Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

“ТОҶИКОН” — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
04.12.2023
in Хабар
0
“ТОҶИКОН” — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
0
SHARES
523
VIEWS
Share on Facebook

Фарзанди барӯманду оламшинохти тоҷик Бобоҷон Ғафуров парвардаи муҳити илмиву эҷодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии асри ХХ буда, тавонист аз имкониятҳои фароҳамовардаи айём истифода барад ва таърихномаи миллати худро, ки орзуи ҳамешагиаш буд, бо номи «Тоҷикон» ба вуҷуд оварад. Ин асари бунёдӣ соли 1972 аз тариқи нашриёти бонуфузи «Наука»-и шаҳри Москва бо забони русӣ чоп шудаву дастраси мухлисону ҳаводорони таърихи халқи тоҷик гардид.

Маҳз кӯшишу ғайрат ва ҷасорати илмии Аллома Бобоҷон Ғафуров буд, ки таърихи халқи тоҷик нигоштаву бо ин васила номи муаллифи китоб шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард. Тавассути мутолиаи ин китоб хонанда огоҳ мегардад, ки «гузаштаи халқҳои Шарқ, аз он ҷумла тоҷикон» фақат «аз силсилаи беинтиҳои ҷангу ҷидолҳо ва табаддулоти дарборӣ» иборат набуда, балки «баъзе маълумоти роҷеъ ба таърихи маданиятро дучор омадан мумкин аст» (Тоҷикон. — Душанбе, 2022. — С.19). Ба қавли файласуфи тоҷик Акбар Турсонзод «Тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин халқҳои мутамаддинанд, ки саҳмашон ба ганҷинаи илму фарҳанги ҷаҳон кайҳост мавриди эътибору эътирофи оламиён қарор гирифтааст» (Турсонзод А. Қирони саъд. – Душанбе: Ирфон, 1986. — С. 3.).

Муҳаққиқи ҷӯяндаву бедордил Бобоҷон Ғафуров аввал заминаҳоро барои ба вуҷуд овардани асари барҷаставу пурҳашамате устувор поягузорӣ карда, ҳамзамон дар ин самт омӯзишро вусъат мебахшад, мавод гирд меоварад, бозёфтҳои бостошиносонро меомӯзад, мақолаҳо иншо мекунад, ҳуҷҷату санад ва мадракҳои дастрасро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, таҳлилу баррасӣ менамояд, дар деги тафаккур мепазонад.

Дар заминаи омӯзишу пажӯҳиш ва талаби айём даставвал бо ҳамқаламии Н. Прохоров китоби «Халқи тоҷик дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолияти худ»-ро соли 1944 бо забони русӣ рӯи чоп овард. Дар он анъанаи қаҳрамонию паҳлавонии аҷдодонамон дар мавриди марзу бумпарастӣ, ҳифзи сарзамин аз ҳуҷуми аҷнабиёни забткору ғоратгар ва хуношом воқеъбинона инъикос шуда, бо ин васила дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳифзи сарзамин ва хоки поки он аз хасми нопок ворисони Спитамен, Абӯмуслим, Муқаннаъ, Темурмалик ва Восеъ барин қаҳрамонон ба майдон омада, душманро то лонааш саркӯб намудаву маҳв гардониданд.

Соли 1947 роҷеъ ба таърихи тоҷикон аз ҷониби Бобоҷон  Ғафуров асаре бо номи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» чоп шуд. Дар ин китоби пурмуҳтавою васеъманзар муҳаққиқ бо далелҳои раднопазири таърих илман исбот кардааст, ки «тоҷикон қадимтарин халқи бумии Осиёи Миёна мебошанд», «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» асарест, ки дар авроқи он саҳифаҳои хираи халқи тоҷик рӯшан инъикос шуда, бо ин васила муаллифи он бунёдгузори илми тоҷикшиносии ватанӣ шинохта шуд.

Барои бештар муаррифӣ кардани таърихи халқи тоҷик ва ба доираи васеи аудиторияи гуногунзабон манзур гардонидани он муаллиф ин асарро соли 1949 бо забони русӣ ба табъ мерасонад, ки баъдан солҳои 1952, 1955 бо тавзеҳу иловаҳо боз ду маротибаи дигар бо ин забон чоп мешавад. Бо ин васила ҳам обрӯю нуфузи нигоранда афзун ва ҳам доираи мутолиакунандагонаш аз ҳисоби хонандагону муҳаққиқоне, ки забони русиро хуб балад буданд, васеъ мегардад. Ибораи «таърихи мухтасар» дар унвони китоб як ҳадафи ниҳоии муаллифро дар худ ниҳон медошт, яъне нигоштани таърихи муфассали он ҳам дар мади назар дошта шуда буд.

Ҷустуҷӯву омӯзиш имкон фароҳам овард то Бобоҷон Ғафуров  ба вуҷуд овардани китоби бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ҳамроҳи як гурӯҳи бонуфузи таърихнигорон ширкат варзад. Ин китоб, ки Бобоҷон Ғафуров ҷилдҳои якумашро бо академик Б. А. Литвинский ва дуюмашро бо А.М. Беленитский таҳрир намудаву дар омода кардани ҷилдҳои дигараш низ саҳми бевосита дошт, солҳои 1963-1965 дар се ҷилду панҷ китоб нашр гардид.

Баъди директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин гардидан Бобоҷон Ғафуров фаъолияташро пурра ба корҳои илмиву ташкилӣ нигаронида, таҳқиқи таърихи пурвусъати тоҷиконро аз мадди назар дур нагузошт ва он ба шуғли доимии ин олими нуктасанҷу дақиқкор табдил ёфт.

Маҳз дар ҳамин давраи босамару доманадор Бобоҷон Ғафуров бомасъулияти дучанд ба таълифи китоби «Тоҷикон» оғоз кард. Натиҷаи ҷустуҷӯву омӯзиш шароит фароҳам овард, ки нигорандаи таърихи ниёгони некном «доир ба таърихи тоҷикон маводи зиёди илмӣ ҷамъоварӣ менамояд, сарчашмаҳои наву нодир дарёфт мекунад, аз асарҳои олимони англис, олмонӣ, амрикоӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва эронӣ истифода мебарад ва китобро бо такя ба дастовардҳои охирини илми матншиносӣ, таърихнигорӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, антропология ва бостоншиносӣ барои нашр омода мекунад», ки соли 1972 бо теъдоди 10 ҳазор нусха дар Москва бо забони русӣ чопу дастраси хонанда мегардад.

Китоби «Тоҷикон» ва номи муаллифи он аз рӯзҳои аввали чоп таваҷҷӯҳи муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ, доираи васеи хонандагонро ба худ ҷалб менамояд ва дар як муддати кӯтоҳ ба фурӯш меравад. Мухлисону ҳаводорони таҳқиқ барои дастрас кардани он тавассути телефон ба нашриёту бевосита ба муаллиф муроҷиат кардаанд. Албатта, теъдоди даҳ ҳазор нусха барои мутолиагарони як мамлакати сераҳолии ҷаҳон- ИҶШС- и он вақта хеле каму нобасанда буд.

Аввалтар ва аз ҳама бештар номи китоб, яъне «Тоҷикон» таваҷҷӯҳи ҳаводоронро ба худ ҷалб намуда буд, чунки бо ин ном чопи ин қабил асарҳоро дар он замон иҷозат намедоданд. Обрӯву нуфуз ва мавқеи илмиву ҷамъиятии муаллиф барои нашри китоб бо ин унвон мусоидат кардааст. Муаллиф дар ҷараёни нигоштани асари пурмӯҳтавои худ этикаи илмиро риоя карда, ба иззати нафси дигар миллатҳо нарасида, дар асоси методологияи пешқадами он замон машҳур — марксистӣ-ленинӣ мавзӯи доманадорро объективона таҳқиқу баррасӣ менамояд.

Воқеан ҳам китоби «Тоҷикон» дар такя ба сарчашмаю манбаъҳои илмию адабӣ ва таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносию сиккашиносӣ, ҳуҷҷату санад ва мадракҳои нодири то солҳои 70-и асри гузашта дастрас навишта шуда, зимни мутолиаи он хонанда аз ташаккулу таназзулҳо, таҳаввулу бурду бохтҳо, комёбиву нокомиҳо, ҷабру ҷафоҳои таърих, дастовардҳои илмию фарҳангӣ, ҷасорату матонати қаҳрамонону паҳлавонони майдонҳои набарду корзор, марзу бумпарастони диловару шуҷои бонангу ор, муҳофизону синасипарони миллату меҳан, абармардони давлатсозу ваҳдатофар, ҷонфидоҳои худшиносу худогоҳ  огаҳӣ  ёфта,  сабақи ҳаёту зиндагӣ меомӯзад.

Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳам мисли китоби «Намунаи адабиёт»-и С. Айнӣ, ки дар ибтидои асри 20, дар давраи бисёр ҳассосу сарнавиштсоз мавҷудияти миллати тоҷикро, соҳибмулку соҳибдавлат будани онро собит кард, рисолати худро дар давраи минбаъда ба ҷо овард, ба муаллифаш умри ҷовидон бахшида, ҳамчун асари мондагори безавол дар ин замонаи пурзиддияту сермониаи ҷаҳонишавӣ пояҳояшро боз ҳам қавӣ мегардонад.

Бахусус, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳасари «Тоҷикон» ва муаллифи он Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ҳамарӯза афзуда, маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат ин асари оламшумул чандин маротиба бознашр шуда, охиран дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид шуд, ки «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем» (с.7). Дар ҳамин замина «бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар ройгон дастрас гардид», ки ин рӯйдоди фараҳбахши тахрихӣ ба ҳисоб меравад.

Саъдулло Ҳайдаров,

устоди ДМТ

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ ПЛЕНАРИИ КОНФРОНСИ 28-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СММ ДОИР БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БОБОҶОН ҒАФУРОВ – БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК», БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БОБОҶОН ҒАФУРОВ – БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК», БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

СУХАНРОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БОБОҶОН ҒАФУРОВ – БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК», БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook