Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.07.2021
in Хабар
0
ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ
0
SHARES
83
VIEWS
Share on Facebook

Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд»

Эмомалӣ РАҲМОН

Терроризм ва экстремизм, яке аз зуҳуроти номатлубу хатарзоест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳамасола дар самти пешгирӣ аз ин вабои аср, созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва давлатҳои алоҳида барномаҳои гуногун тарҳрезӣ менамоянду дар байни мардум чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Новобаста аз ин, вабои мазкур ба ҷойи кам шудан, амиқтару чуқуртар дар ҷаҳон реша давондааст. Ҷомеаи ҷаҳон аллакай эътироф намудаанд, ки террорист бераҳмтарину қотилтарин гурӯҳи ҷомеа аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш изҳор дошта буданд, ки «Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати ҳиссагузор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта мешавад. Барои пешгирӣ аз терроризму экстремизм, Президенти мамлакат борҳо дар минбарҳои баланди созмонҳои бонуфуз пешниҳодҳои назаррас намудаанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мамнуният пазируфта шудааст. Ҳамчунин, кӯшишҳои Пешвои миллат дар масъалаи сулҳи ҳамсоякишвари мо- Афғонистон шоистаи таҳсин  аст.

Пешвои муаззами миллат, зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ, дар баробари дигар масъалаҳо, терроризм ва ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро мавриди таҳлил қарор доданд.

«Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро, пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ кардани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд»-, зикр гардид, дар Паёми имсола.

Пешвои миллат аз гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Зеро, ҷавонон насли ояндасози миллат ба шумор мераванд ва тарбияи дурусти онҳо дар роҳи хештаншиносӣ кафили ояндаи дурахшони давлату миллат аст.

Боиси таассуф ва нигаронист, ки хоинону нотавонбинон берун аз кишвар, бо мадади хоҷагони хориҷиашон ба сӯйи давлати Тоҷикистон сангпартоӣ мекунанд. Ҳарчанд ин амали онҳо шабеҳи аккоси саг аст, ки ҷуз нороҳат намудани гӯшҳо зиёне надорад, аммо ба ҳар ҳол мо бояд эҳтиёткориро аз даст надиҳем.

«Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд»,-таъкид гардид дар Паёми имсолаи Сарвари давлат.

Дар ҳалли ин мушкилот низ Пешвои миллат такя ба мардум намуда, иброз доштанд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони  бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».

Дар идомаи Паём Пешвои миллат, Прокуратураи генералиро вазифадор намуданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони худогоҳу хештаншиноси Тоҷикистон, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, ҳамеша муқобили терроризму экстремизм буданд ва оянда низ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин зуҳуроти номатлуб аз рӯйи ҷаҳон решакан шавад.

Шоҳин Шарифов

рӯзноманигор

   

 

Previous Post

ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Next Post

Терроризму ифротгароӣ — амали поймолсозандаи номуси миллӣ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Терроризму ифротгароӣ — амали поймолсозандаи номуси миллӣ

Терроризму ифротгароӣ - амали поймолсозандаи номуси миллӣ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook