Ба муносибати 29-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақша-чорабиниҳои пешбинишудаи ҷашнӣ ба дар қаламрави кишвар, чорабиниҳои зиёди сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ, ташкилу ба роҳ монда шуданд.
Қобили зикр аст, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми кишвари худро дида, баҳри поси хотираи афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан, ки бо фидокориву ҷоннисорӣ, барои таҳкими Истиқлоли миллӣ ва сулҳу суботи устувору сарсарӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд, эҳтиром мегузоранд ва хизматҳои шоёни таҳсини онҳоро ҳамеша қадр менамоянд.
Ба муносибати таҷлил аз 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ғалабаи пойтахт бо мақсади гиромидошти хотираи неки афсарону сарбозон ва шаҳрвандоне, ки барои таъмини амният, сулҳу суботи ин марзу бум ва баҳри ҳаёти осоиштаи мардуми он ҷоннисорӣ кардаанд, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди лавҳа ва гулхани абадии хотиравӣ гулчамбарҳо гузошта шуданд. Дар чорабинии мазкур вазири мудофиаи кишвар, муовинони ӯ, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказиву Ситоди генералии ин ниҳоди қудратӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намудаанд.
Баъди анҷоми маросими гулгузорӣ, аз ҷониби ҳайати шахсии ротаи қоравули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, гузашти низомӣ доир гардид.
Худи ҳамон рӯз, инчунин ба муносибати таҷлил аз ҷашни муҳофизони Ватан, аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиа дар назди лавҳаи ёдгории 28 нафар сарбозони номаълум низ гулчамбар гузошта шуд.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
Ҷамъомади бошукуҳи ҷашнӣ, ба муносибати таҷлил аз 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат, чун ойини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ оғоз карда шуд, ки дар он ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, собиқадорони Артиши миллӣ ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур, вазири мудофиаи мамлакат генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо маърӯзаи табрикотӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат рушду нумуъ ёфтааст.
Дар ҷамъомад, инчунин вобаста ба марҳилаҳои тайнамудаи артиш қайд карда шуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои Истиқлоли миллӣ, озмоишҳои сахту сангинро пушти сар карда, рисолати касбии худро иҷро карда тавонистанд ва таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ба як нерӯйи пурзӯру тавоно табдил ёфта, ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Бо итминони комил иброз гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо омодабошии доимии ҷангӣ, қодир аст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи хешро вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон адо намояд ва дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар қадамҳои устувор гузорад.
Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ, чанд тан аз хизматчиёни ҳарбии сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ низ суханронӣ карда, оид ба дастоварду комёбиҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, бурду бохти низомиёни мамлакат ва рушду камоли Артиши миллӣ дар тӯлии ин солҳо ёдовар шуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони ин марзу буми аҷдодиро табрику таҳният намуданд.
Дар охири ҷамъомад, як қатор хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ, барои хизматҳои шоёни таҳсинашон дар назди халқу Ватан ва дар самти ба даст овардани муваффақиятҳои соҳавӣ, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа, бо раҳматнома, медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ
ДАР ЗЕРСОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА
Қобили зикр аст, ки аз аввали моҳи январи соли равон ба муносибати таҷлил аз солгарди навбатии Артиши миллӣ ва тибқи нақшаҳои пешбинигардида, як қатор чорабиниҳои сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкилу ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, дар Донишкадаи ҳарбӣ, баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори Артиши миллӣ, дар доираи барпо намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва баҳри пайдо намудани истеъдодҳои нав аз миёни хизматчиёни ҳарбӣ, ташкилу ба роҳ мондани фестивал-озмуни “Суруди сарбоз”, ба намоиш гузоштани беҳтарин сурат- газетаҳо рӯзномаҳои деворӣ, дар Литсейи ҳарбӣ байни афсарони Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузории мусобиқаҳои тирпарронӣ ва дар гарнизонҳои Душанбе, Хоруғ, Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт низ бо ҷалби афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, низомиёни артиши Федератсияи Русия ва Ҳиндустон, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мустақаранд, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва дигар чорабиниҳои бошукӯҳи ҷашнӣ, бо шукӯҳи хосса ва хеле хотирмон ташкилу ба роҳ монда шуданд.
Боиси хушнудист, ки солгарди навбатии Артиши миллиро, натанҳо низомиён кишвар ҷашн мегиранд, балки сокинони мамлакат низ дар фазои суруру шодмонӣ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи саросарӣ, ҷашни муҳофизони Ватанро хеле хотирмону фарҳбахш таҷлил менамоянд. Дар ин замина, дар арафаи таҷлил аз 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар тамоми ҷузъу томҳои навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои низомии алоҳида дарҳои кушод эълон карда шуд, ки зимни баргузории он намояндагони вазорату кумитаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, шоирону адибони маъруфи ҷумҳурӣ, ҷавонону наврасони то синни даъватӣ, волидони сарбозон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа имкон пайдо намуданд, ки аз шароитҳои муҳаёгаштаи муҳофизони Ватан аз наздик шинос шаванд ва дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзиширо доир намоянд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот,
полковник