Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ–МОЯИ ИФТИХОРУ ВАЗИФАИ ҶАВОНМАРДӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.02.2026
in Мақола
0
СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
42
VIEWS
Share on Facebook

Хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавони бонангу номус на танҳо мояи ифтихор, шараф ва ҷавонмардист, балки нишонаи масъулият ва сатҳи баланди тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Артиш мактаби матонат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан аст. Ҳар ҷавоне, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ меравад, дар асл ба роҳи камолоти шахсӣ ва маънавӣ қадам мегузорад. Зеро маҳз дар муҳити артиш инсон дарк мекунад, ки озодӣ ва истиқлолият неъмати оддӣ набуда, арзише аст, ки бо садоқат, иродаи қавӣ ва ҷоннисорӣ ҳифз мегардад.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу суботи пойдор ба комёбиву дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ин оромиву осоиштагӣ натиҷаи сиёсати хирадмандона ва заҳмати содиқонаи фарзандони фарзонаи миллат аст. Сарбозу афсаре, ки шабонарӯз дар марзу буми кишвар посбонӣ мекунад, дар асл амнияти ҳар як хонадон, ҳар як кӯдак ва ҳар як модари тоҷикро ҳифз менамояд. Агар имрӯз дар шаҳрҳову деҳоти кишвар фазои оромӣ ҳукмфармост, агар мардум бо хотири ҷамъ ба кору таҳсил машғуланд, ин пеш аз ҳама самари хизмати софдилонаи хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Хизмат дар артиш ҷавонро аз лиҳози ҷисмонӣ обутоб медиҳад, иродаашро қавӣ месозад ва ӯро ба зиндагии мустақилона омода менамояд. Ин мактабест, ки дар он эҳтиром ба тартибу интизом, риояи қонун, иҷрои дақиқи супориш ва масъулиятшиносӣ дар зеҳни ҷавон нақш мебандад. Дар сафи артиш дӯстӣ ва бародарӣ ба маънои том дар ҳар кору рафтори сарбозон ифода мегардад. Ҷавонон новобаста аз минтақа, забон ё вазъи иҷтимоӣ дар як саф истода, бо як ҳадаф — ҳифзи Ватан муттаҳид мегарданд. Ин иттиҳоду ҳамбастагӣ рамзи ягонагии миллӣ ва пояи устувори давлатдорӣ мебошад.

Артиши миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳи пуршараф ва ҳамзамон пурмасъулиятро тай намудааст. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат махсусан Сарфармондеҳти Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддиву техникии Артиши миллӣ сол ба сол тақвият ёфта, шароити хизмат беҳтар гардидааст. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ бисёр назаррас аст. Бо ташаббусҳои созандаи эшон Артиши миллӣ ба як неруи муназзам, муҷаҳҳаз ва қобили дифоъ табдил ёфта, имрӯз чун сипари боэътимоди давлату миллат хизмат мекунад.

Ҷавонон бояд амиқан дарк намоянд, ки хизмати ҳарбӣ танҳо пӯшидани либоси низомӣ нест. Дар ин ҷо ҷавон мефаҳмад, ки манфиати Ватан аз манфиати шахсӣ боло бояд бошад, дар лаҳзаҳои душвор устуворӣ ва бо масъулияти баланд ба ҳар супориш муносибат намуданро дарк мекунад. Чунин тарбия дар оянда низ ба ӯ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ хоҳ дар хизмати давлатӣ, хоҳ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва хоҳ дар зиндагии оилавӣ кумак хоҳад кард.

Тинҷию оромӣ неъмати бебаҳоест, ки қадри онро бояд миллати тоҷик хуб донад. Мардуми Тоҷикистон таърихи душворро паси сар намуда, имрӯз ба шарофати сулҳу ваҳдат ва фаъолияти назарраси  Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои  қудратии кишвар дар фазои суботу осоиштагии  устувор зиндагӣ доранд. Аз ин рӯ, ҳар ҷавон бояд бо ҳисси масъулият дарк намояд, ки ҳифзи ин неъмат вазифаи муқаддаси ӯст.

Ватандӯстӣ танҳо шиор нест, он эҳсоси муҳаббати самимӣ ба ин сарзамин, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ баҳри мудофиаи давлат аст. Ҷавоне, ки бо ифтихор ба хизмати ҳарбӣ меравад, намунаи олии ибрат баҳри дигар ҳамсафонаш аст. Чунки ӯ омода аст, барои амнияти миллат саҳмгузор бошад. Ин гуна ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлат ва мояи умеди фардои дурахшони Тоҷикистонанд.

Имрӯз Ватан ба онҳое, ки нангу номуси миллӣ доранд, ба арзишҳои давлатдорӣ арҷ мегузоранд ва дар роҳи ҳифзи сулҳу субот омодаи хизматанд, арҷу эҳтиром ва эътимоди бузург дорад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ — мояи ифтихор, шараф ва вазифаи ҷавонмардист. Ҳар касе, ки ин вазифаро бо садоқат адо мекунад, дар асл саҳми худро дар таҳкими пояҳои истиқлолият ва пойдории давлат мегузорад. Чунин хизмат на танҳо вазифа, балки шарафи бузург ва сабақи зиндагист, ки номи инсонро бо ифтихор ба ёдгор мегузорад ва ӯро ҳамчун фарзанди содиқи Ватан муаррифӣ менамояд.

Маснавӣ ДАВЛАТЗОДА,

Комиссари ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур,

полковник

Previous Post

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ИНФРАСОХТОРӢ ТСЗОУ ҶИАЙИ

Next Post

23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook