Дар толори асосии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишкада, афсарону омӯзгорон, курсантон ва сарбозон иштирок намуданд.
Зимни баромад масъулин аҳли Донишкада, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кулли сокинони шарафманди кишварро ба муносибати ин ҷашни фархунда самимона табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.Донишкадаи ҳарбӣ ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими таълимии низомии кишвар дар тарбияи афсарони ҷавон, омодасозии мутахассисони соҳибкасб ва баланд бардоштани сатҳи касбиву маънавии хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим дорад.

Дар ин муассисаи таълимӣ барои омода намудани кадрҳои ҳарбӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, риояи интизоми ҳарбӣ ва масъулияти баланди хизматӣ корҳои назаррас ба роҳ монда шудаанд. Афсарону омӯзгорони Донишкада дар баробари таълими донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбӣ, ба тарбияи маънавию ахлоқии курсантон ва омодагии онҳо ба иҷрои содиқонаи вазифаҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ ба як қатор афсарону омӯзгорон, курсантон ва сарбозон барои хизматҳои содиқонаву софдилона, саҳми арзанда дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо нишону ифтихорномаҳо ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли санъат барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳайати шахсӣ намуданд, ки ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшида, табъи иштирокчиёнро боз ҳам болидатар гардонид.





