Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ ХАРОБИОВАРИ ЗАМОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
09.03.2022
in Хабар
0
Мубориза бо терроризм дар партави суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
0
SHARES
80
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Пайомадҳои чан соли охир, ки бо ташаббусу саркории манфиатхоҳони ҷаҳонӣ  дар доираи маҳдуди бархе аз кишварҳо берун омада, вазъи ҳарбӣ-сиёсии минатақаву ҷаҳонро ҳамоно ташвишовару пешгӯйинашаванда нигоҳ медорад, он сокинони аксар давлатҳои сайёраро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст. Бо дарназардошти чунин таҳдиду хатарҳо дар ҳошияи амалигардии воқеии сенарияҳои нав ба нави гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бояд гуфт, ки имрӯз терроризму экстремизм, зиддиятҳои мазҳабию динӣ ва буҳрони пайвастаи сиёсиву иқтисодӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амнияти  кишварҳои рӯ ба тараққиниҳодаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додааст. Ин зуҳуроти харобиовар, ки воқеан, имрӯз хусусияти умумибашариро касб намудааст, набояд дар мубориза бо ин вабои маргбори замон ҳеҷ як давлати мустақилу соҳибистиқлол бетараф бошад, балки ба хотири наҷоти насли башарият аз ин вартаи ҳалокатбор ҳама сарҷамъу иттиҳод ва ҳамфикру якмаром бошанд.

Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза собит месозад, ки проблемаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ, яке аз масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ танҳо дар хамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла, терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудаанд.

Умуман, натиҷаи чунин таъкидҳои пайвастагӣ ва огоҳии саривақтии президенти кишвар буд, ки давоми солҳои охир сафи нафарони майлдошта барои шомил шудан ба ҳайати гурӯҳҳои террористиву даҳшатафкан хело ва хело кам гардида, баръакс ҷавонони худогоҳ муқобили ақидаҳои террористиву экстремитӣ мебошанд ва пайваста амалҳои ноҷавонмардонаи онҳоро маҳкум намуда, омодаанд бар муқобили ин зуҳороти хатарбори замони хеш муборизаи беамон баранд.

Ин нута қобили қайд аст, ки соли сипаригардида зимни ироаи Пайёми набатии хеш ба Маҷлси Олии ҷумҳурӣ, Пешвои миллат бо таъкид изҳор намуданд, ки: “Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд”.  Албатта, барои иҷрои ин вазифаи муҳиму масъулиятнок, ки ҳадафи асосии он таъмини амнияту субот, зиндагии осоиштаи мардум, ҳифзу ҳимояи арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва дигар дастоварду музаффариятҳои миллӣ мебошад, ҳар як фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, низомиёни кишварро зарур аст аз ҳарвақта бештар ҳуёру зирак бошанд ва баҳри иҷрои ин рисолат омодагии худро баҳри дифоъ аз халқу Ватан дар сатҳи баланди касбӣ қарор диҳанд. “Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд”,-дар доираи таъкидҳои пайвастагии хеш изҳор доштанд, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар.

Ҳамин тавр, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, хамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ, саҳми муносиби хешро мегузорад.

БОҚӢ ШАРИФӢ,

рӯзноманигор

 

Previous Post

ҶАЛАСА ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

Next Post

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj