Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ХИЗМАТ БА ВАТАН–МОДАР САРЧАШМАИ ИФТИХОРУ МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
18.02.2026
in Мақола
0
ХИЗМАТ БА ВАТАН–МОДАР САРЧАШМАИ ИФТИХОРУ МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНМАРДИСТ!
0
SHARES
26
VIEWS
Share on Facebook

Ватан барои ҳар фарди соҳибвиҷдон арзиши муқаддас ва мояи ифтихор аст. Он на танҳо макони зист, балки сарчашмаи ҳуввияту худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандист. Дӯст доштани Ватан маънои эҳтиром ба таърих, пос доштани арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободиву пешрафти кишварро дорад. Вақте инсон бо ҳисси баланди худогоҳӣ ба давлат хизмат мекунад, ӯ рисолати ҷавонмардиро ба ҷо меорад ва номи худро дар саҳифаи таърихии шарафи миллат сабт месозад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ва рамзи эътимоди мардуми шарафманди кишвар ба давлат ба шумор мераванд. Хизмати афсарону сарбозон дар ин ниҳод пеш аз ҳама намунаи олии масъулиятшиносӣ, интизоми баланд ва садоқат ба арзишҳои милливу давлатӣ мебошад. Онҳо бо рафтори намунавӣ ва фаъолияти софдилона дар таҳкими суботу оромӣ саҳм мегузоранд ва барои ҷомеа намунаи ибрат ҳастанд.

Дар суханрониву баромадҳои худ Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки «Хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавон қарзи муқаддас ва мояи ифтихор аст». Ин суханон на танҳо шиор, балки роҳнамои зиндагӣ барои ҳар фарди худогоҳ маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат пайваста қайд менамоянд, ки ҷавонон бояд бо эҳсоси баланди худшиносӣ, садоқат ба давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд, зеро маҳз чунин насл метавонад пояҳои истиқлолият ва давлатдории миллиро устувор нигоҳ дорад. Ин ҳидоятҳои ангезабахш имрӯз барои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун роҳнамои кору фаъолият хизмат мекунанд.

Қадрдонии хизматҳои афсарону сарбозон аз ҷониби ҷомеа омили муҳими таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо вақте мардум заҳматҳои онҳоро бо эҳтиром ва сипосгузорӣ истиқбол мегиранд, дар қалби онҳо эҳсоси ифтихор ва масъулияти бештар падид меояд. Сухани нек, таваҷҷуҳи самимӣ ва эътирофи хизматҳои шоиста неруи эшонро тақвият мебахшад ва онҳоро ба фаъолияти боз ҳам пурсамар раҳнамун месозад. Арҷгузорӣ ба чунин хизмат рамзи фарҳанги баланди шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоту аркони давлатдории миллӣ  аст.

Дар замони муосир, ки ҷаҳон пур аз тағйироту таҳаввулот аст, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳуввияти милливу худшиносӣ дар ҷомеа, махсусан, дар ҷавонон аҳамияти бештар пайдо кардааст. Афсарону сарбозон бо фаъолияти намунавии худ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна метавон бо иродаи қавӣ ва виҷдони пок ба Ватан хизмат намуд. Онҳо бо ахлоқи ҳамида ва муносибати боинтизом дар таҳкими ваҳдату субот саҳм мегузоранд. Ин раванд на танҳо устувории ҷомеаро таъмин мекунад, балки барои насли ҷавон роҳнамои равшани зиндагӣ мегардад.

Хизмат ба Ватан шараф ва ифтихори бузург аст. Он масъулиятест, ки инсонро ба худшиносӣ, устуворӣ ва садоқат раҳнамун месозад. Ҳар нафаре, ки бо нияти нек ва дилу виҷдони соф ба давлат хизмат мекунад, дар ободию пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузорад. Агар чунин рӯҳия дар қалби ҳар шаҳрванди кишвар ҷой гирад, ҷомеа боз ҳам  пешрафтатар хоҳад шуд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи барҷастаи садоқат ва ватандӯстӣ мебошанд. Фаъолияти онҳо барои насли ҷавон дарси ибрат ва барои ҷомеа мояи эътимоду ифтихор аст.

Танҳо бо арҷгузорӣ ба чунин хизматҳо, бо тарбияи дурусти ҷавонон ва бо эҳсоси баланди масъулият метавонем Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта ва орому осуда нигоҳ дорем.

Ба Ватан содиқона хизмат намудан рисолати ҳар яки мост. Ин рисолат моро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ, ба эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ба меҳнати ҳалолу шарафмандона баҳри ҳифзу ободии Ватан раҳнамун месозад. Бо чунин рӯҳия метавонем ояндаи дурахшони кишвари маҳбубамонро таъмин намуда, номи неки фарзандони содиқи миллатро пос дорем.

 

Искандар ҚАЛАНДАРЗОДА,

муовини фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 33–СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ВА ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР РАЁСАТИ ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ВА ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР РАЁСАТИ ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ВА ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР РАЁСАТИ ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook