Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.07.2022
in Хабар
0
ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
0
SHARES
298
VIEWS
Share on Facebook

Вазъи зудтағйирёбанда ва пуртазоди ҷаҳони муосир ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллии мамлакатро ба он водор менамояд, ки сатҳи донишу малака ва тайёрии ҷангии хешро пайваста сайқал дода, доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишавар ҷаҳду талош намоянд.

Масоили вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар доимо, дар маркази диққати ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Артиши миллии мамлакат қарор дошта, дар ин замина, аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо, корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд.

Ҷаласае, ки бо иштироки котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, Насрулло Маҳмудзода, вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо, фармондеҳони навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, Сарпрокурори ҳарбӣ, масъулини Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва командирони сатҳу зинаҳои гуногуни қисмҳои низомӣ баргузор гардида, дар он фаъолият ва бурду бохти Артиши миллӣ дар давоми шаш моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар ин замина, бо дарназардошти вазъияти бисёр мураккаби имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор додани нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва дигар иштирокчиёни ҷаласа бо таҳлили ҳамаҷониба дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба пешравию муваффақиятҳо, камбудиву норасоиҳо доир ба ҷамъбасти даври якуми омӯзишӣ, такмил додани савияи донишу малакаи хизматчиёни ҳарбӣ, натиҷаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, омӯзиш ва муайяну мушаххас намудани захираҳои сафарбарӣ, таъминоти воситаҳои моддӣ-техникӣ, ташкили дарсу машғулиятҳои амалии саҳроӣ, машқҳои муштараки ҳарбӣ, тайёрии ҷангии ҷузъу томҳо ҳангоми баргузор намудани амалиёти ҳарбӣ, таъминоти ақибгоҳӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, боз ҳам баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ ва роҷеъ ба дигар масъалаҳои соҳавӣ маъруза карда, барои фаъолияти минбаъда ва дар доираи нақша-чорабиниҳои тарҳрезигардида,  таклифу пешниҳодоти мушаххас намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз аввали соли равон сарфи назар аз моневу мушкилоти мавҷуда, ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи мамлакат тавонистанд, ки бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон тамоми чорабиниҳои нақшавиро ба пуррагӣ ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар, қадамҳои устувор гузоранд.

Зимни таҳлилу натиҷагирӣ намудани самтҳои фаъолияти соҳавии Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он, Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати мудофиа ба сухан баромада, иброз доштанд, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Артиши миллӣ таваҷҷӯҳи хоса равона карда, хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбиро пайваста қадрдонӣ мекунанд ва нисбат ба ҳар як афсару сарбоз ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд. Пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва таҳкиму пойдории Истиқлоли давлатӣ аз заҳмати шабонарӯзӣ ва хизмати содиқонаи низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вобастагӣ дорад.

Дар идомаи ҷаласа инчунин вобаста ба фаъол гардидани равияву ташкилоти тундрави террористиву экстремистӣ, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, ибрози назар карда шуд. Дар ин замина, бо назардошти вазъияти пешгӯйинашаванда таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро дар чунин шароити пуртазод ва бисёр ҳассоси ҷаҳони имрӯза мебояд, ки дар самти ҳимояи марзҳои давлатӣ, тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо, бо тайёрии доимӣ истодагарӣ намудан бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳои воқеъӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ ва бо масъулияти баланди фарзандӣ муносибат намудан ба иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиро талаб менамояд.

Дар охир, аз ҷониби Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати мудофиа, иштирокиёни ҷаласа ва масъулини дахлдор дар муҳлатҳои муқарраршуда бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд ва дар ин радиф инчунин, ҳайаҳори роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, шиореро таҳти унвони “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳро бо омодабошии баланди ҷангӣ, интизоми намунавӣ ва бунёдкориву созандагӣ истиқбол мегирем!” қабул  намуданд.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

 

Previous Post

РОҲУ УСУЛҲОИ МУОСИРИ НИЗОМӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ

Next Post

Лоиҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post

Лоиҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook