Тарбияи инсони комил аз рӯзу соат ва лаҳзаҳои ҳассосе, ки одам аз батни модар ба дунё меояд, ибтидо мегирад. Ба ҳамагон мусаллам аст, ки аҳли илму адаб тарбияро волотар аз таълим медонанд. Зеро дар байни ҷомеа аз ҳама бештару пештар маҳз шахсони тарбиятдида соҳибэҳтиром буда, дар ин росто бо нақш ва мавқеашон на танҳо сарзамини тоҷиконро макони хирадмандон сохтаанд, балки донишро ҷавҳари хеш намуда, башариятро ба дунболи илму маърифат кашидаанд.
Ҳаёти давраи ҷавонӣ ниҳоят давраи ҳассос, ширин ва ҳалкунандаи давоми зиндагист. Маҳз дар синни ҷавонӣ инсон ояндаи дуру наздики худро муайян месозад. Ҳар амале, ки имрӯз дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, натиҷа ва самараи худро дар оянда ба бор хоҳад овард. Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати малакат-ин тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин менигоранд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯйи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Яке аз чунин ҷавононе, ки ҳам хизмати ҳарбиро ба ҷо меовараду ҳам дар баланд бардоштани савияи дониши худ кӯшиши ҳаматарафа дорад, ҳунарманду эҷодкор аст, овози хуш, маҳорати баланди ровигӣ ва нависандагиву рӯзноманигориро дорост, бар замми ин донанадаи хуби кор бо воситаҳои техникии ҳозиразамон, аз ҷумла компютер аст,-сарбози қисми ҳарбии 01123-и Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Салимов буда, давоми 8 моҳ аст, ки омода будани худро барои хизмат ба Ватан тавассути хулқи накӯ, одоби шоиста, рафтори намунавӣ, дониши хуб нишон медиҳад.
Ин ҷавони ватандӯсту қавиирода бори дигар собит намуд, ки маҳз иродаи устувораш тавонистааст, ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвандад.
Парвиз Салимов худ донишҷӯйи фаъоли факултаи “Математика ва Информатика”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Дар як вақт узви фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» буда, зери шиори «Тоҷикистон ба пеш» дар тамоми чорабиниҳо ва аксияҳо таҳти унвонҳои «Дунёи бе терроризм», «Замин хонаи мо», «Роғун-Кохи нур», «Созандагони Ватан», «Ободкорӣ мароми мост» ва дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, варзишӣ ва илмию эҷодӣ, ки аз татбиқҳои босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад, иштирок мекард. Ҳарчанд таҳсил дар донишгоҳ барояш мароқангез буду, худро дар оянда ифтихори Ватан меҳисобид, аммо дар даъвати тирамоҳии соли 2021 номи худро ба сафи ихтиёриён нависонд ва азм кард, ки аввал хизмати Ватан – Модарро ба ҷо меовараду баъдан таҳсилашро идома медиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Алҳол ин ҷавони матинирода ва меҳанпараст дар қисми ҳарбии 01123 адои хизмат намуда, ибрати ҳамагон гаштааст. Нахустин дастоварде, ки ин ҷавони матинирода дар рӯзҳои аввали хизмати ҳарбӣ ба даст овард, ин иштироки фаъол ва ба даст овардани ғолибият дар Фестивал-озмуни «Суруди сарбоз», ки бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, буд. Дар қатори дигар иштирокдорон номи сарбози қаторӣ-Парвиз Салимов бо садо додани суруди сарбоз барои мо низомиёни Хоруғ низ басо шодиовар буд. Зеро дар муддати кӯтоҳ ин ҷавонписар тавонист бо маҳорати хосаи ровигӣ, нутқи бурро ва забони гӯё доштанаш байни ҳамагон соҳиби обрӯ гардад. Аз ин ҷост, ки ҳамаи чорабиниҳои фарҳангиву маданӣ ва сиёсию маърифатии қисми ҳарбӣ бо иштироки ин сарбоз хуш ва хотирмон мегузарад. Зиёда аз ин Парвиз Салимов гоҳ-гоҳ машқи шеър ҳам мекунад ва хабару гузоришҳо омода месозад.
“Вазифаи аввалиндараҷаи худро дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакат мебинам. Аз ин рӯ, чунин меҳисобам, ки ҳар як соҳибватан бояд мафҳумҳои Ватан, Модар, Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро дар мадди назар қарор диҳад. Ҳамаи андешаву кӯшиш ва амали худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдат, ҳифзу гиромидошти дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодиро ба хубӣ дарк намояд, барои расидан ба ҳадафҳои созанда саъю талош варзад. Дар ин росто, омeзиш ва тарғиби осори пурарзиш, суханрониҳо, рӯзгори ибратпазир ва хизматҳои содиқонаву тақдирсози Пешвои миллатро, ки ҳидоятгари роҳи ростин аст, сармашқи кори худ қарор диҳад”-мегӯяд сарбоз.
Дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои зиндагии осоишта тамоми шароит муҳайё гардид. Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон низ ба соҳаи ҳаётан муҳим-Қувваҳои Мусаллаҳи таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, тамоми шароитҳои замонавиро дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Артиши мамлакат фароҳам овардаанд. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу суббот ҳамчун нерӯйи тавоно ва қудратманд саҳми бориз дорад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».
Бо дастгирӣ ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият меёбад ва ҳамчун нерӯйи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Дар ин радиф, мо ҷавононе дорем, ки дар баробари хизмат ба Ватан барои ҳифзи якпорчагии мамлакат тамоми қувва, дониш, маҳорат ва малакаи хешро равона месозанд. Зеро дар ҳақиқат, наврасону ҷавонони насли навин бо меҳру муҳаббат ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат фарогир буда, онҳоро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
“Ҷавобан ба ғамхориҳое, ки давлату хукумат барои мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол муҳайё кардааст, ваъда медиҳам, ки ҳамеша дар ҳимояи Ватани худ бошам, ба қадри субботи комили кишвар бирасам, ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқ ва Тоҷикистон содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намуда, барои ояндаи неки кишварамон саҳмгузор бошам, зеро хизмат ба Ватан ин қарзи виҷдони ман аст”,-иброз медорад Парвиз Салимов.
Ба ин ҷавони меҳанпараст, ватандӯсту қавиирода бурдборӣ, комёбӣ ва тамои хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Суннатулло ҒАФФОРОВ,
муовини командири қисми
ҳарбии 01123 оид ба корҳои
сиёсӣ-тарбиявӣ,
майор