Дар асоси супориши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиа бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва таълимгирандагони литсейи техникӣ – технологии назди муассиса ҳамоиши ҳарбӣ-ватандӯстиро бо максади таблиғи афкори ватандӯстӣ ва ба хизмати Модар – Ватан ташвиқ намудани ҷавонон баргузор намуд. 
Сараввал дар толори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиа қисмати тарғиботии чорабинӣ доир гардида, зимни он сардори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдулмумин Давлатзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Бобохонзода, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ Ҳайдар Худойқулов ва Бозоралӣ Азизов, инчунин сарбози яке аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди пойтахт Иброҳим Давлатзода роҷеъ ба муқаддас будани ҷодаи пуршарафи хизмати ҳарбӣ ва садоқат ба арзишҳои ватандорӣ, омодагӣ баҳри дифои меҳан суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии љавонон ва омода намудани онњо ба хизмати ҳарбӣ як љузъи муњими сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки дар аксари барномаҳои давлатии вобаста ба тарбияи маънавии љавонон, ташаккули мавқеи онҳо дар ҷомеа ва ҳаёти сиёсии кишвар мавзўи тарбияи ҳарбӣ — ватанпарастӣ мавқеияти хос дорад.

Зимни чорабинӣ чанд тан аз шахсиятҳои ҳиссагузор дар самти тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ бо нишони сарисинагии “Барои саҳмгузорӣ дар ҷодаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ”, ки ба тозагӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиа таъсис дода шудааст, қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин барномаи рангини саршори сурудҳои ватандӯстӣ аз ҷониби аҳли ҳунар пешниҳоди иштирокчиёини ҳамоиш гардонида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ ҷавонони синни тодаъватӣ аз техникаву лавозимот ва воситањои варзишӣ, техникаву таҷҳизоти варзишии авиатсионӣ, тирандозӣ, дастгоҳҳои хурди бесарнишин дидан карда, ҳамчунин аз гӯшаву нигораҳои таърихии осорхонаи Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Аз рӯи барномаи чорабинӣ ҷавонони синни тодаъватӣ дар Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ – тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ маҳорати худро оиди ба ҳадаф гирифтани нишон мавриди санҷиш қарор доданд.

Чунин тадбирҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ минбаъд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби сохторҳои таркибии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти маҷмӯи тадбирҳои омодагии тодаъватӣ ва тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гузаронида мешавад.

МД «Мададгори мудофиа»





