Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЧОРАБИНИИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.09.2023
in Хабар
0
ЧОРАБИНИИ  ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
275
VIEWS
Share on Facebook

Аз аввали моҳи октябри соли равон дар мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандони ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Дар робита ба ин, ҳафтаи равон бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратии кишвар, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, як қатор ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни пешаздаъватӣ баргузор гардиданд.

Масоили вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба сатҳу сифати чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буд, ки он бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир карда шуд.

Дар робита ба ин, нахуст доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат ва тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиа баромад карда, иштирокчиёни ҷаласаро вобаста омўзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Артиши миллӣ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват ва баҳри сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани ин чорабинии муҳими сиёсӣ вазифагузорӣ намуд. Илова бар ин, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ ва бо ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузор намудани ҷамъомаду машғулиятҳои нақшавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷаласа ба шумор мерафт.

Бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир таъкид карда шуд, ки ба масоили таҳким бахшидани тамоми самту соҳаҳои Артиши миллӣ, бо масъулияти баланд муносибат намудан дар самти иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ташкили ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули вобастаи давлатии даъват, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ва ҷавонони синни даъватӣ  ва баҳри роҳандозӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд бо аҳли ҷомеа, диққати аввалиндараҷа равона карда шавад.

Дар охири ҷаласа оид ба рафъи монеаву мушкилоти даъвати баҳории соли равон, саривақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баҳри дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ масъулини дахлдори Вазорати мудофиа бо дастуру супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 полковник

Previous Post

МУЛОҚОТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД АНТОНИО ГУТЕРРИШ

Next Post

Иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook