Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ-ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
04.12.2024
in Мақола
0
ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ-ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА
0
SHARES
54
VIEWS
Share on Facebook

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд».

 Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм зуҳуроти манфӣ ва падидаи номатлуби ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Он падидаи бисёр хатарнок буда, таърихи чандинасра дорад. Аммо амалкарди он дар ҷаҳони муосир ба маротиб пурхатару даҳшатноктар аст. Он характери байналмилалӣ касб намудааст. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно омадааст:

  1. Ба маънои «тарс», «даҳшат»;
  2. Ба маънои «предмети тарс», «ваҳмандозандаи ҳолат».

Заминаҳои пайдоиши терроризм дар ҷаҳони муосир омилҳои гуногунро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо ҷараёни бошиддат ҷаҳонишавии (глобализатсия) сиёсии дунёи муосир буда, ба соҳаҳои дигар аз қабили тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои миллӣ таъсири худро расонида, онҳоро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он хислати манфӣ дошта, ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Вижагии дигари таъсири манфии терроризм дар он аст, ки ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Чун ба таърихи масоили баррасии маҳфуми терроризм ва пайдошиши он назар меафканем фикру андешаҳои гуногунро дар хусуси он мушоҳида мекунем.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хурофотпараст ва тундрави дин ҳануз дар дунёи қадим ба миён омада буд. Далели ин гуфтаҳо пайдоиши мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ мебошад. Аниқтараш дар асри 18 калимаи «террор» аз ҷониби олимони фаронсавӣ таҳти омӯзиш қарор дода шуда, истилоҳи  «teror»-ро ҳамчун «даҳшат» эътироф намуда, қайд карданд, ки даҳшатро дар таркиш, сӯхтор ва тирпаронӣ дидан мумкин аст. Дар охири асри 19 аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳум «террор» ва «терроризм» муайян карда шуда, онро дар кушодани ду мафҳуми алоҳида маънидод намудаанд, яъне:

  1. «Террор»-ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.
  2. «Терроризм» — даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки ин мафҳумро васеътар намудааст.

Дар замони муосир террористон ақидаҳои ғалату ифротии худро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Дар ин росто, мубориза бо ин равияи бисёр хатарноку даҳшатафкан аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта пурзур мегардад, махсусан таҳлилгарони сиёсӣ. Онҳо ба он ақидаанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз ҷиноят ва амалҳои террористиву ифротгароӣ таъсири амиқи воситаҳои ахбори умум аст.

Воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир василаи тавоноӣ, ташаккул, паҳн гаштан ва умуман, инкишофи маданияти оммавӣ гардидаанд. Инкишофи шуури ҷамъиятиро бе иштироки фаъоли воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан ғайриимкон аст. Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки ВАО ба мафкураи мардум сахт таъсиррасон мебошад. Ногуфта намонад, ки андешаҳои номатлуби баъзан шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷомеа таъсири бад мерасонад ва ин мизон он аз ҷониби гурӯҳои терористӣ истифода мешавад.

Аз худ намудан ва таҳлилу баррасии ҳамаи ахбороти олам фақат тавассути воситаҳои ахбори умум имконпазир гаштаанд..

Имрӯзҳо гурӯҳҳо, ташкилотҳо ва ашхоси алоҳидаи мансуб ба гурӯҳи террористӣ пайваста мекӯшанд, ки фикру ақидаи мардумро бо ғоя ва ғаразҳои нопоки худ дигаргун сохта, ба ҳамин тарз ҳадафу манфиатҳои ботил ва ҷоҳталабонаи худро амалӣ созанд.

Дар чунин раванди ҳассоси сиёсӣ моро зарур аст, ки ҳамаи донишу маърифат ва малакаву таҷрибаи худро баҳри монеъ шудан ба паҳншавии ин падидаи номатлуб равона созем ва нагузорем, ки чунин ақоиди нопоку бад ба тафаккури ҷомеаи кишвари мо таъсири манфии худро расонад.

Алишери АБДУЛМАҶИД,

устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Previous Post

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВИЖАГИҲОИ ОН ДАР ТАШАККУЛ ВА УСТУВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook