Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

«ТОҶИКОН» — ВАСИЛАИ ТАҲКИМБАХШИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.08.2023
in Хабар
0
«ТОҶИКОН» — ВАСИЛАИ ТАҲКИМБАХШИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
0
SHARES
160
VIEWS
Share on Facebook

Исми академик Бобоҷон Ғафуров дар миёни чеҳраҳои мондагор бо як қатор ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Яке аз хидматҳои шоистаи ин фарзанди фарзонаи миллат эҳёи омӯзиш ва таҳқиқи таърихи пурифтихори халқи куҳанбунёд ва фарҳангофари тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар замоне Бобоҷон Ғафуров ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи миллат рӯ овард, ки вазъи мафкуравии ҷомеа дар ҳоли мураккаб қарор дошт.

Ташаббуси ӯ боис шуд, ки раванди таназзули афкори таърихии ҷомеа ба охир расида, саҳифаҳои аз хотираи таърих фаромӯшгардида аз нав эҳё гардад. Мактаби ташкилкардаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи шинохти таърихи миллат боис гардид, ки минбаъд дар ин замина муаррихини зиёде ба саҳнаи илм ворид гарданд. Мактаби таърихнигории тоҷик маҳз бо талошу заҳмати ҷонфидоёнаи академик Бобоҷон Ғафуров ташаккул ва рушд кард. Ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»–ро соли 1947 таълиф намуд. Дар тақризи он устод Садриддин Айнӣ ин падидаро «ҳодисаи бузург» номид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори худ зимни муаррифии китоби «Тоҷикон» онро «шиносномаи миллати тоҷик» ва заҳмати сисолаи академик Бобоҷон Ғафуровро «хидмати рустамона» арзёбӣ карданд. Чунин арҷгузориҳо ба хидматҳои шоёни арбобони илму фарҳанг ҳикмати «Бузургонро бузургон зинда медоранд»–ро пеши назар меорад. Китоби «Тоҷикон» арзиши баланди илмӣ дошта, муаллиф дар рафти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз ду ҳазор адабиёти илмӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ истифода намудааст. Яке аз хусусиятҳои хоси китоб дар он ифода меёбад, ки муаллиф пурра принсипҳои илмӣ-таҳқиқотиро истифода намудааст.

Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар изҳор доштанд, ки «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»–ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд». Тавре ки маълум аст, китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи тоҷик дастрас гардид. Бо мақсади тадбиқи ҳадафи ин иқдом 7 июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки дар асоси он соли 2023 ба муносибати 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат, воқеан, падидаи ниҳоят арзишманд, беназир ва мондагор аст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва ҳаҷми маблағи умумии он аз фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад, ки 1 млн 480 000 сомониро ташкил медиҳад. Гап сари он аст, ки Пешвои миллат ин андоза маблағҳои калонро ба хотири босавод гардонидани миллат ва аз роҳи илму дониш расидан ба саодати зиндагӣ ҷудо мекунанд.

Чанд нуқтаро бояд ба таври ҷудогона зикр намуд, ки аз муҳимият ва мубрамияти Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» далолат мекунанд.

Дар асри технологияи иттилоотӣ, ки ба истилоҳ асри тамаддуни иттилоот низ ном мебаранд, муборизаҳои иттилоотӣ ченаки асосии мавқеи ҷомеаҳо гардидааст, мо ба таърих рӯ меорем, то дар муборизаҳои иттилоотӣ бо иттилооте иштирок намоем, ки ҳувияти моро муаррифӣ мекунад ва аз манфиатҳои милливу давлатии мо дифоъ менамояд. Яъне таърих низ иттилоот аст, маълумот аст, ба ин манзур, ки дар маҷмуъ, донишҳои таърихии мо дар набардҳои иттилоотӣ ҳамчун сипар хидмат намояд. Ҳамон гуна, ки устод Садриддин Айнӣ гуфта буд: «Мо бояд таърихро ҳамчун сипар истифода барем».

Китоби «Тоҷикон» сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳсуб ёфта, озмуни ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Вақте ифтихори миллӣ дар заминаи донишҳои амиқи илмӣ ташаккул меёбад ва мафкура дар доираи ормонҳои миллӣ шакл мегирад, пас, ваҳдати комил, истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ низ устувору пойбарҷо аст.

Насли имрӯзи меҳан дар рафти омӯзиши ин шоҳасар аз сарнавишти ниёгони хеш бо тамоми ҷанбаҳояш ошно мегардад. «Тоҷикон» инъикосгари муборизаҳои оштинопазири ниёгони тоҷикон дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ба муқобили аҷнабиён аст. Ҳамчунин, дар китоб ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои мондагори миллат сабт гардидааст, ки барои насли имрӯз, махсусан, ҷавонон намунаи олии дарси ибрат мебошад.

Ҷавононро мебояд, ки ин китобро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёгони шарафманди хеш баҳри рушди ин Ватану миллат талош намоянд.

 

 Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА

ректори ДМТ

 

Previous Post

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛИЮ МИНТАҚАВӢ

Next Post

РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД

РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook