Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ-сиюмин солгарди Истиқлолу озодии Ватани азизамон рост омад, ки дар он гуфта шудааст:“Вазифаи аз ҳама муҳим-ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.
Роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки муҳайё кардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангӣ, омӯзиши касбии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, риояи қатъии интизоми хизматӣ, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан, кирдорҳои коррупсионӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд”.
Ба ин нуктаҳои арзишманди сиёсию илмӣ метавон гуфт, ки бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ, мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз баракати истиқлол марҳила ба марҳила қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бинобар ин, ҳар сол дар таърихи 9-уми сентябр мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон-Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза пешвоз мегиранд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирӯзиҳои сулҳу субот медиҳад. Зеро, он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои шабонарӯзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар тӯли сӣ сол талошҳо доштанд, ки ба ин рӯзи сайид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърихӣ гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад, таҳти парчами истиқлоли ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои файзи истиқлоли суботи комили сиёсӣ умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Маҳз бо эътимоду боварӣ метавон гуфт, ки дар ҳама гуна замонҳо нақши ҷомеасозиро шахсиятҳои ҷовидон бозидаанд, ки дар авроқи таърихи башар бори гарони давлатдорӣ ва тақдири миллатҳо дар лаҳзаҳои ноҳинҷори ҳалокат қарордоштаро бар уҳда гирифтаанд. Дар ин маврид, қобили зикр аст, тайи ҳазорсолаҳо чеҳраҳои ҷовидонае, ки мисли Куруши Кабир, Дориюш ва дигаронро дармеёбем, ки мисли пешгомони хеш заҳмат кашида давлат сохтанд. Асосгузори давлати тоҷикон-Исмоили Сомонӣ, марди хираду хоксор барои истиқлол ва ягонагиву комилҳуқуқии халқҳоямон мубориза бурда, барои мардумони ориёнамон давлати соҳибному соҳибмақоми мустақилро дар сафҳаи таърихи башар ба оламиён муаррифӣ намуд. Ин давлат пуршукӯҳу пуриқтидори тоҷикон, бо номи Сомониён беш аз 100 сол арзи вуҷуд кард, дар ҳақиқат, намунаи беҳтарини давлатсозонаи худро то ба ҳанӯз ҳамчун мактаби давлатдорӣ нигоҳ медорад.
Бо ифтихормандӣ зикр менамоем, ки кишвари мо баъди ҳазор сол соҳибистиқлол шуд ва ҷумҳурии азизамон бо номи Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон намуд. Аз ин ҷост, ки агар Исмоили Сомонӣ девори Бухоро муаррифӣ гардида бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қалъаи бегазанди Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Ҳамин тавр, тоҷикон аз қадимтарин сокинони қитъаи Осиё маҳсуб мешаванд ва дорои илму фарҳанг ва шеъру адаби ҳазорсола мебошанд. Онҳо дар байни дигар қавму миллатҳо аввалин шуда, дар паҳнои Осиёи Марказӣ давлати миллии худро ташкил додаанд, ки асрҳо боз бо номи давлати Сомониён ва Оли Сомон машҳур аст. Ин давлат, боз бо сиёсату сохти давлатдорӣ, адолатпарастӣ ва илму фарҳанг дар таърихи башарият нодир буда, асоси пешрафти сиёсиву давлатдории кулли давлатҳои баъдина дар Осиёи Марказӣ шудааст.
Вақте сухан дар бораи Истиқлоли комили сиёсӣ меравад, пеши назар симои-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, сарвари оқилу хирадманди кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад. Тавре, ки дар китоби арзишманди Пешвои миллат “Уфуқҳои Истиқлол” омадааст: “…Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки кишвар ва мардуми худро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва ҷойгоҳи мустақил ва сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин сохт. Дар айни замон, Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намуд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуд. Тавре, ки дар ин бора ёдовар шудем, давраи ҳассосу мураккабтарин, яъне марҳалаи эҳё, барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдории миллии Тоҷикистон бомуваффақият пушти сар гардидааст, ки он дастоварди асосӣ ва меҳвари сӣ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.
Дар баробари ин, мо хуб дарк мекунем, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва мушаххасоти геополитикии он, аз ҳар яки мо диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро талаб менамояд.Зеро таърихи начандон тӯлонии давлатдориамон собит менамояд, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният, манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ, нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукунҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Аз ин рӯ, волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст. Барои таҳкими оромиву суботи ҷомеа, мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Истиқлоли Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Зеро хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бонангу номуси миллат аст.
Доир ба ин, ҳар як хизматчии ҳарбӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад. Дар марҳилаи имрӯза, мо бояд беш аз ҳарвақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дилу поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми намунавӣ кору фаъолият намоем.
Дар хулосаи сухан, ба истиқболи арзандаи ин ҷашни бузург, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, саломатӣ ва барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон Ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвари азизамон зиндагии хушу хуррам ва файзу баракати Истиқлол пойдор бошад. Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳомиёни Ватан!
Маҳина ТАБАРОВА, муфаттиши
Шуъбаи тафтишотии Прокуратураи
ҳарбии гарнизони Душанбе,
лейтенанти адлия