Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТОҶИКИСТОН ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.07.2021
in Хабар
0
ТОҶИКИСТОН ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ
0
SHARES
190
VIEWS
Share on Facebook

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои хеш зимни вохӯриву мулоқот бо намояндагони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар  мавриди таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ сухан карда, доир ба ин мушкилоти ҷомеаи муосир пайваста таъкид менамоянд. Сарвари давлат чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Дар ибтидо намояндагони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, амсоли Амрикову Аврупо ва дигар кишварҳои тараққикарда гумон мекарданд, ки масъалаи терроризму экстремизм мушкилоти Тоҷикистон ва ё Осиёи Марказӣ бошад, вале пас аз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2001 Амрико пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди муқовимат бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддирро дастгирӣ намуд ва ин пешниҳоди Пешвои миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

-Танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд. Аммо ин падидаи номатлуб, аллакай хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд»,-зикр намуданд, Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои сатҳи ҷаҳонӣ, доир ба терроризму ифротгароӣ.

Ҳамчунин, Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои хеш чун раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризмро таъкид сохта, иброз намуданд, ки сӯистифода аз арзишҳои волои дини ислом боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст. Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо  масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро, доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ то рафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла, дар кишвари ҳамсоя-Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим дорад. Хусусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронии ҳамсоя рӯ ба рӯ  аст, барои таъмини суботу амнияти ҳаётӣ мавқеи муҳим дорад. Марзи имрӯзаи ҷанубии мо марзи одии байни ду давлат нест, балки марзи байни суботу бесуботӣ, байни амнияту ноамнӣ, байни низомҳои сиёсии озоду дунявӣ ва идеологӣ, байни арзишҳои муосир ва тунд мебошад. Аз мо ба самти шимол, яъне Тоҷикистон то Русияву Аврупо, минтақаи орому босуботи ҷаҳон, аз мо ба самти ҷануб, яъне аз Афғонистон то Ховари Миёна минтақаи ошуфтаву пурихтилофи олам.

Воқеан, имрӯз Тоҷикистон ва марзи давлатии Тоҷикистон хатти пеши сангари ҷаҳони мубориза бар зидди ифротгароию экстремизму терроризм, хатти муқаддами ҷабҳаи муборизаи байни амнияту нооромӣ ва рӯшанию торикӣ гаштааст. Зеро, агар ифротгароӣ аз ин марз гузарад, аз ин ҷо то умқи қаламрави Русия дар баробари он дигар марзи устуворе  нахоҳад буд, чунки агар буҳрону бесуботӣ вориди ин ҳавза шавад, аз ин ҷо то саросари Осиёи Марказӣ ва то марзи Чину дохили Русия ба осонӣ паҳн хоҳад гашт.

Мусаллам мегардад, ки имрӯз хатарҳои терроризму экстремизм ҳар лаҳза шакл гирифта, барои мардуми сайёра таҳдиду хатарҳоро эҷод мекунад. Барои мувоҷеҳ нагардидан бо ин вабои аср, маҳз иттиҳоду сарҷамъии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон зарур аст.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.Метавон мавқеи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои сулҳхоҳи минтақаро дар пешгирӣ намудани  ин вабои аср мавриди ситоиш қарор дод.

Азимҷон БАДАЛОВ

рӯноманигор

 

 

Previous Post

ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ: КИҲО ШОМИЛИ ОН МЕШАВАНД?

Next Post

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И  БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook