Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.02.2025
in Хабар
0
ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
211
VIEWS
Share on Facebook

Ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақша-чорабиниҳои пешбинишудаи ҷашнӣ дар Вазорати мудофиа, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, қисму воҳидҳои навъи қӯшунҳо ва умуман дар қаламрави ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Аз ҷумла, дар доираи таҷлил аз солгарди навбатии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар майдони марказии пойтахт чун рамзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги давлатдориву сипаҳдорӣ ва бо мақсади гиромидошти хотираи неки афсарону сарбозон ва онҳое, ки барои суботу оромӣ ва амнияту таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони он ҷоннисорӣ кардаанд, аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта шуд.

Худи ҳамон рӯз, инчунин ба муносибати таҷлил аз ҷашни муҳофизони Ватан, аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиа дар назди лавҳаи ёдгории сарбозони номаълум низ гулчамбар гузошта шуд.

Ҷамъомади бошукӯҳи ҷашнӣ ба муносибати таҷлил аз 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат, чун оини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид, ки дар он ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, собиқадорони Артиши миллӣ ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.

Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур вазири мудофиаи мамлакат бо маърӯзаи табрикотӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат рушду камол ёфтааст.

Дар чорабинии мазкур бо итминони комил иброз гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи давлатамон бо омодабошии доимии ҷангӣ қодир аст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи хешро вобаста ба ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон адо намояд ва дар роҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар қадамҳои устувор гузорад.

Дар охири ҷамъомад як қатор хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ, барои хизматҳои шоёни таҳсинашон дар назди халқу Ватан ва дар самти ба даст овардани муваффақиятҳои соҳавӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа бо медалу Ифтихорнома ва бо дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни муҳофизони Ватан дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиа ва муассисаҳои таълимии ҳарбии тобеи ин ниҳоди қудратӣ низ бо ҷалби низомиёни сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, намояндагони сохторҳои гуногуни кишвар ва бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни низомӣ, конфронсҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо нақши барҷастаи Пешвои миллат, Сарфарондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ инъикос ёфта, вобаста ба марҳилаҳои рушду камоли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон ва дар даврони Истиқлоли миллӣ аз ҳар лиҳоз таҳкиму тақвият ёфтани он, ибрози назар карда шуд.                                       

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 32 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар баробари ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ, инчунин дар остонаи ҷашни муҳофизони Ватан, бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойгоҳи бисёре аз қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, ки дар ҳудуди гарнизонҳои Душанбе, Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷойгир мебошанд, 46 иншооти таъйиноташон гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар доираи созандагиву бунёдкориҳо ва баҳри ободу зебо гардонидани ҳудуди қисмҳои низомӣ, мавзеъҳои фароғатӣ, лавҳаҳои деворӣ, мавзеҳои махсуси баёнгари дастовардҳои Итиқлоли давлатӣ, муқаддасоти милливу Қаҳрамонони Тоҷикистон, деворовезаҳои фахрӣ, нишонҳои рамзӣ, анвои гуногуни ороишиву зиннатдиҳанда, минбару майдончаҳои сафороӣ, Ситоди қисми низомӣ, айвону дарвоза барои нигоҳдории техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва нақлиёти автомобилӣ, мавзеи таъмиру тармим ва ташкили дигар хизматрасонии воситаҳои техникӣ, нуқтаи назорати гузаргоҳӣ, анборҳои нигоҳдории силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, меҳмонхона ва хонаи дидорбинии волидайн, деворҳои баланду мустаҳкам ва монеадор дар атрофи қисмҳои низомӣ, анбори либоса, ошпазхонаи тобистона, ҷойҳои махсуси пӯшида барои ҷомашӯйӣ ва хушк кардани либосу пояфзол, шустани дасту рӯй, ташнобхонаву ҳаммомхонаи сарбозӣ ва дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷузъу том бошад, бино барои нигоҳубини чорво, мавзеъҳои махсуси парандапарварӣ, сардхонаҳои замонавӣ, анбор барои захираи ангишту ҳезум ва дигар иншооти муҳим сохта ба истифода дода шуданд.

Дар доираи барпо намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва баҳри пайдо намудани истеъдодҳои нав аз миёни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ низ фестивал-озмуни “Суруди сарбоз” доир карда шуд, ки аз ҷониби сарбозон ороишу ба намоиш гузоштани беҳтарин сурат-газетаҳо, пешниҳоди рӯзномаҳои деворӣ ва ҳунарнамоии дастаҳои ҳаваскори ҷузъу том ба ҷашни касбии афсарону аскарони Ватан шукӯҳи тоза зам намуд.

Албатта, ҷашни Артиши миллиро бе баргузории мусобиқаҳои тирпарронӣ ва дигар рақобатҳои варзишӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки барои рангину хотирмон баргузор намудани 32 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, дар доираи нақшаи пешбинишуда масъулини Раёсати тайёрии ҷангии Вазорати мудофиа, байни сохторҳои низомӣ мусобиқаҳои тирпарронӣ сурат гирифта, инчунин бахшида ба ин ҷашн, аз ҷониби Клуби марказии варзиши артиш барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа миёни хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат силсилачорабиниҳои варзишӣ низ ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Умуман, ба муносибати таҷлил аз 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва қаламрави мамлакат чорабиниҳои гуногуни сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ, барномаҳои рангини консертӣ, вохӯриҳои судманд, дарҳои кушод ва мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардиданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

полковник

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Previous Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook