Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
04.10.2026
in Хабар
0
ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
0
SHARES
33
VIEWS
Share on Facebook

Дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошими шаҳри Душанбе, ба муносибати “Рӯзи даъватшаванда”, чорабинии бошукӯҳу тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан доир карда шуд.
Маросими тантанавӣ бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ оғоз гардид.
Дар чорабинӣ масъулини Вазорати мудофиаи кишвар, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, даъватшавандагон ва волидайни онҳо, инчунин дигар меҳмонону шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Зимни чорабинӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон ва дигар меҳмонони расмӣ суханронӣ намуда, даъватшавандагонро ба хизмати содиқона, иҷрои софдилонаи вазифаи шаҳрвандӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намуданд.
Дар ҷараёни суханрониҳо таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ танҳо иҷрои  вазифаи шаҳрвандӣ набуда, балки мактаби бузурги мардонагӣ, масъулиятшиносӣ, садоқат, ҷасорат ва ватандӯстӣ мебошад. Ҷавоне, ки бо эҳсоси баланди масъулият ва ифтихор аз Ватан ба хизмати ҳарбӣ меравад, дар баробари иҷрои вазифаи шаҳрвандии худ, барои обутоби ирода, таҳкими рӯҳияи қавӣ ва ташаккули хислатҳои неки инсонӣ низ қадам мегузорад.
Ватан аз ҳар як фарзанди худ садоқат, масъулият ва ҳисси баланди худшиносиро талаб мекунад. Ҷавони ватандӯст бояд на танҳо қувваи бозу, балки иродаи қавӣ, рӯҳи устувор, ҷаҳонбинии солим ва муҳаббати беандоза ба Ватан дошта бошад. Маҳз чунин ҷавонон метавонанд дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
  Яке аз лаҳзаҳои таъсирбахши чорабинӣ баромади модар ва даъватшаванда буд. Дар суханони модар меҳри беандоза ба фарзанд, муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда ва дуои нек барои саломативу сарбаландии фарзанд таҷассум ёфт.
Дар навбати худ, даъватшаванда омодагии худро барои иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва хизмати содиқона ба Ватан баён намуда, таъкид кард, ки бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор аз давлату миллат ба хизмати ҳарбӣ қадам мегузорад.
  “Рӯзи даъватшаванда” пеш аз ҳама рӯзи масъулият, ифтихор ва оғози марҳилаи нави зиндагии ҷавонон мебошад. Барои ҳар як даъватшаванда ин рӯз оғози роҳи нав, роҳи обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ, такмили дониш ва малакаҳои ҳарбӣ, таҳкими ирода ва омӯхтани сабақҳои муҳими зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷавонони имрӯза бояд бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, бо эҳсоси ифтихор аз давлату миллат ва бо рӯҳияи устувори ватандӯстӣ ба хизмати Ватан равона шаванд. Зеро ояндаи ҳар як давлат ба неруи созанда, маърифати баланд ва мавқеи фаъоли ҷавонони он вобаста мебошад.
Ватанро дӯст доштан танҳо бо сухан ифода намешавад. Муҳаббат ба Ватан пеш аз ҳама дар амал, масъулият, садоқат ва омодагӣ барои ҳифзи он таҷассум меёбад. Хизмат ба Ватан бошад, яке аз волотарин ифодаҳои садоқат ба миллат, давлат ва мардуми кишвар ба шумор меравад.
Сипас, барои иштирокчиёни чорабинӣ намоиши дефиле,  ҳаракатҳои мавзун ва намунавии низомӣ баргузор гардид. Ҳаракатҳои дақиқ, ҳамоҳанг ва муназзами иштирокчиёни намоиш аз сатҳи баланди интизом, омодагии ҷисмонӣ ва рӯҳияи устувори хизматчиёни ҳарбӣ дарак медоданд.
Намоиши низомӣ ба чорабинӣ ҳусни хос бахшида, барои ҷавонони даъватшаванда намунаи равшани интизом, ҳамбастагӣ, масъулият ва омодагии ҳарбӣ гардид. Ҳар як ҳаракати ҳамоҳанг дар ин намоиш ифодагари иродаи қавӣ ва омодагӣ ба иҷрои вазифаи муқаддаси ҳифзи Ватан буд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои меҳмонон, даъватшавандагон ва волидайни онҳо барномаи рангини фарҳангиву консертӣ бо иштироки аҳли ҳунар пешкаш гардид. Сурудҳои ватандӯстона, барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарнамоии аҳли санъат ба чорабинӣ рӯҳияи идона бахшида, фазои тантанавиро боз ҳам гармтару хотирмонтар намуд.
  Маврид ба зикри хос таст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон, аҳамияти муҳим дорад. Зеро насли ҷавон неруи созанда ва ояндаи давлат буда, маҳз онҳо бояд арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳамчун неъмати муқаддас ҳифз намоянд. 

Previous Post

паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

Next Post

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

Рӯзи сеюми тамринҳои ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт

14.10.2026
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

14.10.2026
Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар

14.10.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook