Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҒУРУРИ ҶАВОНМАРДӢ ВА ИФТИХОРМАНДИСТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.06.2024
in Мақола
0
ХИЗМАТ БА ВАТАН ҒУРУРИ ҶАВОНМАРДӢ ВА ИФТИХОРМАНДИСТ
0
SHARES
339
VIEWS
Share on Facebook

Бояд ёдовар шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии таъсиси Артиши миллӣ аз Иҷлосияи тақдирсози миллат яъне Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буданд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро мудофиа ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кӯтоҳ бо Қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18-уми декабри соли 1992 таҳти рақами №3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврал Рӯзи Артиши миллӣ дар мамлакат эълон карда шуд.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани сохти давлат ва давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, макони тарбияи ҳарбӣ-ватандорӣ, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишвар саҳми беандоза мегузорад.

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.”

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати ҷавонон тамоми шароитҳоро дар сатҳи зарурӣ қарор додаанд. Хизмат ба Ватан мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ барои ҳар шаҳрванд буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо мегирад. Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як кафи хоки диёр мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд. Ватанро азиз дониста, ҳимоят кардан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як инсон мебошад.

Вазифаи ҳар яки мо-ҳимояи Ватан тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар руҳияи баланди ватанпарастӣ ба воя расонида, барои ҳифзи марзу буми кишвар содиқона хизмат намоянд. Дар моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст, ки: “Падару модар уҳдадор аст, фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои  миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ ва шахсӣ тарбия намоянд”.

Мо бояд таърихи аҷдодони худро фаромӯш накунем ва таҷрибаи андӯхтаи онҳоро аз ҷумла, ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, дар кору пайкори худ истифода барем.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба таҷрибаи гузаштаи худ арҷгузорӣ кунем ва фарзандонро дар руҳияи меҳнатдӯстию ватандӯстӣ тарбия намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад дар Паёми навбатии худ аз 28-уми декабри соли 2023 дар барои самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Аз ин рӯ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ба инобат гирифта, мо бояд ҳама Ватани худро дӯст дорем, обод кунем ва дар ҳимояи марзу буми Ватани азиз талош варзем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати Ватан-модар, ба мактаби мардонагиву шуҷоат сафарбар намоем.

Ҳ. ШОКИРОВ

 

Previous Post

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

Next Post

МАФКУРАИ МИЛЛӢ-ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАФКУРАИ МИЛЛӢ-ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

МАФКУРАИ МИЛЛӢ-ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook