Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.11.2024
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ
0
SHARES
200
VIEWS
Share on Facebook

Ҳамасола дар саросари кишвар 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад. Ҷамъомади тантанавӣ ба ин муносибат дар Вазорати мудофиаи мамлакат чун оини доимии низомиён бо даровардани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардид.

Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ, хизматчиёни ҳарбиву кормандони ғайринизомии Дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар оғози ҷамъомад зикр карда шуд, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими соҳибистиқлолӣ ва давлатдории муосири мо ба ҳисоб рафта, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷиистон мебошад. Парчами давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳои муқаддасест, ки дар он истиқлол, ваҳдат ва осудагии миллату давлат таҷассум меёбад. Дар воқеъ, ин рамзи муқаддас нишони бақои миллат, давлат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва яке аз беҳтарин воситаҳои тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таъриху фарҳанг маҳсуб меёбад.

Баромадкунандагон бо ёдоварӣ аз таърихи пурғановати ниёгонамон қайд карданд, ки аз аҳди бостон Парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерӯбахшу ҳидоятгари он ба пирӯзӣ ба шумор мерафт. Фориғ аз сафкашию ҳарб Парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд, ки ин анъана то ба имрӯз боқист. Хушбахтона, дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо соҳиби Артиши миллии худ гардид ва ин нерӯйи пуриқтидор имрӯз ҳимоятгари марзу буми Ватан ва тамоми дастоварду музаффариятҳои миллӣ мебошад. Бо шарафу ифтихор тамоми чорабиниву ҷамъомадҳои низомӣ бо даровардани Парчами давлатӣ оғоз мегардад. Ҳамчун рамзи пойдориву сарсупурдагӣ дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ Байрақи ҷангӣ дар ҷойи муайян ва бо тартиби хос нигоҳ дошта мешавад.

Умуман, қайд кардан ба маврид аст, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиаи мамлакат, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, Раёсатҳои навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии тобеи онҳо ҷамъомади тантанавӣ, конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ ва фарҳангиву варзишӣ баргузор гардиданд.

Дар охири ҷамъомад ба намояндагони дастаҳои варзишӣ, ки ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишӣ ғолиб гардида буданд, Ҷом ва ифтихорнома супорида шуд.

Боқӣ ШАРИФӢ

Previous Post

МУҚОВИМАТ БО ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook