Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЧОРАБИНИИ НАВРӮЗӢ ДАР ГОСПИТАЛИ МАРКАЗИИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.03.2025
in Хабар
0
ЧОРАБИНИИ НАВРӮЗӢ ДАР ГОСПИТАЛИ МАРКАЗИИ ҲАРБӢ
0
SHARES
61
VIEWS
Share on Facebook

Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон аз он истиқбол менамоянду бо ифтихор аз гузаштагони хеш онро гиромӣ медоранд, имрӯзҳо ҳамчун муждаи сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу якмаромӣ дар сатҳи ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Ҷашни Наврӯзи аҷамро ҳайати шахсии Госпитали марказии ҳарбии Вазорати мудофиа ва дар маҷмуъ табибону табобатгирандагони он бо ташкил ва риояи суннату анъанаҳои Наврӯзи хуҷастапай пешвоз гирифтанд. Ҳайати меҳмонон нахуст аз хони идонаи низомиён дидан намуданд, ки он бо ҳафтсину ҳафтшин, суманак ва дигар таомҳои хос ба наврӯзу баҳор оро ёфта буд. Сипас, масъулини доир ба фазилату рамзҳои инсондӯстонаи Наврӯзи аҷам суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун ҷашни оғози фасли баҳор, ҷашни зебоӣ, суруру нишот, умеду орзу ва оғози кишти марди деҳқон буда, дар ин рӯз мардум кинаву ғаразҳоро аз дил берун намуда, ба ҳам оғӯши дустиву рафоқат боз мекунанд.

Ҳамин тавр, баромадкунандагон аз ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз, ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги ҷаҳон ворид намудани он ва аз ҷойгоҳу мақоми ин ҷашни таърихӣ дар байни халқҳо изҳори назар намуда, Наврӯзро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози кори деҳқон ва ибтидои амалигардии ҳадафу ниятҳои пок дар ибтидои сол номиданд.

Дар охир, базми васеи фарҳангиро аҳли ҳунар бо суруду оҳангҳои идонаву ватандӯстонаи хеш боз ҳам ҷолибу хотирмон гардониданд.

Бояд гуфт, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи Наврӯзи аҷам ва мақоми байналмилалӣ касб кардани он ҳамасола ин оини ниёгонро дар фазои нишоту хуррамӣ ва ҳамбастагӣ таҷлил менамоянд.

Дар воқеъ, Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми орёинажот аст, ки бо оину сунатҳои неки худ аз омадани баҳори хуҷаста, эхёи табиат,  ғалабаи некӣ бар бадӣ, гармӣ бар сардӣ дарак медиҳад, ки тӯли таърихи мавҷудият доираи фарогирияш боз ҳам васеъ гашта, имрӯз бо эҳёи  расму оинҳои он Тоҷикистони азиз ҳамчун ватани наврӯз шинохта мешавад. Наврӯз ҷашни шодиву сурур, бахту саодат, ваҳдату ҳамдилӣ ва муҳаббату самимияти поку беолоиш байни инсонҳо мебошад, ки бо таҳаввулоти табии хеш ва воқеияти раднашвандаи таърихияш дар дили хурду бузург ва ҳар яки фарди ҷомеа маъво гирифта, ҳамасола бо интизориҳои зиёд ва бо шукӯҳу шаҳомати ягона ҷашн гирифта мешавад.

Боқӣ ШАРИФӢ

 

Previous Post

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

14.11.2025
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

14.11.2025
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

13.11.2025
НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook