Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.07.2024
in Хабар
0
ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ
0
SHARES
85
VIEWS
Share on Facebook

Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа фаъолияти пурсамар ва роҳи тайкардаи таърихӣ дорад, ки мо аз таърих ва давраҳои гуногуни фаъолияти он ёдоварӣ накарда, балки аз дастовардҳои варзишгарони он дар давраи сипаригардидаи соли 2024 ёдовар хоҳем шуд. Зеро, таърихсозии размкори тоҷик сарбози қатории ротаи алоҳидаи варзишии қисми ҳарбии 01215-и Клуби марказии варзишии артиш Ҷаҳонгир Маҷидов дар Гранд-слами Душанбе, боз ҳам як саҳифаи наверо дар ҳаёти Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд. Ҷаҳонгир дар ин мусобиқоти сатҳи баланд сазовори медали биринҷӣ гардид ва роҳхат барои иштирок дар бозиҳои олимпии “Париж-2024”-ро соҳиб шуд.

Пайки тозаи варзишии дигар ин иштироки дастаи Вазорати мудофиа дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Самбо” байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гиромидошти хотираи устоди шоистаи варзиш, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Саймаҳмуд Маҳмадрасулов мебошад, ки варзишгарони Вазорати мудофиа дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 5 медал, 2 тилло, 2 нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда,  аз рӯйи ҳисоби даставӣ сазовори ҷойи якум гардиданд.

Дар давраи сипаригардидаи соли 2024 варзишгарони Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа чун ҳамешагӣ ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гардида, дар баробари сайқали маҳорату малакаи варзишӣ ва обу тоби ҷисмонӣ, инчунин ба хазинаи тиллоии клуби мазкур медалҳои зиёди ҷойҳои ифтихории мусобиқаҳои сатҳи гуногунро ворид намудаанд.

Ҳамин тавр, варзишгарони Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа дар шаш моҳи соли 2024 дар 8 мусобиқаи шаҳрӣ, 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 1 Ҷоми Осиё ва 2 мусобиқаи байналмилаллӣ иштирок намуда, дар натиҷа сазовори 38 медали тилло, 28 нуқра ва 40 биринҷӣ гардидаанд. Дар маҷмӯъ, варзишгарони клуби мазкур дар давраи сипаригардида 106 медал ба даст овардаанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки сарбозони қисми ҳарбӣ аз рӯйи 15 намуди варзиш, ки дар Клуби марказии варзишии артиш амал мекунад ба машқу тамрин ҷалб гардида, бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ давлату мардуми Тоҷикистон ва Артиши миллии моро муаррифӣ менамоянд ва ба шарафи ин ҷавонмардони меҳан, варзишгарони низомӣ низ Суруди миллиамон садо додаву Парчами давлатӣ бошад, баланд парафшон мегардад.

Тамринҳои пайваста, обутоби бадан, баланд бардоштани маҳорати ҷисмонӣ ва дар маҷмӯъ беҳдошти солимии ҳайати шахсии Артиши миллӣ ин як самти асосии омодагии ҷангӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамасола масъулини ин клуб чорабиниҳои мухталиф дар самти тайёрии ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзиширо берун аз ҷумҳурӣ ва дар дохили кишвар мувофиқи нақша миёни ҳайати шахсии ҷузъу томи Вазорати мудофиа, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо ҷалби кормандони дигар сохторҳои қудратӣ доир менамоянд.

Дар охир, вобаста ба сайқали маҳорати варзишии хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ қайд кардан ба маврид аст, ки дар пойгоҳи қисму воҳидҳои ҳарбӣ бо сохта ба истифода додани иншоотҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла майдону толорҳои варзишӣ барои дастаҳои варзишӣ ва афсарону сарбозон ҷиҳати машқу тамрини ҷисмонӣ шароиту имкониятҳои хуб фароҳам оварда шудааст.

Боқӣ ШАРИФӢ

Previous Post

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАВӢ

Next Post

РУШДИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ-БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РУШДИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ-БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТӢ

РУШДИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ-БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook