Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ намуда, пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи воқеии байналмилалиро ба таври мухтасар баён менамоянд. Зеро, вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба давлати мо истисно намебошад.
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуротҳое пайдо шудаистодаанд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд ва кардаистодаанд.
Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси нигаронӣ ва таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароии динию мазҳабӣ бо кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва амалҳои разилонаи худ авзои сиёсии ҷомеро ноором гардонида, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Мақсади онҳо резонидани обрӯ ва манзалату мақоми давлат мебошад. Терроризм ва экстремизм бо оқибатҳои бераҳмонаю даҳшатбори худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.
Таҷрибаҳои ҳаётӣ-сиёсии замони муосир ҷамъиятро ба хулосае оварданд, ки дар системаи сиёсии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди равандҳои манфии терроризм ва экстремизм дар шакли аломати сиёсигардонии дин ва ҳаракатҳои мазҳабӣ рӯйи кор омадаанд. Ин падидаҳои номатлуб дар муддати кӯтоҳ характери оммавӣ ва байналмилалӣ гирифта, бевосита ба истиқлолияти давлатҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонад.
Ба ҳаёти мардуми тоҷик ворид шудани падидаи экстремизм ва шакли сиёсӣ гирифтани он ҳамчун қувваи таҳдидкунанда тақозо мекунад, ки раванди сиёсишавии ин амали номатлуб дақиқан омӯхта шавад, то ки пайдоиш, инкишоф ва ҳолати кунунии ин амал равшан гардад.
Имрӯз терроризм ва экстремизм дар шакли сиёсӣ зери ниқоби «муборизаи сиёсӣ» дар раванди давлатдории баъзе кишварҳо ва ҳатто идора кардани онҳо ширкат дорад. Бинобар ҳамин бо дарназардошти чунин хатар барои кишварҳои минтақа бисёр муҳим аст, ки решаҳои пайдоиши ин омили манфӣ, омилҳои тавлидкунандаи он ва шароити пайдошавии ин раванд ҳамчун протсеси сиёсӣ таҳлил карда шавад. Дар ин масир бояд характери глобалӣ ва регионалии терроризм ва экстремизм дар шакли алоҳида бояд омӯхта шавад ва таҳқиқи дурусти он барои пешгирии минбаъдаи ин омилҳои манфӣ мусоидат намояд.
Проблемаи экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо характери дохилӣ надорад, балки он аз хориҷи кишвар идора шуда ба манфиати давлатҳои бегона истифода карда мешавад. Баъзе аз давлатҳо эътиқоди динии мардумро барои мақсадҳои сиёсии худ истифода мебаранд, ки ин боиси пайдошавии ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мегардад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, -«Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан, авзои Афғонистони ҳамсоя, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд”.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки 16-уми ноябри соли 1999 таҳти № 846 қабул гардидааст, мафҳуми терроризм чунин шарҳ дода мешавад: «Терроризм-яъне зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани молу мулк ё дигар обеъктҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок мебошад». Мафҳуми терроризм (калимаи лотинии terror- ҳарос, даҳшат) ба унвони маҷмӯи амалиёти даҳшатовар ва хушунати сиёсӣ маънидод шудааст, ки тибқи он террористон барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз усулҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ истифода мекунанд. Мафҳуми «террорист» бошад, ҳамчун чонибдори амали террористии инфиродӣ маънидод мешавад.
Дар мавриди мафҳуми «экстремизм» (аз калимаи лотинии extremmus- бениҳоят) пайравӣ кардан аз усулҳои зиёдаравӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ барои расидан ба мақсади сиёсӣ дониста мешавад. Умуман экстремизм дар солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамчун олоти сарнагунсозии ҳокимияти коммунистон аз тарафи ҳаракатҳои динӣ истифода мешуд, зеро дар пурзӯр шудани ҳокимияти коммунистӣ дар Тоҷикистон, диндорон хавфи асосиро барои худ медиданд. Доир ба зарари ин омил, Пешвои миллат хеле хуб қайд карданд, ки «экстремизм дар доираи нисбатан васеъ зоҳир мегардад. Аз ҷумла экстремизми динӣ, экстремизми идеологӣ ва экстремизми сиёсӣ вуҷуд доранд. Қувваҳои гуногун бар хилофи ҷомеаи мамлакат моделҳои худро зӯран ба гардани Тоҷикистон бор карданӣ буданд, ки ин ҳам зуҳуроти дигари экстремизм ба шумор меравад».
Чунин ҳаракатҳо, бо ёрии технологияи сиёсӣ ва номҳои гуногун асли ҷиноятии худро пинҳон месозанд.
Агар дар аввали солҳои 90-ум ҳаракатҳои экстремистӣ асосан характери маҳалгароӣ ва миллатчигӣ доштанд, дар давраи минбаъда дар асоси ҳамин равандҳо шакли террори динӣ мавқеи худро пайдо намуд, ки мақсади сохтани давлати исломӣ-халифатро пеш гузошт. Дар давраи солҳои 2000 то имрӯз аломати асосии экстремизмро ташкилот ва ҳаракатҳои сершумори дорои характери динӣ, ки дар муборизаи сиёсӣ ширкат мекунанд, ташкил медиҳанд. Аммо азбаски амали онҳо ба моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин равандро ҳамчун экстремизм баҳогузорӣ менамояд.
Дар Тоҷикистон имрӯз тамоми шароит барои иштироки ҳаракатҳо ва ҳизбҳо дар сиёсат муҳайё гардидааст ва ба шаҳрвандон, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои гуногун имконияти васеъ барои муттаҳид шудан фароҳам оварда шудааст.
Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ, идеологияи миллиро асоси инкишофи давлатдорӣ медонад. Бинобар ҳамин давлат дар сиёсати дохилӣ ва берунии худ мунтазам идеяи муттаҳид намудани миллат ва эҳёи фарҳанги миллиро тарғиб мекунад.
Мавриди қайд аст, ки дар Кафедраи тибби ҳарбии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» то имрӯз як қатор чорабиниҳо ба роҳ монда шудааст. Пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби мубориза бо экстремизм ва терроризм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ воситаи асосии пешгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Бинобарин, баланд бардоштани ҳолати руҳӣ — равонии ҳайати шахсӣ дар мубориза ба экстремизм ва терроризм, дар донишҷуён афзун гардонидани ҳисси Ватандустӣ, худшиносии миллӣ, содиқ будан ба савганди ҳарбӣ ва Президент — ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ, вазифаи муқаддаси ҳар як афсар- омӯзгор ҳаст ва мебошад.
С. ПУЛОТЗОДА,
сардори сикли «Токсикологияи ҳарбӣ
ва муҳофизати тибби»-и Кафедраи тибби
ҳарбии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”,
полковники хизмати тиб