17 – уми феврал ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ҷашнии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши идона муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Саидасрор Абдуллозода, ҳайати шахсии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа», кормандон ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.

Сараввал паёми табрикотии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода ба муносибати рӯзи таъсисёбии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» ба ҳозирин расонида шуд.
Сипас сардори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдулмумин Давлатзода роҷеъ ба таъсисёбӣ ва самтҳои фаъолияти муассиса суханронии муфассал намуд.

Мавфсуф зикр намуд, ки бо иқдому ташаббуси Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Муассиса тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тайёрии тодаъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешбурди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ таъсис дода шудааст.
Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чуноне, ки аз номи ин ниҳод бармеояд, мададгори мудофиаи Ватан буда, дар таҳкими иқтидори дифоии кишвар рисолати хос ба зимма дорад.

Мактабҳои муттаҳидаи техникӣ ва автомобилии тобеи муассисаи мазкур ҳамчун манбаи бо сарбозони соҳибихтисос таъмин намудани ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ то имрӯз ин рисолати муқаддасро софдилона иҷро намуда истодаанд. Хатмкардагони муассисаҳои таълимии он дар сафи ниҳодҳои низомии кишвар адои хизмат доранд.
Имрӯзҳо даҳҳо клубҳо ва маҳфилҳои авиатсионӣ, варзишӣ — техникӣ, тирандозӣ, мотосиклронӣ, картингронӣ ва авиамоделизм дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар ихтиёри наврасону ҷавонон қарор доранд, ки барояшон мактаби мардонагиву ҷасорат гардидааст.

Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираву имкониятҳои кадриву зеҳнӣ, заминаи таълимию пойгоҳи моддӣ — техникӣ, таҷрибаву анъанаҳои пуршараф ба мададгори воқеии мудофиаи Ватан, мактаби тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстии насли наврасу ҷавон — муҳофизони ояндаи ин марзу буми муқаддас ва ниҳоди тарғибгари афкору андешаи ватанхоҳӣ мубаддал гардидааст.
Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони Муассиса дар таъмини мудофиаи Ватан масъулияти хос ба зимма доранд. Аз ин нигоҳ ин сохтори ҳарбиро мададгори мудофиаи Ватан ва созмони мудофиавӣ ном мебаранд.

Раванди баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – даъват ба хизмати ҳарбӣ собит менамояд, ки сол то сол нақши муассисаи мо дар омода намудани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ва ҳамин тавр саҳм гузоштан дар иҷрои нақшаи даъват баландтар шуда истодааст.
Имрӯз дар назди ҳайати шахсии муассиса вазифаҳои нав истодаанд, ки он аз ҳайати шахсӣ масъулиятшиносӣ ва садоқати касбиро талаб менамояд.

Зеро тайёрии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ — ватанпарастии наврасон, омода намудани аҳолӣ ба мудофиаи Ватан, ташкилу гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ – мудофиавӣ ва варзишӣ вазифаи муқаддас ва бошараф аст.
Собиқадори муассиса полковники мустаъфӣ Муҳаммадраҷаб Мусамиров дар идома суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии муассиса табрик намуд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ афсарон ва кормандони фаъоли муассиса бо медал ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.






