Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
05.03.2022
in Хабар
0
ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”
0
SHARES
89
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар таҳкиму тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, саҳми занону модарон бағоят бузург аст. Ин аст, ки бо мақсади арҷгузорӣ нисбат ба хизматҳои софдилонаю содиқонаи занону бонувони Артиши миллӣ дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар қисму воҳидҳои низомии навъҳои қӯшуни тобеи ин ниҳоди қудратӣ, ба муносибати Рӯзи модар ҷамъомаду чорабиниҳои тантанавӣ  баргузор гардиданд.

Тантанаи ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи модар дар Кохи афсарон бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва занону бонувони Дастгоҳи марказии ин ниҳоди қудратӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷумҳурӣ бо шукуҳи хосса багузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад, роҳбарияти Вазорати мудофиа доир ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба низомиён, саҳми модарон ва занону бонувони низомӣ дар самту соҳаҳои гуногуни Артиши миллӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти занону бонувон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯйи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Ва мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи  онҳоро дар татбиқи  сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Дар ҷамъомад инчунин, қайд карда шуд, ки модар барои ҳар як инсон азизтарин кас буда, албатта бесабаб нест, ки муқаддастарин маҳфум, яъне Ватанро бо маҳфуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду маҳфум барои ҳар як инсони соҳибқалбу соҳибватан арзишу манзалати як хела доранд. Тамоми бузургону донишмандон, ки бани инсоният бо он ифтихор дорад, зодаву парвардаи модарон мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи таҷлил аз Рӯзи модар, байни занон-хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томҳо, аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқа баргузор гардида буд, ки дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ он натиҷагӣрӣ ва  ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир, ҳунармандони ансамбли «Шараф»-и Вазорати мудофиаи  мамлакат бо барномаи рангини консертӣ баромад намуда, ба чорабинии мазкур шукуҳи хосса зам намуданд.

ЗАНОН-МОДАРОН-ИНЪИКОСГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Дар арафаи таҷлил аз Рӯзи модарон ва дар асоси таҳияи нақша-чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашн, дар Вазорати мудофиа, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷамъомаду маҳфилҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар чорабиниҳои фараҳбахшу хотирмон баргузор карда шуданд.

Аз ҷумла, дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа  бахшида ба Рӯзи модар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, таҳти унвони “Зан-инъикоси симои миллат ва давлат” баргузор карда шуд, ки иштирокчиёни он ҳар яке зимни баромади худ дар назди ҳозирин доир ба “Нерӯйи занон аз Паёми Пешвои миллат”, “Саҳми занон дар Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва рушди илм” ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои марбут ба “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа” маърӯза намуданд.

Дар ҷараёни конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ва зимни маърӯзаи иштирокчиён дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувонро хеле баланд арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки:“Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст”. Робита ба ин тазаккур дода шуд, ки :“Воқеан, саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бағоят бузург мебошад”.

ГУРДОФАРИДОНИ ЗАМОН

Омӯзиши ҳарбу зарб, тирпаррониву нишонгирӣ ва машқу варзиши ҷисмонӣ барои занон-хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа низ қадамҳои устувор дар роҳи омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои ҷангӣ маҳсуб ёфта, онҳо баҳри сайқал додани маҳорати касбии хеш иштирокчии фаъоли чорабиниҳои ҳарбӣ ва мусобиқаву спартакиадаҳои варзишӣ мебошанд.

Занону бонувони Артиши миллӣ, имрӯз чун Гурдофаридони замон дар баробари мардон  иштирокчиёни фаъолу доимии парадҳои ҳарбианд. Илова бар ин, саҳми назарраси занону бонувони Артиши миллиро ҳангоми баргузории машқҳои васеи низомӣ, машғулиятҳои мухталифи ҳарбии саҳроӣ, чорабиниҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявӣ ва ҳатто зимни доир кардани амалиётҳои махсуси ҷангӣ, метавон баланд арзёбӣ кард.

ЗАНОНУ МОДАРОН-

ИШТИРОКЧИЁНИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Агар ба фаъолияти занону бонувони низомӣ дар ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва қисму воҳидҳои ҳарбӣ назар афканем, ҳатман бояд ёдовар шуд, ки онҳо дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ комёб буда, баҳри якпорчагии давлату миллат ва мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа гомҳои устувор мегузоранд.

Ин аст, ки ҳамасола дар арафаи таҷлил аз Рӯзи модарон, бо ибтикори Клуби марказии варзи артиш байни занон-хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии  Қувваҳои Мусаллаҳ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, навъи қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томҳои тобеи ин ниҳоди қудратӣ, мусобиқа баргузор мегардад, ки дар он занону бонувони Артиши миллӣ аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш ширкати фаъолона карда, маҳорату малакаи хешро дар ин самт боз ҳам сайқал медиҳанд.

ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ

НИСБАТ БА ЗОНОН-ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Қобили зикр аст, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ новобаста аз рӯзу лаҳзаҳои бисёр ҳассос барои Тоҷикистони азиз модарони тоҷик ба хусус, занон-хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари мардон, барои таҳкиму пойдории сулҳу субот ва дар таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми он хизматҳои арзандаву бесобиқа намудаанд.  Маҳз даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон имконият фароҳам овард, ки нақш ва мақому манзалати модарон ва занону бонувон боз ҳам афзун гардида, аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад. Ин аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҳамзамон “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2021- 2025  қабул гардида, ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳими марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳарчӣ бештар фаро гирифтани шумораи занону духтарон ба шуғлу касбомӯзӣ соли 2018-умро “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021-умро бошад,  “Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Мавриди зикр аст, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва Артиши миллӣ аз соли 1996 инҷониб дар тобеияти Вазорати мудофиа ва сардорони гарнизонҳои ҳарбӣ Шӯрои занон ва иттифоқи касаба амал мекунад, ки ин ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон-хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатии маъмурӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занон дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, тарбияи занон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат мекунад.

Айни ҳол дар Вазорати мудофиа, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, навъи қӯшунҳо ва тамоми сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ беш аз ҳазор нафар занону бонувон ба ҳайси афсару прапоршик, сержант ва хизматчиёни ғайринизомӣ дар самту соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ фаъолияти назаррас менамоянд,  ки онҳо пайваста аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо мавриди таваҷҷуҳу ғамхорӣ қарор мегиранд.

Умуман, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз генерал то сарбози қаторӣ дар симои зан-модар олиҳаи ҳусн, пешбарандаи ҳаёти ҷомеа, тавлидкунандаи родмардони Ватан, офарандаи насли солим, тарбиятгари фарзанд, як шахси мушфиқу меҳрубон ва ҳимоятгари ин марзу бумро дида, бо онҳо дар як саф хизмати Модар-Ватанро адо менамоянд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот,

 полковник

Previous Post

ПАЙВАСТАН БА ГУРӮҲИ ИФРОТӢ Ӯ ВА ВОЛИДАЙНАШРО НОБУД СОХТ…

Next Post

ҶАЛАСА ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

ҶАЛАСА ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj