Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТЕРРОРИЗМ- МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.11.2021
in Хабар
0
ДОИШ-СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ
0
SHARES
150
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамолики олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Ҳамарӯза тариқи Васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ пайдо мекунем, ки дар ҷомеаи ҷаҳон амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд. Таассуфовар он аст, ки дар ин ҳамлаҳо бештар шахсони бегуноҳ ва занону кӯдакон зарар мебинанд. Агар чӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлубу нафратовар, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд ҳам, лек зуҳури терроризму экстремизм ва дигар амалҳои таҳдидовару хатарнок ҷомеаи ҷаҳонро сахт нигарон кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи як Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ин нуктаро хуб матраҳ намудаанд:- «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».

Имрӯз истилоҳоти «терроризм, экстремиз, радикализм» ва ғайра ба муаммои ҳалталаби сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мутаассифона Тоҷикистони мо низ аз ин муаммову мушкилот дар канор нест. Экстремистон барои расидан ба мақсаду ҳадафҳои ғаразнокашон ҷавононро аслиҳаи худ қарор додаанд. Зеро ашхоси ифротгар хуб медонанд, ки мафкураи ҷавонон дар айни инкишоф аст ва онҳо завқу рағбати зиёди донистанро доранд. Онҳо ба навдае монанд ҳастанд, ки ба кадом самт гардиш диҳӣ, ба ҳамон самт месабзанд. Яъне қурбонии терроризм асосан ҷавонон маҳсуб меёбанд. Бинобар ин ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омил ва мақсади шахсони ифротиро биомӯзанд ва барои рафъи он кӯшанд то амнияти кишвар ҳифз гардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва алалхусус падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои асосии мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши ҷомеа, фарҳанг ва ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавони миллат дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ- маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Аз ин рӯ барои пешгирӣ намудан аз ин зуҳуроти номатлуб, бояд ҳама аз як гиребон сар бароранд. Пешвои миллат низ доир ба ин масъала дар як баромади хеш зикр намуданд, ки -«Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ, тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа  мебошад»

Аз байн бурдани ин падидаи номатлуб кори осон нест, вале имконпазир аст. Қадами аввал дар ин ҷода ҳар чӣ бештар босаводу маърифатнок гардонидани ҷомеа, махсусан ҷавонон мебошад. Муҳтоҷиву дастнигарӣ ҳам яке аз омилҳои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ арзёбӣ шудааст. Шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар зиёиёну фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ Истиқлоли Ватани хешро аз ҳама хатару фишорҳо эмин нигоҳ доранд ва бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, бо меҳнати софдилона ва бо дарки садоқат ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии мардумро бедор созанд. Бовар бар он дорам, ки ояндаи Тоҷикистони мо аз ин ҳам шукуфотар мегардад. Мо фарзандони содиқу бовафои ин Ватан имкони таъмини ҳамаи ин арзишҳоро дорем. Пас, барои иҷрои ин масъулият, барои ҳифзи ин хоку Ватан бояд шурӯъ аз кормандони мақомоти масъул якҷоя, дастаҷамъона кули шаҳрвандон барои ободию амнияти миллат меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем.

 

Шоҳин ШАРИФОВ

Previous Post

НАТИҶАИ ЯК МОҲАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Next Post

ТАНТАНАИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАНТАНАИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ТАНТАНАИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj