Дар Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки ин ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти расму анъанаҳои аҷдодӣ дониста мешавад.
Чорабинӣ бо ҳунарнамоии ҳайати оркестри созҳои нафасӣ дар фазои тантанавии идона оғоз гардида, баъдан иштирокдорон ба ҷониби боғи наврӯзӣ раҳсипор гаштанд.

Дар доираи чорабинӣ хонҳои анъанавии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» бо завқи баланд ва ҳунару маҳорати зебоипарастӣ ороста шуда, намоиши таомҳои миллии тоҷикӣ, ки маҳсули дасти сарбозони ин полк буданд, идомабахши барномаи идона гардид. Тазаккур бояд дод, ки анъанаи оростани дастархони наврӯзии «Ҳафтсин» ва»Ҳафтшин» аз давраҳои қадим то ба имрӯз идома дошта он ҳамчун рамзи асосии таҷлил аз ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, ташкили дастаҳои ҳунарӣ ва пешниҳоди барномаҳои ҷолиби консертӣ, иҷрои суруду таронаҳо аз ҷониби сарбозон ба чорабинӣ шукӯҳи дигар зам намуда, таҷассумгари дӯстиву рафоқат, ваҳдат ва ҳамбастагӣ миёни онҳо буд.

Сипас, роҳбарияти Полк дар назди ҳозирин, афсарону сарбозон ва волидайни онҳо суханронӣ намуда, аз аҳамияти таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун мероси таърихиву фарҳангии ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Маҳз бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ва берун аз он Наврӯзро ботантана ҷашн мегиранд ва бо расму русуми миллӣ таҷлил мекунанд. Дар фарҷом, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодатмандӣ ва барору комёбиҳо таманно намуд.

Чорабинии идона бо барномаи рангини суруду таронаҳои ҷашнӣ ва ҳунарнамоии аҳли санъат, ки баҳри болидахотирии хизматчиёни ҳарбӣ омода гардида буд, ҷамъбаст гардид.





