Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАВОНОН  ПОСБОНОНИ ВАТАНАНД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
04.04.2021
in Хабар
0
0
SHARES
146
VIEWS
Share on Facebook

Ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва дастоварду ҳаёти осоиштаи мардум яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди соҳибистиқлолӣ барои иҷрои ин вазифаи муқаддас, соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дод. Баъди қабул шудани Конститутсия дар моддаи 43-и он  чунин нигошта шуд:«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Аз ин лиҳоз, баҳри иҷрои ана ҳамин талаботи Конститутсия, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои апрел ва май мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз мегардад. Бо ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, ҷавонони кишвар сулҳу осоиш, амнияти давлату ҷомеа, зиндагии мардум ва соҳибистиқлолиамонро таъмин намуда, вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандиашонро дар назди Ватан-Модар ба ҷо меоваранд.

Мусаллам аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан  барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Ифтихорманду сарфарозем, ки имрӯз   аксари ҷавононамон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони имруза ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардони гузаштаи хеш содиқ монда, бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.

Аҷдодонамон дар гузашта бо нотарсию шуҷоат сарзаминашонро ҳифз намуда, бо меҳнати ҳалол ҳаёти осоишта мегузарониданд. Вале онҳо ҳамчун фарзандони Ватан дар лаҳзаҳои ҳалкунанда баҳри ҳифзаш ҷонашонро дареғ намедоштанд.

Падарону гузаштагонамон замони  ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин анъанаи беҳтарини аҷдодонамонро бошарафона идома додаанд. Итминони комил дорем, ки ҷавононамон имрӯз ҳам  ин анъанаҳоро содиқона идома медиҳанд.

Аз мутолиаи шоҳасари «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров маълум мешавад, ки халқи тоҷик дар таърихи худ ба ягон давлат ғараз надошт ва имрӯз ҳам ба ин хислати сулҳхоҳонааш содиқ аст. Халқи мо, имруз бо меҳнати созанда, ба бунёдкориву ободкорӣ машғул буда, дар солҳои Истиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Имрӯз вазъи печидаи ҷаҳон ва минтақа, бахусус амалҳои ҷинояткоронаи террористону экстремистон ва  баъзе гурӯҳу созмонҳои бадхоҳ ба осоишу амниятамон таҳдид менамоянд. Аз ин лиҳоз, вазъи печидаву зудтағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳону минтақа давлату Ҳукумати кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ва ҷавононамонро водор месозад, ки баҳри ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу осоиш, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнати созандаву зиндагии шоистаи мардум ҳамеша омода бошем.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони шарафманду ватандӯсти мо дар ҳифзи Ватани аҷдодӣ, таъмини суботу амнияти ҷомеа, саҳми арзанда доранд. Ҷавононамон бо ҳисси баланди ватандӯсти дарк мекунанд, ки Ватан нигарони хизмати мардонаи онҳо буда, дар роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ адо намудани хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зарур мебошад.  Ватан макони шодию нишот ва бахти мо, сарзаминест, ки ҳар ваҷаб хокаш бароямон муқаддас мебошад. Мо, дар қолини махмалини Ватан ба воя расида, аз меваҳои ширину обҳои зулолаш нӯши ҷон мекунем. Ватан-Тоҷикистони азиз, ғамхори ҳамаи мо буда, бо меҳр дар оғӯшаш мепарварад, дониш дода, ба камол мерасонаду хушбахт мегардонад. Имрӯз ҷавонони ба номуси мо дарк мекунанд, ки тавассути хизмати онҳо аллагӯйиҳои ширини модаронамон, хандаҳои беғаши кӯдакону наврасон, танинандоз гашта, амният, Истиқлол ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонамон  таъмин мегардад.

Мо аз ҷавонони синни даъватӣ даъват ба амал меоварем, ки баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ва музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати софдилонаву содиқонаро ба ҷо оранд.  Итминон дорем, ки бо хизмати шоистаи худ мову шумо, таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта, хизмати шоиста хоҳем кард.

Мо-тоҷикон,  халқи сулҳхоҳем ва ба ин рисолати таърихи ҳамеша содиқ мемонем. Вале вазъи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем. Барои хизмати шоистаи ҷавонон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани шароити хизмати хизматчиёни ҳарбӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Ҷавонони азиз! Шумо-фарзандони содиқи Тоҷикистон, соҳибу ҳомии ин Ватанед! Тоҷикистон сарзамини аҷдодонамон, Ватани ману шумо ва наслҳои ояндаамон буда, онро ба ҷуз аз худамон каси дигар муҳофизат намекунад. Аз ин хотир, биёед Тоҷикистони азизамонро дӯст дошта, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматро содиқона ба ҷо орем ва дар ҳифзи Ватан ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузорем. Бигузор, хизмати шоиста ва содиқонаи шумо боиси ифтихори падару модарон, наздикону пайвандон ва аҳли ҷомеа  гардад. Мутмаинем, ки хизмати шоистаатон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, саҳми муносиб ва туҳфаи арзандае  ба ҷашни пуршукуҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

 

Ҷ. ҶӮРАЕВА, устоди ДТТ ба номи М.Осимӣ,

Ҳ. ХУДОЙҚУЛОВ, раиси  Шӯрои собиқадорони ВМ ҶТ

Previous Post

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook