Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.12.2024
in Мақола
0
ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД
0
SHARES
106
VIEWS
Share on Facebook

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум бо ҳам пайваст мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияти давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу низоъҳои мазҳабӣ, шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида, таҳлилҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат бешак таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра расонда, боиси бехонаву дар, Модар-Ватан, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адоват байни дину мазҳабҳо ва халқу давлатҳо шудааст.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои дурандешу нуқтасанҷи миллат аст, ки борҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳангоми баромадҳояшон ба ин «Вабои аср» ишоратҳо намуда, мегӯяд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдидие ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».Воқеан, ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байёнгари он аст, ки терроризм ва экстремизм ҳеҷ иртиботе ба дину оинҳои исломӣ ва арзишҳои умумишиносӣ надоранд. Онҳо зери шиорҳои «бозгашт ба салаф» байни мардум нофаҳмиву иғворо ба вуҷӯд меоранд. Мутаассифона, афзоишёбии гурӯҳҳои ифротгаро ба амният ва фазои суботу Ватани азизи мо низ бетаъсир намонда, бо ҳар роҳу восита фазои осоиштаи ҷомеаро халалдор месозад. Дар солҳои аввали истиқлолият баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ тавассути ваъдаҳои бардурӯғ хостори ғасби ҳокимият шуда, сабаби куштори ҳазорон шахсони бегуноҳ,бадбахту мусибатзада шудани оилаҳо гардиданд. Мутаасифона, дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷидӣ эҷод намуда истодааст.

Агар солҳои 90-уми асри XX ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз камиттилоотии мардум истифода бурда бошанд, имрӯз тавассути тарғиби идеологияҳои махсуси динӣ ва ваъдаҳои пулию молӣ ашхоси аз дину илм бехабарро ба доми худ мекашанд. Яке аз сабабҳои асосие, ки шахс ва ё ҷомеаву давлат ва миллатро ба вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ месозад, ин камсаводиву тангназарӣ пайравии кӯркӯрона ба ҳар гуна идеология ва таълимоти иртиҷоӣ мебошад. Хеле ба маврид аст, ки суханҳои ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала баён намоем,ки эшон зикр намудаанд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд…мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ , таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ин зуҳурот номатлуб метавонанд пояҳои давлатро низ заиф гардонанд».

Ин гуфтаҳои Пешвои миллат баёнгари он мебошад, ки хатару таҳдидҳои терроризм таъсири манфи худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мерасонанд ва чунин амалҳо метавонанд шахсро ба анҷом додани ҳама гуна амалҳои номатлуб равона созанд. Мо тоҷикон нисбат ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсонро гузошта, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор диҳем, маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва динии ҷавононро баланд бардорем ва зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузорем, пас мо метавонем бар зидди чунин падидаҳои номатлуб истодагарӣ намоем ва ҷомеаи солиму ояндадорро созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ моро ба ин мақсад мерасонад. Аз ин рӯ, дастаҷамона бар зиди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон бурдан зарур аст. Дар чунин шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Ҳанифамоҳ ШАРИФОВА,

корманди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

 ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Previous Post

ОБ МАНБАЪ ВА САРЧАШМАИ ҲАЁТИ ТАМОМИ МАВҶУДОТ АСТ

Next Post

БАР ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ МУҚОВИМАТ БОЯД КАРД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БАР ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ МУҚОВИМАТ БОЯД КАРД

БАР ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ МУҚОВИМАТ БОЯД КАРД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook