Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.11.2023
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
231
VIEWS
Share on Facebook

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи мамлакат, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат ва афсарону сарбозони ҷузъу томи Артиши миллӣ як қатор ҷамъомаду чорабиниҳои тантанавӣ ва конфронсҳои илмӣ-назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардиданд.

Дар робита ба ин ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиа тибқи қавоиди доимии низомиён бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.    

Дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати мудофиа ва намояндаи Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти ин санаи бисёр муҳими таърихӣ ва нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон ибрози андеша карданд. Дар ин радиф қайд карда шуд, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, мардуми хуштолеъи Тоҷикистони азизро роҳбари раиятпарвару ватандӯсте насиб гардонид, ки бо такя ба хиради халқи сулҳпарвару соҳибтамаддунаш ва кирдору амалҳои некаш, ба муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшид, мардуми парешонгаштаро муттаҳид намуд, сулҳу ваҳдатро пойдор нигаҳ дошт, тамоми рукнҳои давлатдориро барқарор сохта, вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар, худшуносиву худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии тамоми табақаҳои ҷомеаро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшид.

Бо ёдоварӣ аз таъриху тамаддуни давлатдории кишварҳои қудратманди минтақа ва ҷаҳон, зикр карда шуд, ки ҳар як миллату халқият барои ноил гардидан ба Истиқлолияти комил, давлату ҷомеа, пешрафту тарақиёт ва иттиҳоду сарҷамии миллату халқашон, аз нерӯву тавоноии шахсиятҳои таърихиву барҷаста, ба мисли Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар марҳаллаҳои бисёр мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намудаанд, истифода менамоянд ва чунин шахсиятҳо дар болоравии обрӯву мақоми давлатдориашон нақши муҳим мебозанд.

Ба муносибати таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиа ва Донишкадаи ҳарбӣ низ дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори Артиши миллӣ» ва «Нақши мактаби сиёсии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдорӣ» конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардиданд, ки дар он намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, олимону сиёсатмадорони маъруфи ҷумҳурӣ ва аҳли зиёи кишвар иштироку суханронӣ карда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати навини тоҷикон ва таҳкиму тақвият бахшидани Артиши миллии он баланд арзёбӣ намуданд.

Дар ҳама ҷамъомаду чорабиниҳои тантанавӣ, бо эътимоду боварӣ ва изҳори сипосу миннатдорӣ таъкид карда шуд, ки мо хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ, аз сарбози қаторӣ то афсарони олирутба ба савганди ёдкардаи хеш доимо содиқ монда, вазифаи муқаддаси худро дар назди ҳалқу Ватан ва Сарвари давлат бо ҳисси ифтихору масъулияти баланд адо хоҳем кард.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Next Post

САВГАНДИ ҲАРБӢ – ЛАҲЗАИ ХОТИРМОНИ САРБОЗӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САВГАНДИ ҲАРБӢ  – ЛАҲЗАИ ХОТИРМОНИ САРБОЗӢ

САВГАНДИ ҲАРБӢ – ЛАҲЗАИ ХОТИРМОНИ САРБОЗӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook