Ҳамасола санаи 1 – уми апрел дар кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор мешавад.
Ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи он ҷавононписарони аз 18 то 27 солаи солим ва қобили хизмат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мегарданд.
Имсол низ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Рӯзи даъватшаванда дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор шуд.
Чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинигардида гузориш дод.
Вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буда, нишондиҳандаҳои назаррас дорад. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмиати ҳарбӣ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд.
Ҳамзамон бархе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.
Масъулини дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар самти мазкур фаъолият намуда, кушиш менамоянд нақшаро дар муҳлати муайян иҷро намоянд.
Ҳамин тавр шақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ 54,3 фоизро ташкил менамояд.
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,





