Дар Баталиони таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ ҳозирин аз таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, нақши он дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, инчунин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик заминаи асосии эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори кишвар мебошад.

Зикр шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва баланд бардоштани омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои пайвастаро амалӣ намуда, имрӯз хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба мактаби муҳими садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ ва матонату ҷасорат табдил ёфтааст.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, муовини раиси шаҳр низ дар суханронии худ Истиқлолро ҳамчун неъмати бебаҳо ва дастоварди арзишманди миллати тоҷик арзёбӣ намуда, саҳми хизматчиёни ҳарбиро дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таъмини амнияту осоиштагӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ бо истифода аз фурсат тамоми хизматчиёни ҳарбиро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, ба онҳо дар роҳи иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиву муваффақиятҳо орзу намуд..

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор афсарону сарбозон барои фаъолияти пурсамар, хизмати содиқона ва иҷрои намунавии вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ медал, сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Чорабинии тантанавӣ бо гузашти низомии афсарону сарбозони Баталиони таъйиноти махсус ҷамъбаст гардид.






