Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ФАЗОИ СУРУРУ ШОДМОНӢ ДАР ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.02.2024
in Хабар
0
ФАЗОИ СУРУРУ ШОДМОНӢ ДАР ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
200
VIEWS
Share on Facebook

Ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақша–чорабиниҳои пешбинишудаи ҷашнӣ дар Вазорати мудофиа, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, қисму воҳидҳои навъи қӯшунҳо ва умуман дар қаламрави ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Аз ҷумла, дар доираи таҷлил аз солгарди навбатии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар майдони марказии пойтахт аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Вазорати мудофиа ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, чун рамзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги давлатдориву сипаҳдорӣ ва бо мақсади гиромидошти хотираи неки афсарону сарбозон ва онҳое, ки барои суботу оромӣ ва амнияту таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони он ҷоннисорӣ кардаанд, ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд.

Баъди анҷоми маросими гулгузорӣ, ҳайати шахсии ротаи қоравули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, гузашти низомӣ доир намуданд.

Худи ҳамон рӯз инчунин ба муносибати таҷлил аз ҷашни муҳофизони Ватан, аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиа дар назди лавҳаи ёдгории сарбозони номаълум гулчамбар гузошта шуд.

Ҷамъомади бошукӯҳи ҷашнӣ ба муносибати таҷлил аз 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат, чун оини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ оғоз карда шуд, ки дар он ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, собиқадорони Артиши миллӣ ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.

Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур вазири мудофиаи мамлакат бо маърӯзаи табрикотӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат рушду камол ёфтааст.

Дар чорабинии мазкур бо итминони комил иброз гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи давлатамон бо омодабошии доимии ҷангӣ қодир аст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи хешро вобаста ба ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон адо намояд ва дар роҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар қадамҳои устувор гузорад.

Дар охири ҷамъомад як қатор хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ, барои хизматҳои шоёни таҳсинашон дар назди халқу Ватан ва дар самти ба даст овардани муваффақиятҳои соҳавӣ, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа, бо медалу Ифтихорнома, нишони сарисинагӣ, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва бо дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Боиси хушнудӣ аст, ки 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллиро на танҳо низомиёни кишвар ҷашн мегиранд, балки шаҳрвандони мамлакат низ дар фазои суруру шодмонӣ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи сартосарӣ, ҷашни муҳофизони Ватанро хеле хотирмону фараҳбахш таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барои сокинони пойтахт барномаҳои тарбиявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ, чорабиниҳои сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ, базмҳои рангини консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ташкилу ба роҳ мода шуда, ҳамзамон ошхонаи сайёри низомӣ бо як навъ таъоми омоданамудаи сарбозӣ низ пешниҳоди меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми кишвари худро дида, баҳри поси хотираи афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан, ки бо фидокориву ҷоннисорӣ, барои таҳкими Истиқлоли миллӣ ва сулҳу суботи устувору сартосарӣ заминаи мустаҳкам фароҳам овардаанд, эҳтиром мегузоранд ва хизматҳои шоёни таҳсини онҳоро ҳамеша қадрдонӣ менамоянд.

Бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни муҳофизони Ватан дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ низ бо ҷалби низомиёни сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, намояндагони сохторҳои гуногуни кишвар ва бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни низомӣ, конфронсҳои илми амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки зимни он нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори Артиши миллӣ муҳим арзёбӣ гардида, доир ба марҳилаҳои рушду камоли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон ва дар даврони Истиқлоли миллӣ аз ҳар лиҳоз таҳкиму тақвият ёфтани он ибрози назар карда шуд.

Дар арафаи таҷлил аз ин санаи муҳиму фархундаи низомиёни мамлакат инчунин дар аксари қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дарҳои кушод эълон карда шуд, ки зимни баргузории он намояндагони вазорату кумитаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, шоирону адибони маъруфи ҷумҳурӣ, наврасону ҷавонони синни даъватӣ, волидони сарбозон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа имкон пайдо намуданд, ки аз шароитҳои муҳайёгаштаи муҳофизони Ватан аз наздик шинос шаванд ва дар пойгоҳи ҷузъу томи навъи қӯшунҳо ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, бо афсарону аскарон чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзиширо доир намоянд.

Дар доираи барпо намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва баҳри пайдо намудани истеъдодҳои нав аз миёни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ низ, фестивал-озмуни “Суруди сарбоз” доир карда шуд, ки аз ҷониби сарбозон ороишу ба намоиш гузоштани беҳтарин сурат-газетаҳо, пешниҳоди рӯзномаҳои деворӣ ва ҳунарнамоии дастаҳои ҳаваскори ҷузъу том, ба ҷашни касбии афсарону аскарони Ватан шукӯҳи тоза зам намуд.

Албатта, ҷашни Артиши миллиро бе баргузории мусобиқаҳои тирпарронӣ ва дигар рақобатҳои варзишӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки барои рангину хотирмон баргузор намудани 31-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар доираи нақшаи пешбинишуда масъулини Раёсати тайёрии ҷангии Вазорати мудофиа, байни сохторҳои низомӣ мусобиқаҳои тирпарронӣ сурат гирифта, инчунин бахшида ба ин ҷашн, аз ҷониби масъулини Клуби марказии варзиши артиш барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа миёни хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат силсилачорабиниҳои варзишӣ низ ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Умуман, ба муносибати таҷлил аз 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар қаламрави мамлакат ва тамоми қисму воҳидҳои низомии гарнизонҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ, барномаҳои рангини консертӣ, вохӯриҳои судманд ва мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардида, барои афсарону сарбозон ва умуман ҳайати шахсии ҷузъу томи Артиши миллӣ дастурхони идона ороста шуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ЧАНД МАФҲУМ НИСБАТ БА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЧАНД МАФҲУМ НИСБАТ БА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

ЧАНД МАФҲУМ НИСБАТ БА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook