Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Чунин зуҳурот экстремизму терроризм мебошад, ки бо амалҳои ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра таҳдид намуда, дар ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад, ки боиси нигаронии аҳли башар гардидааст.
Аз ин рӯ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохилию хориҷии он пазируфта шудааст.
Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон ба терроризму экстремизм мубориза бурда, пайваста талош менамояд, то ки аз пайомадҳои фоҷиабору харобиовари ин зуҳуроти номатлуб пешгирӣ карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки “мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.”
Дарвоқеъ, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир босуръат пеш рафта истодааст.
Экстремистону террористон бисёр кӯшиш менамояд, ки ба сафҳои худ наврасону ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ҷавонони зудбовару гумроҳ ба осонӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд.
Дастрасӣ доштани аксари сокинони мамлакат ба истифодаи шабакаҳои интернетӣ эҳтимоли маѓзшӯии ҷавонону наврасон ва пайвастани онҳо бо гурӯҳои иртиҷоӣ вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди он ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини ҳамаи мо бояд қарор дошта бошад.
Бояд зикр намуд, ки террористон ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ноил нашаванд ҳам, ҳодисаҳои қатлу куштори мардуми осоишта, бахусус занону кӯдакон гувоҳи он аст, ки аъзоёни ташкилоти террористӣ ба касе раҳму шафқат надоранд ва онҳо қодиранд ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои нопок ва душманонаи худ роҳу усулҳои ҷоҳилона ва мудҳишро алайҳи мардуми бегуноҳ истифода баранд.
Ҳамчунин, дар бисёр мавридҳо ифротгароён амалҳои нопоки худро зери шиорҳои динӣ анҷом медиҳанд, ки ин амалҳои зишти онҳо ба дини мубини ислом ҳеҷ рабте надоранд.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбарҳои сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Воқеан барои террористоне, ки даст ба қатли инсону харобкорӣ мезананд, ягон чизи муқаддасе вуҷуд надорад.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қишри асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд, месазад ба ин афкори бардурӯғу нопоки тундравон фирефта нашаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои муваффақ шудан дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм як қатор чорабиниҳоро таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки он ба таъмини амнияти миллӣ ва рушди босуботи мамлакат мусоидат менамояд.
Барои ноил шудан ба чунин ҳадафу мақсадҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар», Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 2018 тасдиқ карда шудааст ва Стратегия ва Нақшаи амал оид ба амалисозии стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, № 187 тасдиқ карда шудааст, қабул гардиданд. Санадҳои меъёрии зикршуда бояд аз тарафи тамоми қишри ҷомеа мавриди риоя ва иҷро қарор дода шаванд.
Дар ин замина чораҳои андешидаи субъектҳои бевоситаи ба терроризм муқовиматкунанда ва фаъолияти самарабахши дигар сохторҳо то андозае натиҷаҳои мусбӣ дода, теъдоди аъзо ва ҷонибдорони иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ дар қаламрави кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Новобаста аз ин, бархе аз шаҳрвандон ба Ватану миллати худ хиёнат карда, гумроҳу фирефтаи ақидаҳои бегона шуда, ба гуруҳҳои тундрави ифротгаро пайваст мешаванд.
Ҷавонони кишвар ҳамчун зодаи даврони соҳибистиқлолӣ бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба гуруҳҳои мамнӯъ экстремистиву террористӣ, ки онҳо аз номи дини ислом истифода бурда, барои амалисозии ҳадафҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳ ҷониби худ ҷалб мекунанд, муборизаи беамон баранд.
Пешгирии шомилшавӣ ба гуруҳҳои тундраву ифротгаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси миллат буда, ақидаҳои ба халқи тоҷик бегона дар байни мардум бояд пурра аз байн бурда шавад.
Дар шароити имрӯза вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат-аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиѓи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки 24-уми декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид. Дар қонуни мазкур мафҳуми «Ватан» чунин шарҳ дода шудааст: «Ватан-Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд». «Ватандӯстӣ бошад, муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан мебошад». Муҳимтарин ва мукаддастарин рисолати ҳар як шаҳрванди бонангу номус ин дарки масъулияти ватандорӣ аст.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ нишон медиҳанд, ки гаронтарин ва муқаддастарин дороӣ барои ҳар як инсон ин Ватан аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 ба мардуми кишвар хусусан ҷавонон муроҷиат намуда ба маврид таъкид карданд, ки «Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.
Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
Таъкидҳои хирадмандонаву воқеъбинонаи зикршудаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишвар, аллахусус хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ водор месозад, ки нисбат ба ин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурда, гирифтори ақидаҳои нопоку тундравӣ гуруҳҳои экстремистию террористӣ нашуда, ба неъматҳои бузург, яъне сулҳу субот, дӯстию ваҳдати халқҳои Тоҷикистон, фаъолияту меҳнати созанда, зиндагии шоистаи мардум ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон арҷ гузоранд.
Мо ҳам бояд таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаю бунёдкорона атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид шуда, баҳри ободию пешрафт ва баланд бардоштани нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи хешро гузорем.
А. ҲОМИДОВ,
полковники адлия