Дар толори Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо ибтикори масъулин оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии ин навъи қушӯн оид ба пешгирии хатари паҳншавии зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм чорабинии ҳарбӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масъулини дахлдори самти огоҳонӣ ва пешгирии ин падидаи манфӣ, аз ҷумла намояндагон аз Кумитаи давлатии телевизион ва радио, Маркази Исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Шӯрои собиқадорони Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки имрӯз терроризму экстремизм ҳамчун хатари сартосарӣ ва глобалӣ эътироф гардида, пешгирӣ ва мубориза бо он аз ҳар як фарди ин Ватан зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиро тақозо мекунад.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз вазъи кунунии ҷаҳони имрӯза ёдоварӣ гардида, аз ҳамаи афсарон даъват ба амал оварда шуд, то дар роҳи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамеша далеру ҳушёр бошанд ва бо азму иродаи устувор баҳри адои хизмати содиқона ба Ватан кӯшиш намоянд.
Дар ҷамъбаст, меҳмонони чорабинӣ бо тӯҳфаҳои хотиравии раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ қадрдонӣ гардиданд.
Масрур ФАЙЗИЕВ