Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.01.2025
in Мақола
0
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР
0
SHARES
71
VIEWS
Share on Facebook

 

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони имрӯза, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин сураъатёбии раванди радикализм, экстремизм ва терроризм маҳсуб меёбад ва амалан он дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон доман паҳн намуда, хатари бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро барои давлатҳои ҷаҳон эҷод менамояд.

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Ҳанӯз ҳам фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва маблағгузории онҳо аз ҷониби ташкилотҳои созмонҳои махсус дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мушоҳида мегардад.

Падидаи номатлуби экстремизму терроризм ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоиҷиабори харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 2024 қайд намуданд “Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.

Ҳамчунин зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро водор мекунад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Маврид ба зикр аст, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботи амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳм мегузорад.

Дар ҳақиқат, терроризм тӯли даҳсолаи охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Айни замон амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти онҳо хеле васеъ гардидааст.

Ҳизбу ташкилотҳои террористӣ кӯшиш карда истодаанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу восита ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳо пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ мебошад.

Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ олами моро тағйир дода, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва сунннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Бо дарназардошти он, ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки худ истифода баранд.

Гурӯҳҳои экстремистӣ барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунонидани ҷавонон ба ғояву ақидаҳои ғаразноки худ аз дини ислом ва мазҳаб, оятҳои Қуръонро нодуруст ва ба манфиати худ шарҳ медиҳанд.

Роҳи дигари аз ҳама зуд паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, яъне интернет мебошад. Чунки ҷавонони ноогоҳ аз надонистани мақсаду мароми гурӯҳҳои иртиҷоӣ фирефтаи суханҳо ва ақидаҳои ғаразноки онҳо шуда, ба доми ин гурӯҳҳо гирифтор мешаванд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи пайравӣ ба ин ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафари дигар мегарданд.

Бинобар ин, ба муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ, ки барои ҷомеа ва мардуми мо бегона мебошанд, мубориза бурда, баҳри пешгирӣ кардани ин хатар байни наврасону ҷавонон чораҳои мушаххаси тарбиявӣ андешидан зарур аст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ аз ҷавонон ҳамчун қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол буданашон ёд оварда қайд карданд, ки “Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофтопарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.

Бинобар ин, ҳар як ҷавони бонанги кишварро зарур аст, дар ҳамбастагӣ ва пайравӣ ба сиёсати дохилии кишвар дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти ватанамон саҳми худро гузоранд. Ҳамчунин, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри нигаҳдошти сулҳу субот ва таъмини амният дар минтақа, бахусус дар Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир накунанд.

 

А. БАҲРИЗОДА,

 Прокурори ҳарбии шуъбаи назорати

таҳқиқ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар

сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

подполковники адлия 

Previous Post

ПЕШГИРӢ АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!

Next Post

РУШДИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РУШДИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ

РУШДИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook