Дар ҳама давру замон, дар ҳаёти инсоният ду қувваи ба ҳам муқобил амал мекунад, ки ҳамеша миёнашон ихтилофот ҳукмрон аст. Аз ҷумла, некиву бадӣ, рӯзу шаб, сафеду сиёҳ, хайру шар ва дигар мафҳумоти зидмаъно. Мусаллам аст, ки хайр ҳамеша болои шар бартарият дорад. Дар замони муосир низ чунин зиддиятҳо зиёд ба назар мерасад. Агар нафаре, гурӯҳе ва ё миллате ба ягон муваффақияту комёбие ноил шавад, ҳатман нотавонбине зуҳур мекунад, то пеши роҳаш санг гузорад. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо амалҳои террористиву экстремистист, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мо тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем. Ин амали ноҷавонмардонаи террористон ҳикояи машҳури «Сангпушт ва каждум»-ро пеши назар меоварад. Яъне, муқтазои табиати ин тоифа неш задан асту ноором сохтани давлатҳову миллатҳои ором.
Дар байни муҳаққиқон доир ба пайдоиши терроризм ақидаҳо гуногун аст. Ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай анҷом дода шуд. Сиёсатшинос У. Пакер бар ин ақида аст, ки ҳама гуна куштори сиёсӣ терроризм аст ва дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа (қадим, кӯҳан-Ш.Ш.) марбут медонад. Гурӯҳи дигар, терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Таърихшиноси амрикоӣ Н. Неймарк пайдоиши ин зуҳуроти номатлубро ба давраи пас аз истилоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.
Нависанда ва драматурги бузурги рус, Анатолий Королёв қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз мо падари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст. Таҳлилгарони дигар аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикариев (ханҷардорон), ки дар асри 1-и то милод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд, бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳгор дониста, ба қатл мерасониданд. Онҳо ба сифати силоҳ, ханҷар, ё «сику» шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти сикариевчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид.
Таърихнигорон бар ин назаранд, ки дар асрҳои миёна ташкилоти террористие, ки дар инкишофи тактикаи пинҳонкорӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ чун воситаи иҷрои мақсад нақши бориз гузоштааст, ин созмони асасинҳо мебошад. Тақрибан соли 1090-милодӣ Ҳасан ибни Саббоҳ қалъаи Аламутро, ки дар дараи кӯҳии самти шимоли шаҳри Ҳамадон (воқеъ дар Эрон-Ш.Ш.) ҷойгир аст, ишғол менамояд ва ба қароргоҳи худ табдил медиҳад. Аъзои ин ташкилот фаъолияти худро дар ҳудуди баҳри Миёназамин то халиҷи Форс густариш дода, дар муддати тӯлонии амалиёти худ шумораи зиёди халифаҳо, султонҳо, рӯҳониёни бонуфуз ва мансабдорони баландмақоми давлатиро ба қатл расонидаанд. Мисоли ин гуфтаҳо қатли сарвазири дарбори Салҷуқиён, олими машҳур Низомулмулк шуда метавонад. Бо ин амалҳои хеш ин ташкилоти террористӣ дар дарбори шоҳону ҳокимони он замон тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда буд.
Коршиносон терроризмро ба ду гурӯҳ-дохилӣ ва байналхалқӣ ҷудо намуданд. Терроризми дохилӣ, вобаста ба субъектҳои худ ба терроризми давлатӣ, терроризми мухолифӣ ва терроризми байниҳизбӣ тасниф меёбад. Терроризми байналхалқӣ бошад, ба давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷудо мешавад.
Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваи ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад. Хусусан, нақши ҷавонон дар ҳалли ин масъалаи мубрами рӯз бояд калон бошад.
Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол-падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷойи аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва Ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонанд.
Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад, ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.
Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар-Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ, оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.
Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваи ифротӣ ба миён меорад. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан, чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Амалҳои ин қувва барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла, Тоҷикистон наметавонанд, бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан, мо-ҷавонон, дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошем.
Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо, сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳимояи Ватани худ омода бошем ва аз таъсири манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ хешро эмин нигоҳ дорем.
Шоҳин ШАРИФОВ,
рӯзноманигор