24-уми майи соли ҷорӣ ба муносибати таҷлили сазовор аз «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар варзишгоҳи Клуби марказии варзиши Артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, варзишгарони Клуби марказии варзиши артиш ва дигар меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 9-уми феврали соли 2024 аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳодот доир ба пазируфта шудани нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд. Дар асоси пешниҳоди мазкур ва тибқи қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид санаи 25-уми май дар сартосари ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон гардид. Таҷлили ин рӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад.