Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
06.09.2025
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
223
VIEWS
Share on Facebook

Ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд.

Нахуст вазири мудофиа ҳамаи иштирокчиёни ин ҳамоишро бо фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику муборакбод намуда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳама самту соҳаҳои давлатдорӣ, махсусан соҳаи низомӣ бо хушнудӣ ёдовар шуд.

Дар ин ҷамъомади тантанавӣ ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ, кормандони Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бо рӯҳияи баланди идона ва садоқати ватандӯстона ширкат намуданд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои басо мушкил вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандони он гузошта шуда буданд, ки сарбаландона иҷро карда шуданд.

Зимни ҷараёни чорабинии ҷашнӣ дар ҳузури низомиёни кишвар бо хушнудӣ зикр карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат ва мардуми Тоҷикистон ба хизмати софдилонаву ватандӯстонаи афсарону сарбозон, яъне фарзандони далеру ҷасур ва ѓайюру шуҷои миллат имрӯз ҳам ифтихор мекунанд ва боварӣ доранд, ки мо хизматчиёни ҳарбӣ қарзи фарзандӣ ва рисолати ҷавонмардии худро дар назди давлату миллат минбаъд низ содиқона ба ҷо меорем.

Албатта, эътимоду боварии Роҳбари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардорем, инчунин намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошем.

Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ зимни сухани табрикотии худ Истиқлолу озодиро сарманшаъи ҳамаи хушбахтиҳо, амалигардии орзуву ормонҳои миллӣ ва роҳи расидан ба ҳадафҳои бузургу созанда маънидод карда, қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун рукни асосии давлатдории мустақили миллӣ ва такягоҳу пуштибони Истиқлоли давлатӣ дар таъмини амнияту субот ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ нақши асосӣ дорад.

Дар робита ба сиёсати иҷтимоии давлату Хукумат ва дастгириҳои пайвастагии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад қайд гардид, ки аз соли 1993 то инҷониб қариб 600 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ва аъзои оилаи онҳо бо хонаи истиқоматӣ таъмин гардида, Ҳукумати кишвар бо инобати имкониятҳои ҷойдошта ҷиҳати давом ёфтани ин иқдоми нек тадбирҳои дахлдор амалӣ намуда истодаанд.

Ҳамин тавр, дар қисмати дигари ҷамъомади тантанавӣ барои хизматҳои софдилона, саҳмгузорӣ дар суботу оромии ҷомеа ва ба муносибати 34-умин солгарди Итиқлоли давлатӣ як қатор хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он, аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофтоҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ин нукта маврид ба зикри хос аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 700 нафар афсарону прапоршикон ва сарбозони Вазорати мудофиа барои шуҷоату ҷасорат, хизмати бенуқсон бо мукофотҳои давлатӣ, 5 нафар бо унвонҳои фахрӣ ва 95 нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, ба ифтихори ҷашни соҳибдавлативу истиқлоли комили миллӣ дар фазои тантанвӣ ҳайати шахсӣ бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, медалҳои ҷашнӣ, нишони сарисинагии Вазорати мудофиа ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Илҳом АЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

капитан

Previous Post

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА МАРДУМИ АФҒОНИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА МАРДУМИ АФҒОНИСТОН

КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА МАРДУМИ АФҒОНИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ЕРМЕК КОШЕРБАЕВ

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ЕРМЕК КОШЕРБАЕВ

16.02.2026
БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

16.02.2026
МУСОБИҚАИ БИСЁРҲАРБА  БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

МУСОБИҚАИ БИСЁРҲАРБА БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

15.02.2026
МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА»

МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА»

15.02.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook