Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

УМЕДА АБДУҚОДИРОВА — МОДАРЕ, КИ ТАВОНИСТ СЕ ФАРЗАНДИ ХУДРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ НАМУДА БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ГУСЕЛ НАМОЯД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.10.2025
in Мақола
0
УМЕДА АБДУҚОДИРОВА — МОДАРЕ, КИ ТАВОНИСТ СЕ ФАРЗАНДИ ХУДРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ НАМУДА БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ГУСЕЛ НАМОЯД
0
SHARES
83
VIEWS
Share on Facebook

Чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бомаром идома дорад.

Ҳамарӯза, ҷавонони зиёд ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир гардида, омодагии худро баҳри иҷрои рисолати бузурги ватандорӣ иброз медоранд. Намунаи барҷастаи ин сафарбар гардидани се нафар даъватшаванда аз як оила дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад.

Аз даъват ва рафти хизмати ҳарбии онҳо аллакай ду ҳафта сипарӣ гардидааст. Дар ин давра бо дастури вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Собирзода Эмомалӣ гурӯҳи эҷодии Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо намояндагони Комисариати ҳарбии вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки бо падару модари Ҳасан, Ҳусейн Абдуқодировҳо ва Абдуқодир Абдуқодиров аз наздик ошноӣ пайдо намуда, рӯзгори пурнишоту ифтихорбори ин оилаи хушбахту сарфарозро инъикос намоянд.

Воқеан, тарбия аз оила оғоз гардида, дар муҳити солими ҷомеа боз ҳам такмил меёбад. Аз сӯҳбати падару модар, пайвандону наздикон ва ҳамсояҳо, ки моро дар хонаи Абдуқодировҳо ҳамроҳӣ доштанд маълум буд, ки онҳо фарзандони худро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, дӯст доштану хизмат кардан ба халқу Ватан тарбия намуда, муқаддас шумурдану гиромӣ доштани ин марзи аҷдодиро меомӯзонанд. Маҳз, тарбияи хуб ва дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ба камол расонидани фарзанд мебошад, ки имрӯз падру модар бо сари баланд ва ифтихори бузург ҳарф мезананд.

Ин оилаи хушбахту намуна барои аҳли ҷомеа дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамомати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен умр ба сар мебаранд. Рӯзгори аҳлонаву шарафмандона доранд ва ин ташаббуси неку оқилонаашон дар пайи тарбияи хуби оилавӣ боз ҳам намунаи олии ватандӯстӣ ва пайравӣ аз сиёсати сулҳпарваронаву ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №14-и ноҳияи Спитамен, соли ҷорӣ Ҳасан ва Ҳусейн бо маслиҳати падару модар тасмим мегиранд аввал хизмати ҳарбиро ба ҷо оранд ва баъдан шомили яке аз муассисаҳои олии касбии мамлакат гардида, соҳибмаълумот шаванд. Абдуқодир бошад соҳиби маълумоти касбӣ аст. Амали ӯ воқеан сутуданист. Зеро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан хост ҳамроҳу ҳамсафар ва ҳамхизмати бародаронаш бошад.

Ҳамин тавр, пас аз маслиҳату машварати падару модар се бародари хуштолеъ бо тартиби муқарраргардида ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен даъват карда мешаванд.

Бо ҳозир гардидан ба комиссариати ҳарбӣ онҳо ҳамаҷониба аз омӯзиши пешакӣ ва комиссияи тиббии ноҳиявӣ гузашта, ба нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ ҳозир мегарданд ва баъд аз омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба аз ҷониби комиссияи даъватии вилоятӣ хоҳиши даъватшавандагон Абдуқодировҳо оиди дар як қисми ҳарбӣ хизмат намуданашон қонеъ гардонида мешавад ва онҳо баҳри ба ҷо овардани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.

Бо шомил гардидан ба қисми низомӣ се бародари навдаъватшуда ба хизмати ҳарбӣ номи наваскарро гирифтаанд. Чун либоси ифтихорбори низомӣ бар тан доранд, онҳо дарсу машғулиятҳои ибтидоии ҳарбиро аз худ менамоянд ва пас аз ёд намудани савганди ҳарбӣ дар оянда ҳамчун муҳофизони ҳақиқӣ ба Модар — Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Он рӯз хонаводаи Абдуқодировҳо ба аёдати фарзандони худ ба қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ дар гарнизони Суғд омаданд. Волидайни сарбозон меҳмони ифтихории қисми ҳарбӣ буданд. Роҳбарият ва ҳама ҳайати шахсӣ ба падару модар барои чунин тарбияи хуб ва дар роҳи мардонагӣ таълим додани фарзандон аҳсан мехонданд.

Баъд аз зиёфати сарбозӣ аҳли хонаводаи Абдуқодировҳо бо роҳнамоии афсари самти корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ бо худуд ва атрофи қисми ҳарбӣ шинос гардида, аз ҷойи хизмат, шароити буду бош, хобгоҳу ошхонаи сарбозӣ ва дигар шароиту имкониятҳои пешбинигардида ба хизмати ҳарбии фарзандони сарбозашон дидан намуданд.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник 

Previous Post

ИФТИТОҲИ РАСМИИ МАШҚҲОИ МИНТАҚАВИИ «БИРЛИК-2025»

Next Post

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook