Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВИЖАГИҲОИ ОН ДАР ТАШАККУЛ ВА УСТУВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.12.2024
in Мақола
0
ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВИЖАГИҲОИ ОН ДАР ТАШАККУЛ ВА УСТУВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
0
SHARES
167
VIEWS
Share on Facebook

Мафҳуми сулҳ маънои оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори амн будани мардум, созиши байни ду гурӯҳи даргир, неруҳои мухолифро зимни ҳалли низоъу бархӯрдҳо ифода мекунад. Яъне, падидаи сулҳ-ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлол ва нишони ободии давлату миллат, таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Сулҳу амонӣ маншаи хушбахтиву шодкомии мардум буда, ба туфайли он метавонанд ба хотири ҷамъ зиндагии шоиста ихтиёр кунанд ва барои ояндаи дурахшон эътимод банданд.

Пас, агар падидаи сулҳ-оштӣ, осоиштагӣ ва амонӣ бошад, сулҳхоҳӣ амалест муқобили ҷанг. Ин гуна фаҳмиш ҳанӯз аз давраи қадим дар зеҳну фаҳми донишмандон, бавижа файласуфон гардиш мехурд ва онҳо алайҳи ҷанг фарҳанги сулҳро муқобил мегузоштанд, ки низоъу бархӯрдҳоро миёни одамон, бо пайгирӣ аз роҳи мусолиматомез ҳал менамояд, ҳамзистӣ, якдигарфаҳмӣ, гузашт кардан, ҳамкорӣ ва ғайраро, ки муҳимтарин омилҳои муваффақ шудан ба пешрафт мебошанд, вусъат мебахшад.

Ё худ мутафаккири оламгири тоҷику форс Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳангоми ҷангҳои салибӣ ва авҷ гирифтани таассуб дар олами ислом, задухӯрдҳои мазҳабӣ, густариши таассуби динию нажодӣ назарияи сулҳи куллро коркард кард, ки он ба муттаҳид кардани башар ва аз байн бурдани ҳама гуна таассуб нигаронида шудааст.

Мазмуни мафҳуми сулҳ тибқи Эъломияе, ки Созмони Миллали Муттаҳид соли 1998 дар 53-юмин Ассамблеяи худ бахшида ба эълон намудани соли 2000-ум соли «Фарҳанги сулҳ» қабул кард, бармеояд, ки сулҳ ин эҳтиром ба ҳаёт ва ҳама гуна ҳуқуқҳои инсон аст, ки барои ӯ фараҳу шодӣ ва хушнудиро таъмин менамояд. Мазмун ва мундариҷаи фарҳанги сулҳро бошад, маҷмуи муқаррарот, арзишҳо, суннатҳо, навъи рафтор ва тарзи зиндагие ташкил медиҳад, ки дар заминаи ҳаққу ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба ҳаёт бунёд шудаанд.

Ба андешаи Ҳофизи Шерозӣ муруват кардан бо дӯстон ва мудоро намудан бо душманон, яъне бо нармӣ ва ҳусни хулқ ба касе рафтор кардан, муомилаи нек доштан, ё худ созиш, муросо, илтифот, оштӣ ва ғайра маншаъе маҳсуб меёбанд барои муваффақ шудан ба сулҳу салоҳ. Дар «Ғиёс-ул-луғот» низ мудоро ба маънои сулҳу оштӣ тавзеҳ дода мешавад. Бинобар ин, барои дастёбӣ ба сулҳу осоиштагӣ дар ҳолати сар задани низоъу муноқишаҳо, пеш аз ҳама, мудоро нақши хосса дорад, ки аз тариқи муколама, гузашту таҳаммул сурат мегирад.

Ҳамин тавр, пойдорӣ ва тақвияти фарҳанги сулҳ он гоҳ ба даст меояд, ки агар инсонҳо барои қонеъ кардани талаботи моддию маънавӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва давлатҳо барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ аз амалҳои зӯриву хушунат, якдигарбадбинӣ, зиддияту низоъҳо даст кашида, масъаларо бо роҳи мусолиматомез, машварат ва гуфтугӯ ҳаллу фасл намоянд. Зеро, маҳаки фалсафии фарҳанги сулҳ он аст, ки мардум дар фикри ҷанг наафтанд, адолати иҷтимоӣ пойдор, пояҳои сулҳ, ки илму таълим, иқтисоду фарҳанганд маҳсуб меёбанд, устувор бошанд.

Натиҷаи сулҳ ба ваҳдат, ҳамзистии осоишта расидани мардум аст. Ҳамзистӣ, ҳамбастагӣ, ваҳдат, ҳамкории тарафайн ва муносибатҳои мусолиматомези байни гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ асоси рушди ҷомеа ва беҳбудии сатҳу сифати зиндагии мардум мебошанд. Зеро, афрод доимо ба муошират эҳтиёҷ доранд ва мушкилоти пайдошудаи худро метавонанд тавассути муколамаи тарафайн ҳаллу фасл намояд. Ба андешаи дигар, фарҳанг василаи пайвандгари андешаи дирӯзу имрӯз ва фардои миллат, воситаи муҳимми ҳастии он аст, аммо эҳё ва ҳифзи арзишҳои он дар арсаи бурхурди тамаддунҳо ифодакунандаи муттаҳидӣ, сарҷамъӣ ё ваҳдати миллатро инъикос медорад.

Таваҷҷуҳи хосса додани Пешвои миллат ба масъалаи андешаи миллӣ ва нишон додани нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳ ва дар баробари ин, барои шинохти мероси илмию фарҳангии гузаштагонамон таҳия кардани китобҳои ҷудогона, аз қабили «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз ориён то Сомониён», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайра бесабаб нест. Зеро ки таърихи миллат таҷассумкунандаи фарҳанг ва тамаддуни он аст. Ба мардум ғизои маънавӣ дода, онҳоро сарҷамъ ва барои рушди ҷомеа муттаҳид менамояд. Маҳз ин тамаддуни ғании дар пояи андешаҳои ахлоқӣ, таҳаммулгаро, инсонпарварона ва ватандӯстона бунёдёфта боис гардид, ки тоҷикон барои бақои миллат якдигарро гузашт карда, ба сулҳу салоҳ расанд. Мактаби сулҳофарии худро ҳамчун падидаи нодири ҷомеаи муосир барои ҷаҳониён, хусусан, кишварҳои ноорому даргир ҷиҳати омӯзиш ва истифода пешакаш намоянд.

Ҳамин тавр, мебояд қайд кард, ки мафҳумҳои «ваҳдат», «якдилӣ», «ягонагӣ», «муттаҳидӣ» шаклан гуногунанд, вале мазмунан як маъноро ифода мекунанд. Истиқлолият, мавҷудияти давлати миллӣ ва мақоми сарвари сиёсӣ омилҳои муҳим ва муассири таҳкимбахши он ба шумор мераванд. Ваҳдати миллӣ дар сурате таъмин ва тақвият меёбад, ки агар таъмингари ин падида — миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, якдил бошанд ва давлати миллӣ барои амалӣ гардидани Ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо, роҳу усулҳо мақсаднокро истифода барад.

Ба назари мо устуворӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба амалигардонии чунин рукнҳо иртиботи зич дорад: халқ манбаи ҳокимият эътироф карда шуда, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ таъмин ва ҳифз карда мешаванд; бештари афроди ҷомеа новобаста аз мавқеияти иҷтимоӣ манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло мегузоранд; пешгирӣ кардани фаъолияти гурӯҳҳои ҷудоихоҳ, ифротӣ ва террористӣ, ки ба мафкураи мардум идеяҳои худро ҷой дода, фазои мусоидро ноором мекунанд; арҷ гузоштан ба бозёфтҳо ва дастовардҳои фарҳангӣ ва ҳимоя карда тавонистани онҳо дар раванди бархӯрди тамаддунҳо; аз роҳи муколама ва гуфтушунид ҳал кардани ҳар гуна низоъ ва нофаҳмиҳо, ки дар сатҳи кишвар ва дастгирии нерӯҳои беруна ба вуқуъ мепайванданд; тавассути муассисаҳои таҳсилотӣ – умумӣ, миёна ва олии касбӣ ташаккул додани ҳофизаи таърихии насли наврас ва ҷавонони кишвар аз бозёфтҳои фарҳангии гузаштаи миллат ва дастовардҳои тамаддуни муосир; дар асоси рушди ҳаёти иқтисодӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти субъектҳои соҳибкор баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар; ба манфиат ва ақлонӣ истифода бурдани шабакаҳои гуногуни интернетӣ, ки имрӯз ба яке аз воситаҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротию террористӣ, ҷудоихоҳ табдил ёфтааст ва ғайра.

Ниҳоят, сулҳу суботи комили сиёсии ҷомеа ва пойдориву устувории ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳофар ва созандаи Эмомалӣ Раҳмон барои умед бастан ба фардои зиндагӣ мусоидат карда, мардуми кишварро ба пешрафту ободии Ватан ҳидоят намуд. Зеро ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар зеҳну шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистон ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонид. Дар пайи ин, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва ояндаи насли зираку ҳушманди худро дурахшон гардонад.

Б. САМИЕВ,

корманди Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи

ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Previous Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ-ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ-ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ-ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook