Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛИЮ МИНТАҚАВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.08.2023
in Хабар
0
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛИЮ МИНТАҚАВӢ
0
SHARES
260
VIEWS
Share on Facebook

Дар шароити рушди рузафзуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ баррасӣ намудани моҳияти радикализм, экстремизм ва терроризм метавонад барои шинохти ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Албатта миёни радикализм, ифротгароии динӣ, экстремизму терроризм аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ва сохтору муҳтаво маъниҳои тавъаму мутаносиб мавҷуд аст, ки яке бидуни дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Яъне ҳангоми баррасии падидаҳои мазкур як навъ робитаҳои мантиқӣ мушоҳида мешаванд. Ба ибораи дигар радикализм, экстремизм ва терроризм идомаи мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи яқ занҷираанд ва дар замони муосир ба як хатари пуриқтидори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил гаштаанд. Дар маҷмуъ, радикализм экстремизмро тавлид намуда, онҳо дар якҷоягӣ заминаи асосии пайдоиши терроризм ба шумор мераванд.

Барои муайян намудани иқтидори таҳдиду хатарҳои афзояндаи радикализм, экстремизм ва терроризм ба амнияти миллию минтақавӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама бояд табиату моҳияти падидаҳои мазкур муайян карда шаванд, ки онҳо вобаста ба сатҳи зоҳиршавӣ ҷанбаъҳои идеологӣ-мафкуравӣ, фалсафӣ-психологӣ ва амалӣ дошта, ҳадафҳои муайянро пайгирӣ менамоянд ва ё ҳамчун абзори сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикию геостратегии доираҳои махсус мавриди истифода қарор мегиранд.

Радикализм аз назари маърифатӣ – ин пеш аз ҳама тарзи фикрронӣ ва ё маҷрои андешаронист, ки раванди пайдоиши андеша ва идеяҳои ифротиро дар зеҳну тафаккури шахс ва ё гуруҳи алоҳида фаро мегирад. Шахси радикал бошад, бо сабабҳои гуногун дар зери таъсири идеяҳои ифротӣ қарор гирифтааст. Радикализм метавонад бар хилофи экстремизм, ки амалӣ аст, ғоявӣ бошад. Экстремизм ҳамеша тамоюли мухолиф буда, ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсии кишвар таҳдид менамояд.

 

Экстремизм – ин ҷаҳонбинӣ ва шакли мафкураест, ки ҷанбаъҳои қавии идеологӣ дорад. Экстремизм ҳолати зеҳнию равониест, ки бо андешаҳои солим ва ба афкори ҷамъиятӣ дар муҳити фикрии ҷомеа мухолифати оштинопазир дорад, ки он ба амнияти зеҳнӣ, амнияти миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва суботи сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонад. Асоси фаъолияти экстремизмро радикализм ташкил медиҳад. Экстремизм ба ақидаҳои шадиди радикалӣ асос ёфта, бар зидди ниҳодҳои мавҷудаи давлат ва ҷомеа равона гардидааст.

Терроризм бошад, дараҷаи амалии зоҳиршавии экстремизм буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли сиёсӣ, мавҷудияти давлату миллатҳо ва дар маҷмӯъ аз байн бурдани низоми амнияти миллию минтақавиро ҳадафи хеш қарор медиҳад.

Мутаассифона, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ низ ба дастовардҳои нави илмию техникӣ, интернет ва технологияҳои итиллоотиву коммуникатсионӣ дастрасӣ пайдо намудаанд. Ин ҳолат табиату моҳияти падидаҳои мазкурро дигаргун сохтааст. Махсусан технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, барои паҳну густариши андешаҳои ифротӣ ва идеологияи экстремизм ва ҷалби аъзоёни нав заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Ҳамчунин воқеиятҳои сифатан нави илмию техникӣ дар баробари афзалиятҳои худ ба табиату моҳият ва сатҳи зоҳиршавии терроризм низ таъсири ҳамаҷониба расонида, амалиётҳои тахрибкориро на танҳо дар амалияи ҷамъиятӣ, балки дар фазои маҷозӣ ба роҳ монда, системаҳои соҳавиро ҳадаф карор дода, раванди рушди бомароми кишварҳоро халалдор менамоянд. Дар ин замина, баррасии амнияти кибернетикӣ, таҳдидҳои кибернетикӣ, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар ҷиноятҳое, ки дар натиҷаи рушди бемайлони илму техника пайдо гардидаанд, ба миён омадааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, таҳдиду хатарҳои афзояндаи радикалӣ, экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ, ҷамъиятӣ ва шахсии шаҳрвандони худ эҳсос менамояд. Бидуни шак дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шудани кишвар натиҷаи фаъолияти экстремистию террористии гуруҳҳои алоҳида буд, ки онҳо ҳамчун абзори геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии доираҳои махсус фаъолияти сиёсию илмӣ ва фарҳангию низомӣ менамуданд.

 

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандона, сулҳчӯёна ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз вартаи нестӣ ва буҳрони сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ наҷот ёфта, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намояд.

Террори иттилоотӣ;

Паҳну густариши тафаккури ифротӣ;

Коҳиш додани легитимияти ҳокимияти сиёсӣ;

Вайрон сохтани системаи таъмини амнияти миллӣ;

Вайрон сохтани асосҳои сохтори конститутсионӣ.

Гузашта аз ин, таҳдиду хатарҳои нави замони муосир хислати фаромиллию фаромарзӣ ва фароминтақавӣ дошта, на танҳо ба суботи минтақаҳои алоҳида, балки ба амнияти байналмилалӣ таҳдид менамоянд.

Ин омил бевосита ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиррасон мебошад. Бо назардошти воқеиятҳои мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаву стратегияҳои муқовимат ба экстремизм, терроризм радикализми динию сиёсӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар чаҳорчубаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ амалӣ намуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофии худ ва идома ёфтани рақобати стратегӣ миёни абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ ва атрофи он ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

 

     Баротов Исроил

Корманди Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

«ТОҶИКОН» — ВАСИЛАИ ТАҲКИМБАХШИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
«ТОҶИКОН» — ВАСИЛАИ ТАҲКИМБАХШИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

«ТОҶИКОН» - ВАСИЛАИ ТАҲКИМБАХШИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook