Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.09.2021
in Хабар
0
ТОҶИКИСТОН ВА ИСТИҚЛОЛИ СИЁСИИ ОН
0
SHARES
210
VIEWS
Share on Facebook

Соли 2021 барои мардуми Тоҷикистон ва муҳофизони он вобаста ба таҷлил аз ҷашни миллӣ-30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, соли бисёр хотирмон, таърихӣ ва пур аз навгониҳо арзёбӣ мешавад.

Дар ин радиф, низомиёни кишвар дар баробари иҷрои рисолати касбиву соҳавӣ, иштироки фаъолона намудан дар парадҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аллакай 2 сол қабл нақшаҳои азиму созандаро ба муносибати ин ҷашни миллӣ таҳия, тарҳрезӣ ва тасдиқ намуда, онро марҳила ба марҳила амалан татбиқ намуда истодаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша таъкид ва хотирнишон месозанд, ки ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва обу хоки аҷдодӣ қадру манзалат дорад,  пеш аз ҳама, бояд ҳама дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободову пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд.

Дар ин замина, ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ дар баробари тақвият бахшидани тамоми самтҳои фаъолияти соҳавӣ, инчунин дар давоми солҳои 2018-2021 Нақша-чорабиниҳои азиму созандаро оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба тасвиб расонида, як қатор конфронсҳои илмию амалӣ, Парадҳои ҳарбӣ ва дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинову иншооти аҳамияти ҳарбидоштаро бо ташкили дигар чорабиниҳои сиёсиву низомӣ ва фарҳангиву варишӣ дар амал татбиқ намуданд.

Яъне, шуруъ аз соли 2018 ин ҷониб, танҳо дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ ва бунёду азнавсозӣ, аз маҷмўи умумии 400 биною иншоот ва дигар корҳои банақшагирифташуда, 80 фоизи он комилан ба итмом расонида шуд ва корҳои боқимода бошад, дар ин самт бо маром идома доранд.

Хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ имрўз бо дарки масъулияти фарзандӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва бо иродаи қавӣ ба Савганди ёдкардаи хеш, дар баробари ҳимояи ҳама дастоварҳои беназири Истиқлоли давлатӣ, таъмини амният ва ҳаёти осоиштаи халқи азизамон, ҳамзамон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар қатори мардуми шарифи Тоҷикистон бо хизмати содиқона ва меҳнати бунёдкорона, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоранд. Ва бо азму иродаи қавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ нақша доранд, ки то охири соли равон боз як қатор биною иншооти дигарро низ, ҷавобгў ба меъёру талаботи муосири ҳарбӣ, сатҳу сифати баланди сохтмонӣ ва бо тарзу услуби меъмории миллӣ мавриди истифода қарор диҳад.

 

ГУЗАШТИ НИЗОМӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ

Дар радифи силсила чорабиниҳои ҷашнӣ, рўзи 7-уми сентябр дар майдони марказии пойтахт ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 30 ҳазор нафар ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ Паради ҳарбӣ ва гузашти низомӣ баргузор гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории Паради ҳарбӣ дар маркази пойтахти кимшвар-шаҳри Душанбе ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз дигар Парадҳои ҳарбии замони соҳибистиқлолии кишвар ҳам аз ҷиҳати шукуҳу шаҳомат ва ҳам вобаста ба теъдоди ҳайати шахсии иштирокчиёни он ба кулли фарқ менамуд.

Дар гузашта, зимни баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи иштирокчиёни парадҳои ҳарбӣ дар майдони марказии пойтахт асосан аз 5 то 15 ҳазор нафарро ташкил медоданд, ки дар муқоиса ба Паради ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ теъдоди онҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ба 30 ҳазор нафар баробар аст. Илова бар ин, худи ҳамон рўз, дар марказҳои маъмурии тамоми вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бо ҷалби қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ Парадҳои ҳарбӣ доир шуданд, ки маҷмўан шумораи онҳоро зиёда аз 162 ҳазор нафар ташкил медод.

Дар баробари ширкати фаъолонаи низомиёни кишвар ва ҳайати заҳираҳои сафарбарӣ, инчунин техникаҳои гуногуни вазнини зиреҳпўши ҷангӣ, автомашинаҳои махсуси ҳарбӣ ва дигар намуди нақлёти автомобилӣ, ки марбут ба қисмҳои низомӣ, захираҳои эҳтиётӣ ва воситаҳои моддӣ-техникии минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ маҳсуб меёбанд, дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳияҳо дар як вақт бо иштиркчиёни гузашти ҳарбӣ, ҳаракати намоишӣ доир намуданд.

 

ТАНТАНАИ ҶАШНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Низомиёни мамлакат, дар баробари саҳмгузорӣ дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати мудофиаи мамлакат низ чорабинии бошукуҳи ҷашниро баргузор намуданд, ки сароғози он тибқи қавоиди доимии низомиён бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ ҷараён гирифт.                    

Дар чорабинии ҷашнӣ, нахуст Котиби Шўрои амнияти ҷумҳурӣ ва муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар назди ҳайати роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун баромад карда, аз дастоварду комёбиҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва оид ба таваҷҷўҳи пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду нумўи Артиши миллӣ, ки дар даврони Истиқлоли давлатии кишвар низомиён ба он мувафақ гаштаанд, изҳори андеша намуда, ҳайати ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони Ватанро бо ин ҷашни бошукуҳи таърихӣ табрику таҳният намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиа низ ба сухан баромада, саҳми Пешвои миллатро дар бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон баланд арзёби намуд. Ва  бо ёдоварӣ аз вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсии солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, таъсисёбии Артиши миллӣ, ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар роҳи барқарор намудани сохти каниститутсионӣ, таҳкиму пойдории сулҳу амонӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеаи навин ва боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиа бо кишварҳои ба мо ҳампаймон ибрози назар карда, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро зодаи Истиқлоли Тоҷикистони маҳбуб арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, чанд нафар аз хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди ҳозирин баромад карда, сулҳу суботи сар то сарӣ, ҳаёти осоиштаи мардум ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ ва фарҳангии кишварро арзиши олии даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни баргузории чорабинии ҷашнӣ ва дар доираи ҳавасмангардонии низомиён аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нафар аз хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа мукофоти давлатӣ тақдим карда шуд.

Дар идомаи ҷамъомад, ҳамзамон бо фармоиши Вазири мудофиаи кишвар чанд нафар аз низомиёни ин мақомоти баландпояи қудратӣ, бо медалу ифтихорномаҳо, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва бо дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамин гуна чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва дар маҷмўъ, дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар фазои тантанавӣ доир гардиданд.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот,

 полковник

Previous Post

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Next Post

Иттилоот ва таъсиррасонии он ба мафкураи ҷомеа

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Иттилоот ва таъсиррасонии он ба мафкураи  ҷомеа

Иттилоот ва таъсиррасонии он ба мафкураи ҷомеа

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook