Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ УСТУВОРӢ ВА РУШДИ ИДЕЯИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.12.2025
in Мақола
0
ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ УСТУВОРӢ ВА РУШДИ ИДЕЯИ МИЛЛӢ
0
SHARES
43
VIEWS
Share on Facebook

Масъалаи худшиносӣ ба масоили ахлоқи инсонӣ алоқаи бевосита дорад. Дар назари аввал ба хонандагон шояд аҷиб намояд: худшиносӣ чӣ маънӣ дорад, одам худашро бояд чӣ хел шиносад, он ки вай ному насабашро медонад, оиладорӣ ва тарбияи фарзандонашро медонад, оё худи ҳамин худшиносии одам нест? Аз ҷиҳати ҷисмонӣ одам медонад, ки аъзои бадани вай аз чӣ тартиб ёфтааст ва аъзои баданро чӣ хел ҳифз кардан ва тоза нигоҳ доштан лозим аст. Ин як ҷанбаи худшиносии инсон аст. Ба ҷуз ин худшиносии дигар ҳам оё вуҷуд дорад ва, агар мавҷуд аст, он худшиносӣ чист?

Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мисли ҷомеашиносӣ, табиатшиносӣ як илме набуд, ки аз он дар мактабҳо дарс гӯянд. Аммо худшиносӣ як ҷанбаи ахлоқи инсонӣ буд, ки онро ба ҳар тарзу восита ба одамон талқин мекарданд. Худшиносӣ ҳидоят, роҳнамои зиндагӣ мебошад. Аз ин сабаб набояд гумон кард, ки худшиносиро фақат аз китобҳо хонда, омӯхтан мумкин бошад. Худшиносӣ аз зиндагӣ таҷриба омӯхтан, аз устодон сабақ гирифтан ва ниҳоят ба кирдору рафтори худ назорат кардан аст. Чунончи, мегӯянд, ки аввал сӯзанро ба худ халон, агар дард накунад, баъд ба дигарон. Ба одамон бадӣ накун, бубин, ки агар ба ту бадӣ намоянд, ба ту чӣ қадар сахт мерасад, бадӣ кардани ту ба дигарон низ ба ҳамин андоза сахт ва пурозор аст. Чунин мисолу таҷрибаҳоро аз зиндагӣ бисёр овардан мумкин аст.

Бале, дар зиндагӣ бисёр мардони кордида ва аз таҷрибаи рӯзгор сабақ гирифта ҳастанд, ки онҳо ба мо дарси худшиносӣ медиҳанд. Бинобар ин, чунон ки дар Юнон худшиносӣ як мавзуи баҳси олимону файласуфон гардид, дар таърихи маънавиёти мо ҳам дар ин мавзуъ бисёр мунозираву мубоҳисаҳо сурат гирифта ва китобу рисолаҳо таълиф шудаанд.

Маорифпарварони ҷаҳон, аз ҷумла маорифпарварони мо, махсусан Аҳмади Дониш дар бораи худшиносии инсон бисёр фикрҳои ҷонсӯзона ва пурфоида гуфтаанд. Аҳмади Дониш ба муқобили уламои фиқҳу калом, ки инсонро танҳо як фарде мешуморанд, ки дар дунё барои иҷрои тоати Ҳақ омадаасту вазифаи ӯ барои дунёи охират андӯхтани савобу амали солеҳот аст, рад карда мегуфт, ки барои инсон тоати Ҳақ воҷиб аст. Аммо Офаридгор инсонро танҳо барои тоату ибодат наофаридааст, балки барои иҷрои вазифаҳое, ки воҷиботи инсон аст, халқ намудааст. Инсон бояд донад, ки ӯ барои обод доштани дунё омадаст, обод доштани дунё ба илму дониш ва касбу ҳунар, фарҳанг муяссар мешавад. Аз ин сабаб инсон бояд донишҳои гуногунро фаро гирад. Бигзор он илму дониш аз мамлакатҳои Аврупо бошад, ё аз Осиё ё пешаи ғайри мусулмонон бошад ё аз назди мусулмонон. Ва илмро неку бидон ва он чӣ бидонистӣ ба накутарин иборате ба кор бар, то хиҷил набошӣ аз даъвӣ кардани бемаънӣ. Ва дар сухан гуфтану маъвиза додан ҳар чӣ бо хавфу риҷо гӯй, якбора халқро аз раҳмати Худои таоло навмед макун ва низ якбора бетоат ҳеҷ касро ба биҳишт мафирист. Бештар он гӯй, ки барои он моҳир бошӣ ва нек маълуми ту гашта бошад, то дар сухан даъвии беҳуҷҷат накарда бошӣ, ки оқибати даъвии беҳуҷҷат шармсорӣ бошад.

Инсон бо доштани илм ба авҷи хушбахтӣ мерасад ва ба мақоми шоиста ҳамдами салотини ҷаҳон шуда ва ба камоли саодат дар охират ноил мегардад.

Он чи ки дар боло гуфтем, ба он ният буд, ки истилоҳи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ чист? Ватан ҳувияти муштақоти бедорӣ ва огоҳии комили фардияти инсон аст. Ҳувият ва худшиносӣ пораҳои гуногуни як истилоҳанд, ки баҳри ифшои як ҳадафи умдаи бақои миллат мавриди истифода қарор мегиранд. Он ҳадаф кадом аст? Ҳадаф, қабл аз ҳама, аз аҷдодон сунатҳои фарҳангу адаб, расму русум ва эътиқод бо дину ойин ва мазҳабҳову матлабҳои он манфиатҳои дарунмоягиро дар танӯри синаи орифонаи хеш ваҳдат бахшидан, ҳар чӣ поктару тобноктар сайқал дода ба пасовандони хеш бериё ба нияти мададгорӣ эҳдо бахшидан амри муқаддасест. Аз нигоҳи луғавӣ вожаи худшиносӣ, чунон ки дидем, агар аз як ҷониб тарафи муштараки ҳувият бошад, аз ҷониби дигар ба маънии фарохтаре доман мезанад. Он мисли дарахти солхӯрда самарбори ҷовидонаест, ки дар заминаи андешаи миллӣ сабзишу нумӯ дорад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки барои мутахассиси хуб шудан бояд шахс аввал ба рафтору гуфтори худ дуруст баҳо дода тавонад, худро шинохта тавонад. Агар инсон худашро шинохта тавонист, худшинос бошад, ӯ худашро дӯст медорад, касби интихобкардаашро эҳтиром менамояд. Агар шахс худшинос бошад, ӯ худоро мешиносад, падару модар, калонсолонро мешиносад, ба қонуну қоидаҳои ҷамъият, шариат бечуну чаро итоат мекунад.
Мафҳуми ҳувияти миллӣ бевосита ба ҳастии шахс марбут буда, на танҳо фарогири мансубият ва фазои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, балки ба забон, марз ва дар маҷмуъ ба тамоми арзишҳои миллӣ, давлату миллат мутааллиқ аст. Вобаста ба методҳои илм ҳувият хусусияту нишонаҳои психикии шахсро дар бар гирифта, тасаввуроту ҷаҳонбинии онро нисбат ба гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ муайян намуда, дар радифи тамоми умумиятҳо — аз лиҳози забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ, инчунин, ташаккули умумияти этникиро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва маънавие, ки некӯаҳволии мардуми кишварро ба танзим медароранд, зоҳир месозад. Ҳангоми дар амал татбиқ шудани назарияи иттиҳоди ҷомеа зарурати роҳандозии тафаккури дуруст, ки асоси онро методҳои устувори мантиқ ташкил медиҳад, ба миён меояд ва он бевосита бавуҷудоварандаи ҷаҳонбинии алтернативӣ дониста мешавад. Дар ин сурат, саволе пайдо мешавад, ки фоида ва арзиши амалии донишҳои мантиқӣ дар рушди ҳувияти миллӣ дар чист? Албатта, ҳамчун воситаи интеллектуалӣ истифода кардан онҳо дар фаъолияти фикрӣ муфид аст.

Инчунин, онҳоро ҳамчун натиҷаи ниҳоии таҳқиқи шаклҳои фикр низ баррасӣ кардан мумкин аст. Бо вуҷуди он, тафаккури тадриҷие, ки барои рушди ҳувияти миллӣ корбаст мегардад на восита ва на натиҷа дониста мешавад. Он аз восита ва натиҷа мазмунан ғанитар буда, тақозо менамояд, ки пурра аз худ карда шавад ва танҳо дар ҳамин сурат амалан фоиданок гардида, арзиши фикрронии шахсро бо инъикоси густурдагиҳо нишон медиҳад.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки бархурди тамаддунҳоро ба вуҷуд овардааст, таҳкиму рушди давлати миллӣ ва тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, танҳо тавассути омилҳои зеҳнӣ ба танзим дароварда мешавад.

Дар ин росто, нодуруст истифода бурдани тафаккури дуруст ва ҳувияти миллӣ дар вазъи номутаносиби ҷаҳони муосир ва фишорҳои пардапӯшонаи шаклию идеологии давлатҳои абарқудрат тасаввур кардани давлати миллӣ ва эҳсоси ҳастӣ намудани шахси комил, имконнопазир аст.

Аз ин рӯ, барои рушду тақвияти ҳувияти миллӣ метавон омилҳоеро ҳамчун асос истифода намуд, ки ҷомеаро аз хатарҳои дарунмарзию бурунмарзӣ, аз қабили хурофотпарастӣ, ситезаю низоъҳои оилавӣ, каҷрафторӣ, моҷароҳои қавмиву мазҳабӣ, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои харобиовари замони муосир наҷот бахшида, дар ин замина, барои беҳбуд бахшидани ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон мусоидат намояд.

Хулоса, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва идеяи миллиро метавон ҳамчун воситаи таъмини амнияти устувор ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати давлат дар роҳи ҳифзу нигоҳдории мувозинати ҷамъиятӣ ва таъмини ягонагӣ дар замони пур аз идеологияҳои номутаносиб донист. Зеро ягона воситаи суботу амнияти иҷтимоӣ ва рушди тафаккури миллӣ танҳо бо эътирофу таҳким бахшидани ҳамин маслак, ҳамчун амри муҳиму зарурӣ, натиҷаҳои мусбат ба даст оварда метавонад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди диёри азизамон ӯҳдадор аст, ки ваҳдати миллие, ки бар ивази ҷоннисориҳо ба даст омадааст, дар навбати худ аз пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир ҳифз намояд.

Гулчеҳра АШРАФЗОДА,

омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Previous Post

МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ТАРТИБОТ

Next Post

МУЛОҚОТ БО РАИСИ МАҶЛИСИ БУЗУРГИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ НУМАН КУРТУЛМУШ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО РАИСИ МАҶЛИСИ БУЗУРГИ МИЛЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ НУМАН КУРТУЛМУШ

МУЛОҚОТ БО РАИСИ МАҶЛИСИ БУЗУРГИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ НУМАН КУРТУЛМУШ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

05.12.2025
ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook