Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам, ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, кормандони Дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷамъомад саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, бунёди рукнҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими соҳаи мудофиа таъкид гардид.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус дар соҳаи низомӣ, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки барои таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон зимни сухани табрикотӣ Истиқлоли давлатиро яке аз дастовардҳои бузурги таърихи давлатдории миллӣ ва муқаддастарин арзишҳои миллӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам Истиқлолиятро заминаи асосии пешрафту рушди кишвар арзёбӣ намуда, Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таъмини амнияту суботи мамлакат, сипари устувору боварибахш арзёбӣ кард.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони низомии Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он барои хизмати содиқона ва саҳмгузорӣ дар таъмини суботу оромӣ, инчунин ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ рутбаҳои навбатии ҳарбӣ дода шуда, онҳо бо медалҳои ҷашнӣ, нишонҳои сарисинагии Вазорати мудофиа, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.






