз ин рӯ, даҳҳо номҳои духтаронаи тоҷикӣ дар таркиби худ вожаи гул доранд – ба монанди гуландом, гулбону, тоҷигул, гулпайкар, гулчеҳра, гулноз ва амсоли ин, ки аз давраи куҳан то кунун падару модарон бо меҳру муҳаббати беандоза духтарони худро номгузорӣ мекунанд.
Бамаврид аст иртиботи гули Сиёҳгӯшро бо ривояти ориёии марбут ба Сиёвуш ёдоварӣ намуд, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст. Пайванди мустақими он бо номи Сиёвуш — яке аз чеҳраҳои барҷастаи ин ҳамосаи миллӣ – аҳаммияти таърихию устуравӣ доштани гули Сиёҳгӯшро бори дигар таъкид менамояд. Дар ин замина дирӯзу имрӯзи мо ба ҳам пайванд гардида, рамзи хотираи таърихӣ ва меросдории тамаддунӣ ифода меёбад ва худшиносиву ифтихори миллиямон боз ҳам таҳкиму тақвият хоҳад ёфт.
Табиати биҳиштосои диёри маҳбубамон бо гулҳои рангоранги худ зебову хуррам аст, ки ба сифати намуди биологӣ дар меҳвари он гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш қарор дошта, навъҳои гуногуни он дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мерӯянд. Фармони мазкур ҷиҳати омӯзиши илмии тамоми навъҳои гулҳо, инчунин пешгирӣ аз нобудшавии набототи нодири диёрамон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо дарназардошти ин, расман эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ба сифати гулҳои миллӣ, ба раванди ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар замони ҷаҳонишавӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар маҷмуъ, ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, тақвияти завқи зебоишиносӣ, боло рафтани масъулияти аҳли ҷомеа дар самти ҳифзи табиати биҳиштосои кишвар ва такмил ёфтани фарҳанги экологии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон, ба таври муассир мусоидат намуда, дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мегузорад.
Previous Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

16.11.2026

16.11.2026

16.11.2026

16.11.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook