Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

УСУЛҲОИ МУОСИРИ МЕТОДӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ НАВБАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.01.2025
in Хабар
0
УСУЛҲОИ МУОСИРИ МЕТОДӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ НАВБАТӢ
0
SHARES
110
VIEWS
Share on Facebook

Тақвият бахшидани донишу малакаи касбии низомиён, такмили маҳорати соҳавӣ ва сайқал додани таҷрибаи пешқадам дар самти пешбурди хизмати шабонарӯзии ҳайати шахсӣ ин ҷорӣ намудани роҳу усулҳои наву муосири омӯзишӣ дар фаъолияти рӯзмарраи ҷузъу том маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ҳамасола вобаста ба оғози давраҳои якум ва дуюми омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо ва командирони сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ ҷамъомаду машғулиятҳои мухталифи назариявӣ ва амалии саҳроӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Аз ҷумла, ҷамъомади методӣ-таълимӣ ин навбат бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии сатҳу зинаҳои гуногуни сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиа, мувофиқ ба тартибу низоми муайяншуда, дар вақту соати муқарраргардида, бо саф оростану азназаргузаронии ҳайати шахсии иштирокчиён ва расонидани нақшаи баргузории он давоми 2 рӯз ҷараён гирифт.

Дар рӯзи аввали ин чорабинии муҳими низомӣ аз ҷониби масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати иштирокчиёни ҷамъомад доир ба вазъияти ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон, паёмадҳои он ва татбиқи тадбирҳои муайян дар самти эҳтимолияти хатарҳо маълумоти муфасал пешкаш карда шуд.

Рӯзи дуюми машғулиятҳои методӣ-таълимӣ дар машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”-и гарнизони Хатлон идома ёфт.

Дар майдони сафороии машқгоҳи “Фахробод” сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва масъулини вобастаи ин чорабинии муҳими низомӣ доир ба нақшаи баргузорӣ ва ҳадафу моҳияти ҷамъомади мазкур ибрози назар карда, аз иштирокчиёни он муносибати ҷиддиро дар самти аз бар кардани машғулиятҳои таълимӣ ва дар доираи имконоти мавҷуда ҷорӣ намудани усулҳои нави омӯзиширо вобаста ба тақвият бахшидани фанҳои мухталифи ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои низомӣ талаб намуданд.

Бо ҳамин тартиб, иштирокчиёни ҷамъомад вобаста ба сатҳи вазифавӣ ба чор гурӯҳ тақсим шуда, таълимоти назариявии онҳо дар самти омӯзишу аз бар намудани мавзеъу минтақаҳои ҷуғрофии маҳалли амалиёт, марҳилаҳои тайёрӣ ба он, роҳу усулҳои сафарбарии қӯшунҳо, тарзи идора намудани ҷузъу том, муайян ва мутобиқ намудани вазъи рӯҳию равонии ҷанговарон, омода будан ба ҳуҷуми мусаллаҳонаи нобаҳангом, тартиби бурдани хизмати қаровулӣ, ҷобаҷогузории нарияди шабонарӯзӣ, роҳандозӣ намудани тадбирҳои муҳим дар самти ҳимояи шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва умуман дигар мавзуоти марбут, ки ба сатҳи омодагии ҳамаҷонибаи хизматчиёни ҳарбӣ зарур мебошад, мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода шуд.

Дар қисмати амалии машғулиятҳо, иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ оид ба коркард ва ташкили амалиёти мусаллаҳонаи ҳарбӣ, тирпарронӣ аз силоҳу муҳиммоти сабуки ҷангӣ, истифодаи техникаҳои мухталифи ҳарбӣ, шиносоӣ бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муҳандисӣ-сапёрӣ, омодагии варзишӣ ва аз рӯйи дигар мавзуоти марбут ба машғулиятҳои омӯзишӣ дар назди масъулини раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ санҷиш супурданд.

Маврид ба зикр аст, ки вобаста ба мавзуъҳои гуногуни соҳавӣ дар чунин ҷамъомадҳои методӣ-таълимӣ ҳар дафъа талаботи нав ва навовариҳои зиёде ворид карда мешаванд. Зеро, авзои пуртазоди ҷомеаи муосир низомиёни ҳама зинаҳо ва мартабаҳоро ба он водор менамояд, ки донишу малака, маҳорати касбӣ ва таҷрибаи соҳавии худро пайваста сайқал диҳанд ва дар ҳамагуна вазъият бар зидди таҳдиду хатарҳои эҳтимоливу воқеӣ омода бошанд.

Бо ҳамин тартиб, ҳамасола роҳбарият ва масъулини Вазорати мудофиа бо ташкилу баргузор намудани чунин ҷамъомадҳои методӣ-таълимӣ ҳадафмандона кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки иштирокчиёни машғулиятҳо аз ҳамдигар таҷрибаомӯзӣ кунанд, донишу малакаи хешро сайқал диҳанд, роҳу усулҳои нави омӯзиширо дар қисму воҳидҳои низомии зертобеи худ амалан ҷорӣ созанд ва муҳимтар аз ҳама, дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ бо масъулияти баланд ва содиқонаву софдилона муносибат намоянд.

Барои маълумот ёдовар мешавем, ки ҳамасола чунин ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ вобаста ба давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз аввали моҳи январ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даври дуюм бошад, аз якуми июл шурӯъ гардида, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр ба охир мерасад ва зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ сатҳи иҷрои талаботи ба давраҳои таҳсил пешбинишуда таҳлилу баррасӣ гардида, фаъолияти хизматии афсарону сарбозони тамоми зинаҳо мавриди санҷиш ва баҳогузорӣ қарор дода мешаванд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

полковник  

Previous Post

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook