Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ МАМЛАКАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.11.2024
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ МАМЛАКАТ
0
SHARES
170
VIEWS
Share on Facebook

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Вазорати мудофиа тибқи қавоиди доимии низомиён таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ, бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.    

Дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати мудофиа ва муовини раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар назди хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти ин санаи бисёр муҳими таърихӣ ва нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон ибрози андеша карданд. Дар ин радиф қайд карда шуд, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мардуми хуштолеъи Тоҷикистони азизро роҳбари раиятпарвару ватандӯсте насиб гардонид, ки бо такя ба хиради халқи сулҳпарвару соҳибтамаддунаш ва кирдору амалҳои некаш, ба муноқишаҳои дохили хотима бахшад, мардуми парешонгаштаро муттаҳид намояд, сулҳу ваҳдатро пойдор нигаҳ дорад, тамоми рукнҳои давлатдориро барқарор сохта, вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии тамоми табақаҳои ҷомеаро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшид.

Бо ёдоварӣ аз таъриху тамаддуни давлатдории кишварҳои қудратманди минтақа ва ҷаҳон, зикр карда шуд, ки ҳар як миллату халқият барои ноил гардидан ба Истиқлолияти комил, давлату ҷомеа, пешрафту тараққиёт ва иттиҳоду сарҷамъии миллату халқашон, аз нерӯву тавоноии шахсиятҳои таърихиву барҷаста, ба мисли Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар марҳалаҳои бисёр мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намудаанд, истифода менамоянд ва чунин шахсиятҳо дар болоравии обрӯву мақоми давлатдориашон нақши муҳим мебозанд.

Дар охири ҷамъомад ба намояндагони дастаҳои варзишӣ, ки ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи тирпарронӣ ғолиб гардида буданд, Ҷом ва ифтихорнома супорида шуд.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиа, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, навъи қӯшунҳо ва дар дигар ҷузъу томи ин ниҳоди қудратии мамлакат низ конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки  дар он намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, олимону сиёсатмадорони маъруфи ҷумҳурӣ ва аҳли зиёи кишвар иштироку суханронӣ карда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати навини тоҷикон, таҳкиму тақвият бахшидани Артиши миллии он ва рушди давлатдорӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Дар ҳама ҷамъомаду чорабиниҳои тантанавӣ, бо эътимоду боварӣ ва изҳори сипосу миннатдорӣ таъкид карда шуд, ки мо хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ, аз сарбози қаторӣ то афсарони олирутба ба савганди ёдкардаи хеш доимо содиқ монда, вазифаи муқаддаси худро дар назди ҳалқу Ватан ва сарвари давлат бо ҳисси ифтихору масъулияти баланд адо хоҳем кард.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

 

 

Previous Post

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ-САДОҚАТ БА ВАТАН

Next Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook