Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ХАТМИ НИЗОМИЁНИ ҶАВОН ГУРӮҲИ 200 НАФАРАИ АФСАРОНИ ҶАВОН ДОНИШКАДАИ ҲАРБИРО ХАТМ НАМУДАНД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.04.2022
in Хабар
0
ХАТМИ НИЗОМИЁНИ ҶАВОН ГУРӮҲИ 200 НАФАРАИ АФСАРОНИ ҶАВОН ДОНИШКАДАИ ҲАРБИРО ХАТМ НАМУДАНД
0
SHARES
335
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи баш аз 200 нафараи афсарони ҷавон зам шуд. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар 28-умин хатмкунандагони худро ба кори мустақилонаи ҳарбӣ ба сафҳои Артиши миллии мамлакат ва дигар сохторҳои қудратии кишвар гусел намуд.

Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ, ба муносибати хатми навбатии донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, чун ойини доимии низомиён бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид.

Зимни оғози чорабинии мазкур, фармоиши вазири мудофиа, дар хусуси ба вазифаҳо таъйин намудани хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ қироат карда шуд, ки тибқи он беш аз 200 нафар афсарони хуштолеъи ин боргоҳи улуми низомӣ вобаста ба ихтисосҳои ҳарбии аз бар намуда, баҳри фаъолияти хизматӣ дар ҳайати сохторҳои қудратии мамлакат ба вазифаҳо таъйин карда шуданд.

Дар ҷараёни ин чорабинии муҳими низомӣ бо амри масъули донишкадаи мазкур ҳайати

хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ба маркази майдони баргузории чорабинӣ бароварда шуда, аз тарафи вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо ва дигар афсарону устодони ин боргоҳи илми ҳарбӣ ба онҳо дипломи хатм супорида шуд.      Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир раванди барномаҳои дарсӣ, сифати таълиму тарбия ва сатҳи омода кардани афсарони оянда дар Донишкадаи ҳарбӣ боз ҳам баланд гардида, имсол низ ин муассисаи олии таълимии ҳарбиро, чанд тан аз курсантони фаъоли он бо баҳои аъло хатм намуданд.

Лаҳзаи хайрбод намудани афсарони ҷавон бо Байрақи ҷангии Донишкадаи ҳарбӣ, барои ҳозирин ва умуман иштирокчиёни ин чорабинии бошукӯҳ бисёр ҳам хотирмону диққатҷалбкунанда буд, ки ин маросим хело таъсирбахш сурат гирифт.

Зимни баромади табрикотӣ, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави ғамхориҳои доимии ӯ нисбат ба низомиён имрӯз дар Донишкадаи ҳарбӣ тамоми шароити муосири хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ, пойгоҳҳои муҷаҳҳаз бо заминаҳои хубу намунавии моддӣ-техникӣ бунёд ва ба меъёру талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Дар идомаи суханронӣ роҳбарияти Вазорати мудофиа маросими хатми донишҷӯёнро рӯйдоди хеле  хотирмону  фаромӯшнопазир дар ҳаёти афсарони ҷавон арзёбӣ намуда, ба онҳо дар ин роҳи пуршараф ё худ хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи Ватан, давлату миллат, таҳкими Истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ барору комёбиҳоро таманно намуд.

Баъд аз анҷоми қисмати расмии чорабинии мазкур, гузашти низомии афсарони ҷавон дар як саф бо ҳайати устодону дигар курсантон доир гардид, ки тантанавор сафкашиву паҳлу ба паҳлу қадамзании онҳо аз назди минбар, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбаши ин маросими бошукӯҳи ҷашнӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат соли 2001-ум дар заминаи Коллеҷи олии ҳарбӣ, ки ҳанӯз аз соли 1993 амал менамуд, таъсис ёфтааст. Он дорои тамоми шароити муосири таълимӣ буда, мутахассисони варзидаи низомиро омода менамояд. Донишкадаи ҳарбӣ аз 3 факултет, 10 кафедра ва 5 сикл иборат буда, он аз рӯйи 18 ихтисос афсарони касбӣ омода мекунад. Таҳсил дар Донишкадаи ҳарбӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуда,  ҳарсол ба ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ҳудуди 400 нафар донишҷӯ қабул карда мешавад. Аз ин шумора 250 нафар донишҷӯён дар Донишкадаи ҳарбӣ ва 150 нафари дигар бошад, барои фиристодан ба кишварҳои хориҷ қабул гардида, дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳоноти давлатӣ, онҳо ба муассисаҳои олии таълимии ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Озорбойҷон равон карда мешаванд. Бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимони кул, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат квота пешбинӣ шудааст, ки ин гуна довталаб бо гирифтани имтиёз, тариқи суҳбат ба Донишкадаи ҳарбӣ қабул мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи ҳарбӣ ягона муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бори гарони омода кардани афсарони касбиро, барои пуррагардонии сафҳои навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ ва тамоми сохторҳои қудратии мамлакат бар душ дорад. Муҳассилин баъди хатм вобаста ба ихтисос бо диплом, рутбаич ҳарбии лейтинант ва ба ҳайси афсарони касбӣ дар ҳайати сохторҳои низомии кишвар ба вазифаҳо таъйин карда мешаванд. Аз замони таъсисёбӣ инҷониб аллакай Донишкадаи ҳарбиро наздики 4 ҳазор нафар донишҷӯ хатм карда, имрӯз аксари онҳо дар ҳайти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи артиш кору фаъолият менамоянд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот,

полковник

Previous Post

АЗ МУВАФФАҚИЯТ ТО БАДБАХТӢ Ё ХОМАНДЕШӢ ФОЗИЛРО БА КУНҶИ ЗИНДОН БУРД

Next Post

НАТИҶАИ ЯКМОҲАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАТИҶАИ ЯКМОҲАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ ЯКМОҲАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ  ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БА АНҶОМ РАСИД!

ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БА АНҶОМ РАСИД!

02.06.2023
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

01.06.2023
САВГАНД БА НОМАТ ЭЙ ВАТАН

САВГАНД БА НОМАТ ЭЙ ВАТАН

31.05.2023
ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ САРҲАДБОНОН

ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ САРҲАДБОНОН

29.05.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj