Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

Терроризму ифротгароӣ — амали поймолсозандаи номуси миллӣ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
06.08.2021
in Хабар
0
Терроризму ифротгароӣ — амали поймолсозандаи номуси миллӣ
0
SHARES
116
VIEWS
Share on Facebook

Баъд аз амали террористии санаи 11 сентябри соли 2001 рухдода дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, яъне ҳанӯз 20 сол кабл масъалаи мубориза бо терроризм яке аз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста шуда, он ҳамчун як мавзӯи меҳварӣ дар мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст. Дар ин баробар созмонҳои умумиҷаҳонию минтақавӣ низ пас аз ҳодисаи зикргардида як самти афзалиятноки фаъолияти кориашонро баҳри мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ равона намуда, дар ин росто кӯшишҳои ҳадафмандонаро бар манофеи амнияту суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба харҷ додаанд. Вале, ин нукта ташвишовар аст, ки бархе аз қудратхоҳони ҷаҳонӣ амалҳои тахрибкоронаву ғайриинсонии ташкилотҳои террористиву экстремистиро то ҳанӯз бар манфиатҳои геопалитикиву геостратегии худ истифода бурда, бо ноором намудани вазъ дар ҳудуди давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон, аҳолии осоишта ё худ мардуми бегуноҳро қурбони бозиҳои сиёсии хеш мегардонанд.

Аз ин ҷост, ки терроризму ифротагароӣ ҳамчун як хатари вусъатёбандаи замони муосир домани васеъ паҳн намуда, террористону ифротгароён бошанд имрӯз зиёда аз 100 мамлакати дунёро ҳадафи амалҳои харобкорнаи хеш қарор додаанд, ки он боиси ноамниву ночорӣ ва камбизоатии аҳолии осоишта гардидааст.

Чунин қазияи ба амал омада дар бархе аз мамолики сайёра ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмону ташкилотҳои сулхоҳ ва абарқудратҳои ҷаҳониро водор месозад, ки ҷиҳати ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ ҳамфикр ва якдилу якмаром бошанд, то ки садди роҳи чунин беадолатиҳои ҷангҷӯёни ифротӣ дар минтақа ва ҷаҳон гарданд. Дар ин маврид Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зимни баргузории ҳамоишу конфренсияҳои байналмилалии сатҳи баланд бо таъкидҳои нишонрас иброз намудаанд, ки: “барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод, ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зиччи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад.”

Агар бо назари таҳлилу андешаҳои амиқ ба вазъи ҳарбӣ-сиёсии имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, алалхусус Ҷумҳурии исломии Афғонистон нигарем баръало эҳсос менамоем, ки ҳанӯз ҳам ин давлат дар авҷи даргириҳо ва иҳотаи алангаи оташи сӯзони террористон ё худ ҷосусони хориҷӣ қарор гирифта, мардуми азияткашидаи афғон бори вазнини ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаро бар дӯш доранду гирифтори азоби басо ҳам сангини ҷисмониву рӯҳӣ мебошанд. Аз ҷумла, пас аз хуруҷи нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон ва тасарруф гардидани қисмати шимолии сарҳади Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз ҷониби ташкилитҳои террористии дар ин кишвар мавҷуд буда, муқовимат бар муқобили ҳаркатҳои террористиву экстремистӣ зарурияти бештарро ба худ касб намуд ва ин воқеаи сиёсӣ ба давлатҳои соҳибистиқлоли минтақа ва ҷаҳон як ҳушдоре буд, то ки амнияти давлату миллати хешро дар ҳолати зарурӣ ва ҳангоми таҳдиди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ дошта тавонанд.

Имрӯз коршиносон омилҳои зиёди таҳдиду хатарҳо ва таъсиррасонӣ ба мафкурраи инсонҳоро аз ҷониби террористону ифротгароён дақиқан пешгӯйи менамоянд, ки аз ҷумалаи онҳо таъсири хатарҳои идеологӣ, сиёсӣ ва фазосозии гурӯҳҳои ифротгарову иғвоангези террористӣ мебошад. Ва ҳамагонро аз ин се омили таъсиррасону таҳдидовар ҳушдор намуда, бо таъкид огоҳ месозанд, ки ҳар як фарди ҷомае, алалхус ҷавононро зарур аст ҳушёру зиррак бошанд, то ки худро фирефтаи ақидаҳои носолим ва ғаразноку пардапӯшонаи нафарони гумроҳу бадхоҳи насли башарӣ насозанд. Тавре Пешвои миллат қайд кардаанд: “яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкорнаи онҳо маҳсуб меёбад.”

Ин ҳама таъкидҳои пайвастагии Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумат ва коршиносону равшанфикрон дар ҳолест, ки аз ҳар вақта бештар имрӯз вазъияти ҷаҳони муосир, алалхусус давлати бо мо ҳаммарзи Афғонистон ба тадриҷ ҳассосу ташвишовар боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос ва некбини кишварро зарур аст, ки дар қатори ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат баҳри муқовимат бар зидди терроризму экстремизми сиёсӣ ва дар ин замина таъминаи амният дар хати сарҳади давлатӣ ҳамеша омода бошанд. Зеро, сарҳади давлатӣ саргаҳи номуси миллат аст. Ва бояд Қувваҳои Мусаллаҳи мо, сарҳадбонон ва ҳар як фарди солимақли ҷомеа нагузоранд, ки ягон ғосибе қадами нопоки худро ба марзи муқаддаси сарзамини аҷдодиамон гузошта, номуси падару модар, зану фарзанд ва хоҳарони моро поймол созад!

                                                                    Боқӣ Шарифӣ,

рӯзноманигор

 

 

 

Previous Post

ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Next Post

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМӢ ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМӢ ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМӢ ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook